Қиссаи №3: Сафаралӣ Сангов

Моҳи марти соли 2011 хабар дар бораи марги сокини 37-солаи шаҳри Душанбе Сафаралӣ Сангов тамоми кишваро ба изтироб овард. Воситаҳои ахбори оммаи мустақил ҳамон вақт хабар доданд, ки Сангов дар маркази миллии тиббии “Қараболо” баъди чор рӯзи аз шуъбаи корҳои дохилии №1 ноҳияи Синои пойтахт дар ҳолати беҳӯшӣ ва бо ҷароҳатҳои сершумори ҷисмонӣ ба он ҷо оварданаш вафот кард.

Ба тасвир кардани манзараи фоҷианокӣ ҳамон рӯз нақлҳои хешовандони Сангов шоҳидони ҳодисае, ки бештар ба лаҳзае аз филми мудҳиш монанд буд, ёрӣ расонданд. Рӯзи аввали баҳор  1-уми  март буд, ба ҳавлии хонаи онҳо якчанд нафар дар либоси муқаррарӣ зада даромаданд ва Сафаралиро ба лату куби ӯ оғоз карданд. Онҳо бе пешниҳод кардани амри хаттӣ на барои кофтуков ва на барои ба хабс гирифтан, ӯро кофтуков карданд. Шахсони номаълӯм, ки яке аз онҳо шаҳодатномаи корманди милитсияро нишон дод, ягон чизеро пайдо накарда, ба дастони Сафаралӣ дастбанд андохтанд ва ӯро ба мошин тиққонда бо худ бурданд.

Хешовандони сарсону ҳаросонидашудаи Сафаралӣ, ки онҳо низ аз амалҳои ба ном муҳофизони тартибот зарар диданд, дар ҷояшон шах шуда монданд. Ҳамчунин ҳамсоягон ва кормандони мағозаи дар паҳлуи хона қарордошта шоҳидони тасодуфии ҳодисаи рӯйдода шуданд.

Вазъиятро Сарвинози нозуктан-зани Сафаралӣ ба дасти худ гирифт. Ӯ таксӣ нигоҳ дошта, аз ронандаи он хоҳиш кард, ки аз паси жигули “07”-и бо суръати баланд бо шитоб гузаштарафта ҳаракат кунад. Он мошини жигулиро дар назди шуъбаи милитсия пайдо кардаанд. Дар он ҷо зан таксиро ҷавоб дод.

Дар шӯъбаи корҳои дохили яке аз кормандон ба Сарвиноз гуфт, ки шавҳари ӯро бо як килограмм героин дастгир карданд. Ба чунин далели дастгиркунӣ бовар накарда, Сарвиноз худро ба даст гирифт ва ба шавҳараш хӯроки дар саросемагӣ тайёркардаашро гирифта овард, ӯ медонист, ки баъди амалиётӣ ҷарроҳии ба қарибӣ аз сар гузаронида шавҳараш ба риоя кардани низоми ғизо зарурат дорад. Ӯ кушиш кард ба кормандони милитсия фаҳмонад, ки ба Сафаралӣ хӯрок хӯрданаш зарур аст, аз онҳо хоҳиш кард, ки хӯрокро ба ӯ расонанд вале ҳамаи кӯшишҳо бефоида буданд. Баъд аз чанд вақт ба вай хабар доданд, ки Сафаралӣ барои авбошӣ дастгир шудааст ва ба наздикӣ ӯро ҷавоб медиҳанд. Андаке осуда шуда, зан ба хона баргашт, ногоҳ шиносон ба ӯ занг заданд ва хабар доданд, ки ҳангоми пурсиши Сафаралӣ бемории эпилепсияаш хурӯҷ кардааст, ва ӯро ба беморхона бурданд.

Сарвиноз якҷоя бо дигар хешовандон шитобон ба Қараболо меравад ва дар он ҷо аз духтурон мефаҳмад, ки шавҳари ӯ дар ҳолати беҳӯшӣ дар реаниматсия (шӯъбаи наҷотдиҳӣ), пайваст ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор дорад.

