Ҳимоятгарони ҳуқуқ аз қарори суд, ки хатои Прокуратураи генералиро «наёфт», шикоят карданд

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон» ва адвокат Абдураҳмон Шарипов бо қарори суди зинаи аввал розӣ нашуда, рўзи чоршанбе, 4-уми июл ба коллегияи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ пешниҳод карданд.

Ёдовар мешавем, Суди ноҳияи Синои пойтахт аризаи ҳимоятгарони ҳуқуқро, ки дар он оид ба бекор кардани қарори Прокуратураи генералӣ дар бораи барои тафтишоти иловагӣ фиристодани парвандаи ҷиноятӣ аз рўи далели марги Исмонбой Бобоев ба Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ дархост мешуд, қонеъ накард.

Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон 7-уми августи соли 2017 мулоҳизоти худро оид ба парвандаи мазкур ба Ҳукумати Тоҷикистон барои иҷроиш фиристод. Дар он зикр мешавад, ки «аз марги писари Ҷўрабой Бобоев зиёда аз ҳафт сол гузаштааст, вале ҳолатҳои дақиқи марг ҳанўз маълум нест ва мақомоти давлати узв шахсони ба ин қазия алоқамандро ҳанўз айбдор надониставу ба ҷавобгарӣ ҷалб накардаанд».

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон» ва адвокат Абдураҳмон Шарипов, ки оид ба парвандаи Исмонбой Бобоеви дар соли 2010 ҳангоми боздошт дар РМЗҶМ-и Суғд дар натиҷаи шиканҷа фавтида баромад мекунад, бо ариза муроҷиат намуда, дар бораи иҷроиши мулоҳизоти Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон, аз сар гирифтани тафтишот ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб намудани гунаҳгорон дархост карда буданд.

«Прокуратураи генералӣ муроҷиати ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон» ва адвокат Абдураҳмон Шариповро дар бораи аз сар гирифтани тафтишот қонеъ намуд, аммо бо нақзи қонун парвандаро ба раёсати тафтишотии ВКД ҶТ фиристод,- мегўяд Шарипов. Барои ҳамин, қарор дода шуд, ки оид ба хатои Прокуратураи генералӣ ба Суди ноҳияи Сино муроҷиат карда шавад. Мутаассифона, суд ин аризаро беқаноат мононд.

Судяи Суди ноҳияи Сино Мирзо Одиназода дар қарори худ аз 28-уми июни соли 2018 зикр мекунад, ки Прокуратураи генералӣ ба ягон хатоӣ роҳ надодааст.

NoTorture.Tj