Истирдоди майори фирорӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон

Мақомоти интизомии Қирғизистон як муфаттиши собиқи тоҷикро, ки ба шиканҷаву бадрафторӣ муттаҳам мешуд, ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Шуҳрат Шамсиддинов, майори милиса ва муфаттиши собиқи Раёсати умури дохилӣ дар вилояти Суғд, ки баъди як соли фирор дар қаламрави кишвари ҳамсоя дастгир шуд, моҳи ноябр истирдод шудааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки масъалаи истифода аз шиканҷаро ҷиддӣ мегиранд ва ҳар нафар ки ба ин амалкарди ғайриқонунӣ роҳ диҳад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

"Ба шиканҷаву бадрафторӣ муттаҳам мешавад"

Дар ин бора як манбаъ дар мақомоти интизомӣ рӯзи 26-уми декабр ба Радиои Озодӣ хабар дод. “Ӯро чанде пеш ба Хуҷанд бозпас фиристоданд ва ҳоло дар боздоштгоҳи рақами 2 дар шаҳри Хуҷанд нигаҳ дошта мешавад”, – гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Мақомоти интизомӣ афсари собиқро “ба шиканҷаву бадрафторӣ, боздошти ғайриқонунӣ” муттаҳам мекунанд. Ба гуфтаи манбаъ, бар иловаи ин, Шуҳрат Шамсиддинов бояд барои фирор ҳам ҷавоб бидиҳад.

"Майори фирорӣ дар Бодканд пинҳон шуда буд"

Шуҳрат Шамсиддинов ба он муттаҳам мешавад, ки соли 2017 баъди дастгир кардани Комил Хоҷаназаров, сокини 31-солаи ноҳияи Ашт бо ду муфаттиши дигар ӯро азобу шиканҷа дода, маҷбур кардаанд, ки иттиҳоми узвият дар Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро эътироф намояд. Баъди ифтитоҳи парванда ба зидди майори милиса ӯ аз кишвар фирор кард.

Як манбаи дигар дар Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ҳам истирдоди Шуҳрат Шамсиддиновро дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард ва гуфт, муфаттиши собиқ дар ин муддат дар вилояти Бодканд пинҳон шудааст. Ба қавли мусоҳибони Радиои Озодӣ, Шуҳрат Шамсиддинов, ки корманди собиқи милиса аст, бар асоси қоида, аз боздоштшудагони дигар алоҳида нигаҳ дошта мешавад.

Раҳим Хоҷаназаров, бародари Комил Хоҷаназаров, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки гумонбар ба шиканҷаи бародарашро аз Қирғизистон ба Тоҷикистон овардаанд. Радиои Озодӣ мунтазири посухи Додситонии кулли Қирғизистон дар бораи истирдоди Шуҳрат Шамсиддинов ба Тоҷикистон аст.

Ҳукми ду нафар дар робит ба марги Хоҷаназаров

Маркази ноҳияи Ашт

Маркази ноҳияи Ашт

Комил Хоҷаназаров, фарзанди яке аз кормандони додгоҳ дар ноҳияи Аштро тобистони соли 2017 дастгир ва баъд аз чанд рӯз озод карданд. Баъди раҳоӣ аз боздошт, Комил Хоҷаназаров дар як сабти садоӣ нақл кардааст, ки муфаттишон ҳангоми бозпурсӣ ӯро азобу шиканҷа додаанд. Комил Хоҷаназаров, ки баъд аз чанд муддати раҳоӣ худро кушт, дар навор гуфтааст, ки муфаттишон ҳатто таҳдид карданд, ки ӯро таҷовуз мекунанд.

Баъди ошкор шудани навор мақомоти Тоҷикистон ба зидди Латифҷон Юлдошев – муфаттиши собиқи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва Муҳаммад Наимов – корманди пешини шуъбаи амният дар ноҳияи Ашт ва Шуҳрат Шамсиддинов парвандаи ҷиноӣ боз кард. Ду нафар дастгир шуданд ва майори милиса фирор кард.

Баъдан моҳи июн Латифҷон Юлдошев ва Муҳаммад Наимов бо гуноҳи шиканҷа ва боздошти ғайриқонунӣ мутаносибан ба 13 ва 12 соли зиндон маҳкум шуданд.

Шиканҷа ва бархӯрди мақомот

Масъалаи истифода аз шиканҷа барои эътирофи иттиҳом дар Тоҷикистон масъалаи доғ боқӣ мемонад. Эътилофи мубориза бо шиканҷа гуруҳи иборат аз чандин созмони ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон соли гузашта бо нашри як гузорише аз ҷумла гуфт, ки танҳо дар 6 моҳи соли 2017 ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон 24 нафар муроҷиат кардаанд. Аз миёни онҳо 9 нафарашон хешовандони муттаҳамон ба ҷиноят будаанд ва аз шиканҷа шудани наздиконашон хабар додаанд.

  •  
  • Муаллифони гузориш, аз ҷумла, дар мавриди навъи шиканҷаҳое, ки нисбат ба ҷабрдидаҳо раво дида шудааст, чунин менависанд: “Латту кӯб бо бастани дасту пой, гузоштани қувваи барқ ба зери нохунҳои ангуштони дастон ва қисмати байни пойҳо, зарбаҳо ба қисмати сар, рехтани об, задани зарба ба гурда ва шикам, задани зарба тариқи гузоштани китоб ба қисмати шикам ва фарқи сар, задани зарба ба қисмати рӯй, ки дар натиҷаи чунин амалҳо бинни шикаста шуд”.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки масъалаи истифода аз шиканҷаро ҷиддӣ мегиранд ва ҳар нафар ки ба ин амалкарди ғайриқонунӣ роҳ диҳад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон моҳи майи имсол гуфт, ки дар соли 2017 ва се моҳи соли 2018 дар робита ба истифода аз шиканҷа ва бадрафторӣ 7 парвандаи ҷиноӣ боз карда ва 5 парвандаро ба додгоҳ фиристодааст. Ҳафт корманди мақомоти интизомиро барои чунин рафтор ба зиндон маҳкум кардаанд.

www.ozodi.org