Қиссаи №12: Шаҳбол Мирзоев

Дар муқоиса бо дигарон, тақдири ӯ баландӣ кард. Баъди «чашидан»-и таҳқирҳо дар хизмат ва бардоштани ҷароҳатҳои вазнин, ӯ зинда монд. Бале, ҳоло дар бистари беморист ва пайвандонаш рӯзе ду соат дар аробаи маъюбӣ мегардонандаш, аммо ӯ зинда аст! Бале, ӯ маъюб аст ва кӯмаки маъюбии ночизе дарёб мекунад, ки шаъну эътиборашро паст мезанад, аммо зинда аст! Ва ӯ ба ояндаи беҳтар умед мебандад, дар машқҳои ҳаррӯзааш комёб мегардад, танҳо чизе, ки метавонад ба худ раво бинад. Табибон пешгӯӣ мекунанд, ки ду сол баъд ӯ метавонад мустақилона ба пой хезад.

Қиссаи Шаҳбол Мирзоев, сарбози навдаъватшудаи оддӣ, ки дар қисми низомии Тоҷикистон хизмат мекарду ба муносибати бераҳмонаи ҳамхизмати аз рӯи рутба калонаш дучор гардид, бисёриҳоро ба ҳайрат овард.

Аллакай зиёда аз ду сол гузашт, аммо ӯ то ҳоло он рӯзи сиёҳро, ки ба туфайлаш то имрӯз дар беморхона мехобад ва боз муддати дароз табобат хоҳад гирифт, ба ёд меорад.

Соли 2013 Шаҳбол Мирзоеви 22-сола мехост баъди хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи тиҷоратии Хуҷанд дар нуқтаи гумрукии фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ба кор дарояд, вале барои ин бояд як сол дар артиш хизмат мекард. Ҳамин тавр, ӯ ихтиёрӣ ба хизмат рафт. Шаҳбол барои хизмат ба қисми таълимии қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон афтод, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир аст. 7 моҳи хизмати ҳарбӣ чун як рӯз гузашта рафтанд. Моҳи марти соли 2014 фаро расид. Рӯзҳои сарду шадиди зимистон паси пушт монданд, дар пеш - камтарак роҳи дигар ва «дембел». Вале ҳамааш дар як лаҳза тағйир ёфт.    

6-уми март Шаҳбол бо дарди тоқатфарсои дандон бедор шуд ва ба нуқтаи тиббии қисми низомии 2620-и ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат кард. Мувофиқи фарзияи расмӣ, он рӯз фелдшер Усмон Ғайратов, ки навбатдор буд, ба ҷои расонидани кӯмак ӯро ба масхара кашид ва талаб намуд, ки амали пастзанандаи эътибори инсон барои сарбозони ҷавонро иҷро кунад. Шаҳбол вокуниш нишон надод ва хост гузашта равад, аммо фелдшер ӯро дошт ва бо зӯрӣ аз болои сараш гузаронидаву ба замин партофт… Табибон дар ӯ шикастани муҳраи панҷуми сутунмуҳра, осеби ҳароммағз ва чанд аъзои дигари бадан, вайроншавии вазифаҳои пайвандҳои рон ва роҳҳои пешобгузарро ташхис карданд. Дар пеш на «дембел», балки ҳуҷраҳои бемордорӣ, ҷарроҳиҳои зиёд, дардҳои тоқатфарсо ва аробаи маъюбӣ зоҳир шуд.

Кадом вақте Шаҳбол баҳодур буд.....

Падари сарбози маъюб баъд аз ҳодиса ҳамоно бо мактуби расмӣ ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки тафтиши парвандаи мазкурро таҳти назорати шахсии худ гирад ва онҳое, ки нисбати писараш таҳқирро раво дидаанд, ҷазо гиранд.

Шояд мактуби мазкур таъсир бахшид, ки 14-уми марти соли 2014 Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе нисбати Усмон Ғайратов бо моддаи 373, қисми 2-и КҶ ҶТ (вайрон кардани қоидаҳои муносибати оинномавии миёни хизматчиёни ҳарбӣ дар сурати набудани тобеият байни онҳо) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Баъдан ба ин як моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ - 127, қисми 1 (зери хатар гузоштан) зам шуд.

Дар оғози моҳи июни соли 2016 мурофиа баргузор гардид. Усмон Ғайратов ба сӯйистифода аз вазифаҳои хизматӣ ва вайрон кардани қоидаҳои муносибати оинномавии миёни хизматчиёни ҳарбӣ айбдор дониста шуд. Ҳамроҳ бо ӯ дар курсии айбдорӣ фелдшери нуқтаи тиббии қисми низомии мустақар дар ноҳияи Рӯдакӣ Гулрухсор Ширинова менишаст, ки ба бемасъулиятӣ гунаҳгор дониста шуда буд, чун дар рӯзи рух додани ҳодиса ҷойи корро худсарона тарк кардааст.

Дар суд шоҳидон аз ҳисоби ҳамхизматони Шаҳбол Мирзоев далели аз ҷониби фелдшер Ғайратов латукӯб шудани сарбозро тасдиқ карданд. Духтури Маркази миллии тиббӣ Музаффар Наҷмиддинов бошад, дар рафти мурофиаи судӣ нақл кард, ки Шаҳбол Мирзоев дар лаҳзаи ба беморхона оварда шуданаш дар ҳолати хеле вазнин қарор дошт ва шонси зинда мондани мизоҷони гирифтори чунин ҷароҳатҳо 1 бар 100 аст.