Тасодуфан ба як гӯши Сарвиноз гуфтугӯи духтурон мерасад, онҳо мегуфтанд, ки Сафаралӣ “тамоми узвҳои баданаш шикастаанд, дар баданаш ҷойи обод нест”. Яке аз онҳо изҳор намуд, ки банду буғӯми кос, сутунмӯҳра ва бинии беморӣ нав овардашуда шикастаанд, дигараш гуфт, ки ӯро дар ҳолати вазнин аз истеъмолӣ миқдори аз ҳад зиёди маводи нашъа оварда буданд. Тавре, ки баътар маълӯм гардид, натиҷаҳои ташхис барои муқаррар кардани мавҷудияти маводи нашъа дар хуни ӯ манфӣ баромадаанд.

Сарвиноз дар назди тирезаи беморхона истод, илтиҷо мекард, ки Худо ба Сафаралии ӯ мадад расонад. Дар наздикии худ овозҳои одамонеро шунид, онҳо бо шавқу завқ ва бо як саргармие муҳокима мекарданд, ки чӣ тавр онҳо бо мушту лагад ба вай зарбаҳо мезаданд. Бодиққат гӯш карда, ӯ фаҳмид, ки сухан дар бораи лату кӯб кардани Сафаралӣ меравад, ва одамоне, ки дар наздикии палатаи шӯъбаи эҳёгарӣ (наҷотдиҳӣ) аз ин тафсилот лаззат мебурданд, ҳамон кормандони милитсия буданд, ки шавҳари ӯро ба ҳабс гирифта буданд...

Рӯзи дуюм аҳволи Сафаралӣ беҳтар шуд, ӯ чашмонашро кушод, вале тавре, ки маълӯм гардид, беҳбудӣ кӯтоҳмуддат будааст. Андаке, Сарвиноз бо фикри бӯҳрон паси сар шуд, нафаси худро рост карда буд, ки пагоҳии 5 март кормандони тиббии беморхона ба ӯ хабари мулҳишро расонанд-Сафаралӣ вафот кард. Хешовандон Сарвинозро аз зери дастонаш гирифтаанд, ӯ ҳис мекард, ки замин аз зери пояш меравад, дар сараш суханони духтур акси садо медоданд; “Сафаралӣ вафот кард”. Андаке ба худ омада, зан марҳумро диданӣ шуд, вале кормандонии милитсия дар наздикӣ буда, даромадгоҳ ба палатаи терапияи интенсивиро бастанд. Дар ин муддат ҷасади Санговро аз тариқи баромадгоҳи дигар пинҳонӣ аз хешовандон ба мурдахона (морг) барои чок кардан бурданд. Баътар ҷасади ӯро барои дафн кардан ба хешовандон супорданд.

Дар муддати он чанд соате, ки байни дастгир кардани Сангов ва бо ҷароҳатҳои сершумори ҷисмонӣ ба беморхона ба шӯъбаи реаниматсия бурдани ӯ чӣ рӯй доданаш мумкин буд? Хешовандони ӯ боварӣ доранд, ки дар шӯъбаи милитсия ӯро таҳти лату кӯби бераҳмона ва шиканҷа қарор додаанд.

Версияи мухолифро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карданд. Сангов гӯё худкуши карда бошад, ӯ худро дар бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ аз зинапоя партофта, бо сараш ба девор бархӯрдааст. “Ба ӯ муяссар гардид, ки худро халос кунад ва аз ошёнаи дуюм худро берун партояд, ва баъди он, ки ӯро дастгир карда, ба кабинет дароварданд, дубора халос шуд ва сараш ба девор зад, ки ин боиси ҷароҳатҳои марговар гардид”, -изҳор намуд прокурор дар суд.

Яъне, мақомоти расми хамаро тавре шаҳр доданд, ки Сангов дар марги худ худаш гунаҳгор буд, гуноҳи кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ танҳо дар он аст, ки дуруст назорат накардаанд.

Маросими дафн ва маъракаҳои аввалини ёдбуд гузаштанд, 11 март акнун аллакай зани бевамондаи марҳум Сангов шаҳодатномаи аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии ташхиси (экспертизаи) тиббии судии Вазорати тандурустӣ додашударо, ки бо ҳамон рӯз санагузорӣ шуда буд,гирифт. Хулоса дар асоси экспертизаи тиббии судие, ки дар мурдахона (морг) гузаронида шуда буд, дода шудааст.

