Қарори суд оид ба ҷубронпулии нокофӣ ба қувваи қонунӣ даромад: 6 ҳазор сомонӣ барои шиканҷае, ки то худкушӣ расонид

20-уми марти соли 2020 коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Тоҷикистон қарори Суди ҳарбии гарнизони Душанберо дар бораи қисман қонеъ намудани даъвои волидони К. Х., ки дар натиҷаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона даст ба худкушӣ задааст, бетағйир мононд. Адвокатҳо ба маблағи таъингардида дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ розӣ нестанд ва ният доранд, ки ба коллегияи ҳарбии Суди Олии ҶТ шикояти назоратӣ пешниҳод намоянд.

Даъво оид ба ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 600 ҳазор сомонӣ аз ҷониби адвокатҳои волидони нафари фавтида нисбати Вазорати корҳои дохилии ҶТ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ пешниҳод гардида буд.

Ҷавобгарон дар эътирози худ ҷуброни зарари маънавиро аз ҳисоби нафарони гунаҳгор талаб карданд. Ба андешаи онҳо, ниҳодҳое, ки нафарони маҳкумшудаи то худкушӣ расонандаи сокини 31-солаи ноҳияи Ашт онҷо кор мекунанд, барои зарари расонидаи кормандонашон ҷавобгар нестанд.

Ёдовар мешавем, сокини 31-солаи ноҳияи Ашт таҳти шиканҷа нишондоди худиқрорӣ дод, ки дар фаъолияти ҳаракати сиёсии мамнуъ дар ҳудуди кишвар иштирок кардааст. Ӯ инчунин муқобили як қатор шахсон шоҳидӣ додааст.

Фишорҳои равониву ҷисмонӣ ва азоби виҷдонро бардошт накарда, К. Х. даст ба худкушӣ зад, аммо пешакӣ муроҷиати видеоӣ сабт карда, дар он муфассал тасвир намуд, ки бо ӯ чӣ рух дод ва кадоме аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбаташ муносибати бераҳмонаву шиканҷаро истифода бурдааст. Аз К. Х. ҳамсар ва ду кӯдаки хурдсол мондаанд.

Аз рӯйи далели марги К. Х. бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд се нафар корманди ниҳодҳои болозикр ба муҳлатҳои дароз бо иҷрои ҷазо дар колонияи низомаш пурзӯр ва бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти касбӣ маҳкум гардиданд.

Бо матлаб метавонед муфассалтар дар торнамои мо - http://notorturetj.org ва саҳифаҳои иҷтимоиямон шинос шавед:

Дар Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Дар Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Дар Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Дар Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Дар Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Дар Теллеграмм: http://t.me/notorturetj

Дар Инстраграмм: notorture.tj

NoTorture.Tj