Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Қарори ёрдамчии прокурори ноҳияи Шоҳмансур дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бекор карда шуда, Прокуратураи шаҳри Душанбе аз рӯи аризаи корманди созмони байналмилалӣ дар Душанбе санҷиш мегузаронад. Дар ин бора намояндаи корманди созмон хабар дод.
Дилшод Ҷӯраев қаблан иттилоъ дода буд, ки як нафар корманди созмони байналмилалӣ дар Душанбе барои бекор кардани қарор дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе шикоят бурдааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамзамон, нусхаҳои шикоят ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии кишвар низ барои маълумот ирсол гардидаанд. Тибқи иттилои намояндаи шахси ҷабрдида, прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳангоми санҷиши аризаи шахси ҷабрдида шоҳидони асосӣ пурсида нашудаанд, далел аз китоби қайди муроҷиаткунандагон дар шуъбаи неврологии беморхонаи марказии ҷумҳуриявӣ дар мавриди ҷароҳати ҷисмонӣ талаб карда гирифта нашудааст, диск бо сабти видеоро ба эътибор нагирифтаанд ва инчунин, ба санади тадқиқоти тиббӣ-судии №7720 аз санаи 3-юми октябри соли 2016 аҳамият ва баҳои ҳуқуқӣ дода нашудааст.
Пеш аз ин намояндаи ҷабрдида хабар дода буд, ки Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур далели айби кормандони ШВКД ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар латукӯби корманди созмони байналмилалӣ дар Душанберо дарёфт накарда, оғоз кардани парвандаи ҷинонятиро аз рӯйи ин ҳолат санаи 20-уми октябри соли 2016 рад намудааст.
Сухан дар бораи латукӯби сокини шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милиса дар доираи амалиёти «Нелегал»-и 2-юми октябр меравад. Оид ба ин ҳолат қаблан Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ки ҷабрдида ба он муроҷиат кардааст, хабар дода буд.
Ба гуфтаи Дилшод Ҷӯраев, Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур аризаи сокини Душанберо дар хусуси он, ки кормандони милиса ғайриқонунӣ ба хонааш даромада, ӯро латукӯб кардаанд, рад намуд. «Прокуратура ариза дар мавриди оғоз намудани парвандаро ба он хотир рад кард, ки тасдиқи далели мазкурро натавонист дарёфт кунад»,- гуфт Ҷӯраев Д.
Қаблан, сухангӯи ВКД Умарҷони Эмомалӣ ба «АП» хабар дода буд, ки ҳанӯз ҳам ҷабрдида дар ин маврид ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат накардааст. «Мо намедонем, ки ин милисаҳо кистанд ва оё милиса ҳастанд ё не. Зан ба мо дар мавриди ҳолати мазкур боре ҳам муроҷиат накардааст»,- гуфта буд сухангӯи ВКД.
Ёдовар мешавем, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар изҳороти худ навишта буд, ки рӯзи 2-юми октябр дар Душанбе кормандони милисаи ноҳияи Шоҳмансур корманди 34-солаи созмони байналмилалиро латукӯб кардаанд.
«Ба гуфтаи ӯ, воқеа ҳангоми рейди тафтиши шиносномаҳои шаҳрвандон, аввали моҳи октябр, дар доираи амалиёти «Нелегал» рух додааст. Зан бо чанд нафар корманди милиса рӯ ба рӯ мешавад, вақте ки онҳо аз дари ҳуҷрааш медароянд. Ҳамчун соҳибхона, ӯ кӯшиш мекунад вазъро равшан созад ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод мекунад. Аммо кормандони милиса бо тасдиқи он, ки ҳоло дар меҳмонии ӯ шаҳрвандони хориҷӣ қарор доранду шиносномаҳояшон бояд санҷида шавад, ба ҳуҷра ворид шуданро идома медиҳанд»,- хабар дода буд торнамои Эътилоф.
Ҷабрдида кӯшиш кардааст амали кормандони милисаро дар телефони мобилиаш сабт намояд, аммо чун ӯ ва меҳмононашро ба ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансур мебаранд, шадидан латукӯб мешавад.
Боздоштшудаҳоро дар он ҷо зиёда аз 4 соат нигоҳ медоранд. Ниҳоят, онҳоро бо гирифтани забонхат, ки нисбаташон ягон шикоят надоранд, нисфи шаб раҳо мекунанд.