Дере нагузашта прокуратураи ноҳияи Сино аз рӯи далели вафоти Сангов парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд ва ба ду корманди шӯъбаи корҳои дохили Сино 1- ба сарваколатдори оперативии шӯъбаи кофтукови ҷиноятӣ Абдураҳмон Ёқубов ва Қодир Ҳасанов барои хунукназарӣ айбнома пешҳод намуд. Идораи ҳуқуқӣ инсон ва роияи қонуният, созмони ҳифзи ҳуқуқи Amnesty international (Афви Байналмиллалӣ) ва як қатор дигар ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ҳукуматдоронро ба тафтишотӣ дақиқӣ ҳодисаи мазкур таъмин намудани тафтишоти судии мустақил, беғараз ва одилона ва ҷазо додани шахсони гунаҳкор даъват карданд. Вале дар асл чунин баромад, ки муфаттиш бо ҳар тавр ҳалли ягон масъаларо кашол медод, дархостҳои адвокат ва тарафи ҷабрдидаро қабул намекард. Адвокат маҷбур буд талаб намояд, ки парвандаи ҷиноятӣ барои тафтиши минбаъда ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба прокуратураи шаҳри Душанбе супурда шавад. Дар натиҷа парванда барои тафтишӣ минбаъда ба прокуратураи пойтахт супурда шуд. Вале моҳи июни соли 2012 парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ёқубов ва Ҳасанов дар асоси санади афви умумӣ (бахшиши ҷазо) қатъ карда шуд.

Сарвиноз бисёр вақт соли 1993- ро ба ёд меорад, ҳамон вақт ӯ навакак омӯзишгоҳи касбии техникиро хатм карда буд ва ба маркази тиҷоратии аз ҳама бунуфузи пойтахт –фурушгоҳи марказии (ЦУМ) ба таҷрибаомӯзӣ мерафт. Хоҳари Сафаралӣ онҳоро ба ҳамдигар шинос кардан хост. Ин насибу тақдир будааст, мегӯяд Сарвиноз, ӯ бо як дидан ба Сафарали ошиқ шуд. Сафаралӣ низ аллакай ҳаёти худро бе Сарвиноз тасаввур карда наметавонист. Дере нагузашта онҳо тӯй караданд, ки дар он меҳмонон ба наварӯсон зиндагии якҷояи хушбахтона ва умри дароз орзу карданд...

Соли 1996 дар оилаи онҳо писар таваллуд шуд-Суннатулло. Ҳоло ӯ дар коллеҷи алоқа дар курсӣ якум таҳсил мекунад. Онҳо духтар орзу мекарданд, ва бинобар ин ҷияни худ Фирӯзаро аз хурдсоли ҳамчун фарзанди худ калон кардаанд. “Дар оилае, ки як кӯдак ҳаст барои дигараш ҳам ризқ пайдо мешавад”, -гуфта, ҳамсарон ҳардуи онҳоро бо навозишу ғамхории якхела фаро мегиранд.

Сарвиноз нақл мекунад, ки оилаи  онҳо калон буд, ва ҳамаи ташвишҳои хӯронидани хешовандон дар гардани Сафарали будаанд, падару модари пиронсол буданд ва дар оила аслан ғайри ӯ каси дигар кор намекард. Гуруснагӣ намекашидем, вале рӯзҳое буданд, ки камарро сахт бастан лозим меомад.

Як муддат Сафаралӣ дар трести манзил дар шаҳри Душанбе кор мекард. Вале кораш омад накард, ва ӯ дам нагирифта, саломатии худро дареғ надошта дар ҳама чиз сарфаҷӯи намуда, кор мекард. Тамоми рӯз дар сохтмон кор мекард, бегоҳи бошад шитобон ба нонвойхона рафта хамир мешӯрид. Ҳар моҳ мунтазам ба хона пӯл мефиристод, медонист, ки умеди оила танҳо ба ӯ буд. Ҳатто роҳашро ёфта тини зиёдатиро ҷамъ мекард ва бо имконияти аввалин фавран ба хабаргирии ҷигарбандони худ меомад.