19-уми июни соли 2014 Суди ҳарбии гарнизони Душанбе Усмон Ғайратовро ба 9 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Ба Гулрухсор Ширинова, навбатдори нуқтаи тиббӣ бошад, 1,5 сол корҳои ислоҳӣ бо нигоҳ доштани 15%-и музди меҳнат таъин карда шуд. Вале авфи охирин ба муносибати 20-солагии Конститутсияи ҶТ дар нисбати ин судшудаҳо татбиқ гардид. Муҳлати ҷазои гунаҳгори асосии фоҷиа 3 сол кам карда шуда, ба 6 сол расид. Ширинова бошад, пурра авф шуд.

Дар ҳаёти Шаҳбол тӯли ду соли барои ӯ дурудароз чӣ рух дод? Ҳуҷраҳои бемории беохир - аввал дар Маркази миллии тиббӣ, баъд дар бунгоҳи тиббии назди Маскав, ки волидонаш барои ҷарроҳӣ намудан бо маблағи аз фурӯши хонаи Ашташон ба даст омада бурда буданд, баъдан хатари нав - пневмония ва эҳёгарӣ дар беморхонаи вилоятии Суғд, ҳоло бошад, дармонгоҳи табобати физиологии вилоятӣ.

Баҳори соли 2015 Суди ҳарбии гарнизони Душанбе қӯшунҳои сарҳадиро муваззаф кард, ки ба оилаи Шаҳбол барои ҷуброни зарари моддӣ 100 ҳазор сомонӣ ва барои зарари маънавӣ 20 ҳазор сомонӣ пардохт намояд. Бале, ин маблағ бо хароҷоте, ки аллакай карда шудааст, мутобиқ нест. Гузашта аз ин, Шаҳбол то ҳол ҳамин маблағҳоро низ гирифта наметавонад - 6-уми августи соли 2015 Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ҳалномаро бекор кард ва парвандаро барои аз нав дида баромадан ба Суди ҳарбии Душанбе фиристод. Ба гуфтаи падари Шаҳбол - Нуъмон Мирзоев, суд ба бунгоҳи тиббии назди Маскав бо хоҳиши пешниҳод кардани чек ва ҳуҷҷатҳое, ки масрафоти ҷарроҳӣ ва табобати сарбозро тасдиқ намоянд, дархост фиристод.

Мо Шаҳболро як рӯзи июнии соли 2016 хабар гирифтем. Ҳуҷраи бемордорӣ дар дармонгоҳи табобати физиологии вилоятӣ, ки ӯ қариб як сол боз онҷо қарор дорад, баъди фурӯхтани моликияташон дар Ашт акнун хонаи дуюм, ҳатто якум барои оилаи Мирзоевҳо ҳисоб меёбад. Болои миз тамоми ашёҳо меистанд, дар канораш печкаи барқӣ ва яхдон, кати хоби дуюм барои наздикон, ки бо навбат Шаҳболро нигоҳубин мекунанд, дар девор телевизор, дар худи ҳамин ҳуҷра ҳаммом ва баромадгоҳ ба айвон.

Шаҳбол ҷонибамон табассум кард ва ҳатто нимхез шуд. Ман аксҳои ӯро чанд моҳ пас аз фоҷиа дида будам. Он вақт аз аксҳо ба ман ҷавони беҳад лоғар менигарист. Чунинашро ман овони кӯдакӣ дар аксҳои қурбониҳои Освентсим дида будам. «Пеш ӯ ҷавони боқувват буд. 82 килограмм вазн дошт,- ба гап медарояд модари ӯ Зайтуна Мирзоева.- Баъди ин ҳодиса аз ӯ чизе боқӣ намонд, аввал ҳудуди 50 килограмм вазн дошт. Ана, ҳоло ҳарчӣ набошад, 6-7 килограмм вазн гирифтааст».

Зиеда аз ду сол аст, ки у бистарӣ мебошад

Дар ҳақиқат, ӯ аллакай беҳтар ба назар мерасад, табассум мекунад, гап мезанад, ба пойҳояш ҳис даромадааст, рӯзе то ду соат дар аробаи маъюбӣ нишаста метавонад.

Инак, ҳоло низ Шаҳболро бо кӯмаки бародару модар ба аробаи маъюбӣ шинонданд, то дар айвон аз ҳавои тоза нафас кашад. «Одатан мо аробаро дар гирду атрофи дармонгоҳи табобати физиологӣ мегардонем. Сайругашти мо дар як рӯз то ду соат давом меёбад»,- мегӯяд Мирзо, бародари Шаҳбол. 

Сарфи назар аз он, ки ҳаёташ дар як лаҳза тағйир ёфт, Шаҳбол руҳафтода нашуд. «Ман ба гунаҳгорон кина намегирам,- мегӯяд Шаҳбол.- Онҳо аллакай ҷазояшонро гирифтанд. Ҳоло аз ҳама муҳим ин аст, ки ман ба пой хезам».

 

Мақола дар доираи лоиҳаи «Фаъолият оиди ҳифзи шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон» бо кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо  омода  шудааст.  Фикру  мулоҳизаҳои  дар  МАҚОЛА  овардашуда,  инъикосгари ақидаҳои  Иттиҳоди Аврупо настанд. 

 

 

 

 

NoTortureTj.Org