Қиссаи №8: Ҳамзаалӣ Икромзода

Моҳи сентябри соли 2012 қариб тамоми воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар бораи марги даҳшатноки маҳбуси 27 - сола Ҳамзаалӣ Икромзода хабар доданд. Дар маводҳои журналистикӣ аксҳои Ҳамзаалӣ Икромзода замима гардида буданд, ки дар онҳо захму ҷароҳатҳои зиёде мешуд, ва дар яке аз ин аксҳо ба таври возеҳ пайи дарзмоли электрикӣ ба мушоҳида мерасид. Қисми зиёди ҳамкоронамон изҳор намуданд, ки аз дидани ин аксҳои даҳшатнок дил хун мешавад. Хешовандони ҷавон боварӣ доранд, ки: Ҳамзаалӣ қурбонии азобу шиканҷа гардидааст.

Падару модари Ҳамзаалӣ боварии комил доранд, ки ҷинояти мазкурро шахсони мансабдори калонияи ислоҳии №3/1 шаҳри Душанбеи назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷо Ҳамзаалӣ адои ҷазо менамуд, содир намудаанд.Онҳо ба журналистон хабар доданд, ки кормандони ҳабсхона доимо аз маҳкумшуда ва хешу табори ӯ пул тамаъ мекарданд, вале бори охир бинобар мушкилиҳои молиявӣ онҳо натавонистанд маблағи талабкардаро диҳанд. Аз рӯи суханони волидони ҷабрдида 19 сентябр байни Ҳамзаалӣ ва кормандони колония ҷанҷол ба вуқӯъ омад, ва рӯзи дигар ба онҳо дар бораи марги писарашон хабар доданд.Дарҳол экспертизаи тиббии судӣ гузаронида шуд, вале ҳангоми чоккунии патологоанотомӣ хешу табор ба он роҳ дода нашуданд.

Тибқи тафсири (версияи) расмӣ, Ҳамзаалӣ Икромзода дар ҳолати бо куртаи худ овезон пайдо гардид.Кормандони калония ӯро аз ҳалқа озод карда ба ӯ ёрии тиббӣ расониданӣ шуданд, вале аллакай дер шуда буд. “Аз он ҷумла, бо тавсияи духтурон маҳкумшударо аз ҳама паҳлуҳояш, аз ҷумла дар қисмати зери бағал, зонуҳо, сар зарфҳои пластикӣ бо оби гарм гузошта шуд, ки бинобар ин дар бадани ӯ захмҳои ба сӯхта монанд пайдо шуданд. Духтурон барои ҳаёти ӯ мубориза бурданд, тақрибан дар муддати ним соат. Вақте  ки набзи ӯ гум шуд, кормандони тиббӣ кӯшиш намуданд, ки тариқи электрошок ӯро ба ҳаёт баргардонанд, ки ин низ дар навбати дар қисмати қафаси синнаи ӯ осор гузошт, - айнан ҳамин тариқ сабабҳои ба вуҷуд омадани ҷароҳатҳородар бадани Икромзода шарҳ дод муовини роҳбари Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Абдулҳақов.

Вале хешовандони ӯ бо далелҳое, ки гӯё захмҳои сӯхта дар бадани Ҳамзаалӣ Икромзода дар натиҷаи расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба вуҷуд омааданд, ва ҷароҳатҳо дар қисмати қафаси сина-баъди пайваст кардан ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайдо шудаанд, розӣ нестанд.

Бо ёди писар

Аз ҷониби адвокати тарафи зарардида, ки ба таври ройгон аз ҷониби Идораи ҳуқуқи инсон  ва риояи  қонуният таъмин карда шуд, ба прокуратураи махсус, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ ариза бо талаби гузаронидани тафтишоти дақиқ, мустақил, беғаразона ва ба ҷавобгарӣ кашиданӣ шахсони айбдор пешниҳод карда шуд.

1 октябри 2012 аз рӯи далели марги Ҳамзаалӣ Икромзода мувофиқи моддаи “Хунукназарӣ” парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Баъдан натиҷаҳои экспертиза омода шуданд, ки далелҳои истифода гардидани шиканҷаро тасдиқ накарданд. Коршиносон  сабабҳои марги маҳбусро бо худкушӣ асоснок намуданд.

3 октябр адвокат бо яке аз шоҳидони ҳалокати Икромзода Ҳ., ки дар ҳамин колония адои ҷазо менамояд, мулоқот намуд. Ба гуфтаи хешовандон, маҳкумшудаи мазкур яке аз шоҳидони сершуморе мебошад, ки дидааст чи тавр нозирони  ҳабсхона Ҳамзаалиро барои ҷанҷоли байни ӯ ва кормандони колония рӯйдода бераҳмона лату кӯб намуда, ӯро дар изолятори (тавқифгоҳи) ҷаримавӣ (ШИЗО) ҷойгир карданд ва таҳқиру лату кӯби ӯро  дар он ҷо идома доданд.Вале ба адвокат муяссар нагардид, ки аз шоҳид ягон иттилоотеро ба даст орад, зеро суҳбат дар ҳузури кормандони колония ва Саридораи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ сурат гирифт.Хоҳиши адвокат дар хусуси ӯро танҳо мондан бо шахси ҳимоятшаванда рад карда шуд.

“Мо дар оилаи калон ба воя расидем, мо дар оила 10 фарзанд будем, - шаш бародар ва чор апаву хоҳар – нақл мекунад Амиралӣ, бародари Ҳамзаалӣ Икромзода. – Хонаи падару модар, ки дар он давраи кӯдакиву наврасии мо гузашт, дар деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор воқеъ аст. Қисми зиёди бародаронамон ҳамроҳи оилаҳояшон дар он хона истиқомат мекунанд. Ва мо Ҳамзаалиро хеле ёд мекунем. Ӯ дар байни мо бародарон аз ҳама содиқ, дилкушод ва самимӣ буд” .