Вале чунин низоми бешавқатонаи кор ва сарфаҷӯӣ дар ҳама ба саломатии ӯ таъсири худро расонидаанд. Сафаралӣ бо проблемаҳои меъда рӯ ба рӯ гардид, соли 2005 ӯ барои ҳамеша ба Тоҷикистон баргашт, барои амалиёти ҷарроҳӣ гузаронидан ба беморхона хоб кард, баъди ҷарроҳи духтурон иҷрои корҳои вазнинро ба ӯ қатъиян манъ карданд. Бо вуҷуди ин ӯ бекор нишаста наметавонист, ҳамеша дар “довуғеҷ” буд: гоҳ таксӣ меронд, гоҳ бо дигар кор машғул мешуд.

Сафаралӣ якҷоя бо занаш Сарвиноз зиёда аз як сол дар мағоза кор кард, ҳар рӯз аз соати 8 субҳ то 11 шаб, бе рӯзҳои истироҳат. Вале мағозаро барҳам доданд ва Сафаралӣ дубора сари чанбараки (рули) мошин нишаст ва таксиронӣ мекард.

Як бегоҳӣ ба сари Сарвиноз фикр омад-чӣ мешавад, ки агар бизнеси (тиҷорати) худро кушоем, ва дигар аз ҳеҷ кас вобаста надошта бошем? Сафаралӣ ӯро дастгирӣ намуд, як утоқи хонаи худро онҳо ба дукончаи тиҷоратӣ табдил доданд, ки дар он ҳар хел майдаю чуйда мефурӯхтанд ва “хот-догҳои”ба ҳама писандомадаро тайёр мекарданд.

Корҳо оҳиста-оҳиста ба боло рафтанд, вале, баъди як сол соҳибкорони навкор бо проблемаҳо рӯ ба рӯ шуданд: гоҳ сардори милитсия қитъавӣ (участковий) “ҳақ) талаб ндоз фишор меоранд, гоҳ дигарон...Баъд Сарвиноз низ касал шуд. Сафаралӣ маҷбур шуд дуконро ба иҷора диҳад. Ташкил кардани тиҷорат онҳора ба қарзҳои хӯрд кашид, ва онҳо наметавонистанд корро партоянд.Сарвиноз бо табассуми нозук ба ёд меорад: “Ӯ ҳамеша ба ҳама ба қадрӣ тавоноӣ ёрӣ мерасонад. Беғаразона кӯмак мекард, бар ивазаш чизеро интизор намешуд. Ба касе зиён намерасонид . Ӯ ба ман ба тамоми оила хеле вафодор буд: Баъдан “шом” (намози шом) ба ҳеҷ куҷое намерафт, ва ҳатто агар аз хона берун баромаданӣ мешуд, огоҳ мекард. Ӯ ҳамеша дар канори оила будан ва якҷоя вақт гузарониданро нағз медид”.

Сӯҳбати мо ба ҳар ҳол ба он рӯз, 1 марти соли 2011 дахл кард. “ Як рӯзи муқаррарӣ буд, ноништа кард ва ба ҳавлӣ баромад. Ман аз паси ӯ баромада дидам, ки ӯ мошин мешӯяд. Мошини худро ӯ “арусак” меномид. Вақте, ки ман аз вай пурсидам, ки дар ин барвақтӣ ва хунукӣ мошин шустан чӣ лозим, ӯ ҷавоб дод, ки мехоҳад “арусакӣ” худро бо дигар мошин иваз кунад, мошинро шуста шуда, вай гуфт, ки барои савдо меравад ва аз ман хоҳиш кард, ки то баргаштани ӯ об тайёр (гарм) кунам, ӯ омада оббозӣ мекунад ва ба рӯзи таваллуди ҷияни худ меравад. Мо доим ба он ҳайрон мешудем, ки Сафаралӣ ҳамеша рӯзҳои таваллуди ҳамаи хешовандон ва наздикони моро дар хотир дорад, ва ҳеҷ вақт табрик кардани онҳоро фаромуш намекард. Тақрибан соати 9 саҳар вай ба мошини худ савор шуда рафт. Тавре, ки ҷияни мо Маҳина ба ман гуфт, андаке баъдтар пас аз он, ки Сафаралӣ рафт, ба хонаи мо Қувваталӣ-хеши дури мо, ки ба тонировкаи мошинҳо машғул буд омада аз Маҳина пурсидааст, ки Сафаралӣ дар куҷо аст. Ӯ ба вай ҷавоб додааст, ки Сафаралӣ дар мошини худ ба куҷое рафт. Он гоҳ Қувваталӣ аз Маҳина хоҳиш кардааст,ки ба касе нагӯяд, ки ӯ ба хонаи мо омада буд ва Сафаралиро пурсида буд”, -мегӯяд Сарвиноз.