Тибқи суханони Амиралӣ, падару модари солхӯрдаи онҳо то ҳанӯз аз ин ҳодиса ба худ наомадаанд ва ҳар бегоҳ, ҳангоми сарҷамъ шудани аъзоёни оила, падар аз онҳо дар бораи рафти тафтишоти марги Ҳамзаалӣ пурсон мешавад. Ва ҳангоми шунидани он, ки дар пешрафти тафтишот ягон натиҷае нест, муддати дарозе сукут менишинад.

Амиралӣ иброз намуд, ки бародари ӯ ҳанӯз аз хурдӣ ҳамеша шахсони беинсофона озордидаро ҳимоят мекард. Дар мактаб ҳамсинфону рафиқони камбизоати худро, ки дигарон барои сару либоси кӯҳна онҳоро мазоқ мекарданд, пуштигирӣ мекард, вақте ки калон шуд – шахсони ах ҳама заифу бенаворо ҳимоя мекард. “Ҳамзаалӣ метавонист барои адолат ҷонашро диҳад”, - мегӯяд ҳамсуҳбати ман.

Аз хотираҳои хешовандон, Ҳамзаалӣ инсони меҳнатдӯст буд. “Ҳанӯз аз хурдсолӣ мо ба падару модар барои нигоҳубин кардани боғи себ кӯмак мекардем, мушоҳида мекардем, ки чӣ гуна аз донаҳои гандум орд ҳосил  мешавад. Ҳамзаалӣ дар ҳама кор ёрдамчии ниҳоят хуб буд”, - иброз мекунад бародари ӯ.

Ӯ аз кори вазнин намеҳаросид ва муддати ҳашт сол дар Россия дар бозор кор кард, баъдан аз Хитой бо ҷомадонҳои сафарии калон бор меовард.Дар омади гап, дар Россия Ҳамзаалӣ ишқи худро вохӯрд – бо духтари рус хонадор шуд, ва онҳо соҳиби як писар бо номи Алишер шуданд. Айни замон писараш ҳамроҳи модараш дар шаҳри Иркутски Федератсияи Россия зиндагӣ мекунад ва дар синфи дуюм мехонад.

“Ду сол пеш дар зиндагии Ҳамзаалӣ рӯзҳои сиёҳ сар заданд, ӯро бо гуноҳи ғоратгарӣ, тамаъҷӯӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани милтиқи шикорӣ дастгир карданд ва нисбати ӯ ҳукми маҳрум кардан аз озодӣ ба муддати 8,5 сол бароварда шуд. Ӯ аз маҳбас ба мо занг мезад, моро осуда мекард, мегуфт, ки танҳо шаш сол монда аст, вале ӯ ба ин санҷиши тақдир тоб меорад ва ба озодӣ мебарояд”, - изҳор намуд Амиралӣ.

Баъди ба хок супурдани Ҳамзаалӣ дари хонаамонро ҷавони рус бо номи Женя тақ-тақ кард - рафиқи Ҳамзаалӣ аз Россия будааст. “Ҳамин ки аз ҳодисаи рӯйдода хабардор шудааст, дарҳол чиптаи ҳавопаймо харида ба Тоҷикистон омадааст. Худатон медонед, ҳоло замонест, ки ҳатто хешовандони дар дигар шаҳрҳо зиндагӣ мекарда на ҳамеша метавонанд дар маросими дафн ё тӯй иштирок кунанд, ин ҷавони ношинос бошад ва аз кишвари  дурдасти Россия омад. Ҳодисаи бо Ҳамзаалӣ рӯйдодаро шунида, Евгений чандин маротиба, такрор мекард, ки бовар намекунад, ки Ҳамзаалӣ метавонист худкушӣ кунад”, - мегӯяд Амиралӣ.

Тибқи суханони бародараш дар тамоми бадани Ҳамзаалӣ ҷароҳатҳо ба мушоҳида мерасиданд -  ҷароҳатҳои вазнини сӯхта дар қисмати қабурғаҳо, тахтапушт, гардан, варамҳо дар тахтапушт ва пойҳо, захмҳо дар қисмати сар.Вале, ҳоло ба кӣ чиро исбот мекунӣ, дар ҳолате, ки дар ягон ҷо адолат вуҷуд надорад ва ҳама чиз бо пул андоза карда мешавад?”, - савол медиҳад Амиралӣ.

Моҳи августи соли 2013 сардори муассиси ислоҳотии ЯС №3/1 СРИҶҶ Вазорати адлияи ҶТ Рустам Тоштемиров, ки номаш дар робита ба марги маҳбус Ҳамза Икромзода машҳур шуда буд, аз вазифа озод гардида, ба вазифаи сардори муассисаи ислоҳотии 3/7 СРИҶҶ ВА ҶТ, ки онҷо собиқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ адои ҷазо мекунанд, гузаронида шуд.

Гарчанде моҳи сентябри соли 2012 сардори СРИҶҶ Вазорати адлияи Тоҷикистон Иззатуло Шарифов ба наздикони маҳбуси фавтида Ҳамза Икромзода ваъда дода буд, ки новобаста аз натиҷаи ташхиси судӣ-тиббӣ Рустам Тоштемировро аз вазифа сабукдўш хоҳад кард.

 

Мақола дар доираи лоиҳаи «Фаъолият оиди ҳифзи шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон» бо кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо  омода  шудааст.  Фикру  мулоҳизаҳои  дар  МАҚОЛА  овардашуда,  инъикосгари ақидаҳои  Иттиҳоди Аврупо настанд. 

 

 

 

 

NoTortureTj.Org