Дар ин муддат, Сафаралӣ дар бозор мошини тамғаи “Леганза”-и худро ба “Опел” иваз мекунад. Вале “Опел” дар ҳолати гашт набуд, ва Сафаралӣ ба ҷияни худ телефон карда, хоҳиш мекунад, ки ба назди ӯ равад ва мошинро кашола (ядак) карда, ба таъмиргарӣ мошин бурда расонад. Якҷоя бо ҷиян онҳо мошинол ядак карда расониданд, баъди ин Сафаралӣ ҳис кард, ки ӯ гурусна аст. Вай ҷияшанро даъват кард, ки ба хонаи мо даромада ягон чиз хӯранд, вале ӯ кори фаврӣ дорам гуфта, рафт. Сафаралӣ пиёда рафта истода, нақшаҳои минбаъдаи худро фикр мекард, ҳамин лаҳла аз парк Қувваталӣ мебарояд ва бо гапҳои дар бораи он, ки шишаҳои мошини навро ҳатман сиёҳ кардан зарур аст, гаранг мекунад.Сафаралӣ аз ӯ ҳамчун аз пашшаи хира халос шуд, ва ба назди хона расида, ҳамсояҳоро дид. Аз рӯи анъанаи шарқӣ аз ҳолу аҳвол ва корҳои онҳо пурсон шуд. Аз фурсат истифода карда, Қувваталӣ дуртар шуда ба касе телефон карда хабар дод, ки “Вай дар инҷо аст”. Баъди чанд лаҳза якбора якчанд кас дар либоси муқаррарӣ ҳамла карда, Сафаралиро печонда гирифтани шуданд. Вай худро халос карда, ба ҳавлии хонаи худ давид, ин шахсони номаълум ӯро дарёб карда лату кӯб кардан ва гирифта бурданд...

“Дар бораи он, ки баъд чӣ шуд, Шумо аллакай медонед”,ғамгинона гуфт Сарвиноз, ашкҳои худро ба зӯр нигоҳ дошта. Вале, аз афташ  хотираҳо ҳануз чандон тозаеанд  ва дарду алами талафот ба андозае бебоздошт аст, ки селоби ашк аз рухсораҳои ӯ резон шуд.

Зиндагӣ бо талафати ҷуброннопазир

Ман ба ӯ рӯймолчаи қоғазиро дароз кардам ва мехостам, ки мусоҳибаро катъ кунам, вале зан ҳушу хаёли худро ба якҷо монда, идома дод: “Аллакай ду сол гузашт, вале ман то ба ҳол ба худ омада наметавонам, ман то ба ҳол гӯё гум шудаам...Аҳволам хеле бад аст мегӯянд, ки вақт табобат мекунад, он беҳтарин табиб аст. Вале он бо кадом сабабе нисбати ман бераҳм аст ва ҷароҳатҳои маро ҳеҷ гуна табобат намекунад. Бо писари ман чӣ мешавад, бо мо чӣ мешавад? Мо акнун такягоҳ надорем. Тамоми сахтиҳои рӯзгор, ки баъди марги шавҳарам ба зимаи ман бор шудааст  дар муқоиса бо он, ки ман аз даст додам-такягоҳи худ ба ними худ, ҳеҷ чизанд.

Вақте китоби қиссаҳо омода мешуд, маълум гардид, ки ҳамсари Сангов тариқи судӣ ба гирифтани ҷуброни зарари моддиву маънавӣ аз ВКД Тоҷикистон, ки дар натиҷаи аз даст додани ягона таъмингари оилааш ба миён омада буд, муваффақ шудааст. Суд мақомоти ҳифзи ҳуқуқро уҳдадор кард, ки ба ин зан 46,5 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 10 ҳазор доллар) пардохт намоянд. 

Бо фикрҳои оянда, вале бе Сафаралӣ

 

Мақола дар доираи лоиҳаи «Фаъолият оиди ҳифзи шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон» бо кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо  омода  шудааст.  Фикру  мулоҳизаҳои  дар  МАҚОЛА  овардашуда,  инъикосгари ақидаҳои  Иттиҳоди Аврупо настанд. 

 

 

 

 

NoTortureTj.Org