Қиссаи №9: Абдуваҳоб Қаюмов

Ин зани либоси мотамӣ ба бар аллакай як сол пеш писари калониашро гӯронида буд, аммо ҳар саҳар ба назараш чунин менамояд, ки ҳамин ҳоло дарвоза кушода мешаваду ӯ медарояд, зебову ҷавон, бо нидои «Бува, ман омадам!» (Модар, ман баргаштам!). Баъзан ӯ дар хобаш медарояд, боз ҳамон суханҳоро такрор мекунад: «Ман баргаштам, ана ман!». Ӯ писарашро ба оғӯш мекашаду мебӯсад, гармии дастонашро эҳсос менамояд, аммо бедор шуда, ҳис мекунад, ки ин танҳо хоб будаасту бас. Дарк мекунад, ки ӯ дигар ҳаргиз барнамегардад. Ва қалбаш қафаси синаро бештар мефишораду ба дард меояд.

Модари ғамзада...

Абдуваҳоб Қаюмов, сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд орзу дошт, ки ба академияи ҳарбӣ дохил ва афсар шавад. Барои ҳамин, рӯзи дигари баъди камолоташ, 5-уми майи соли 2015, ихтиёрї дар комиссариати ҳарбии вилоятӣ ҳозир шуд. 11-уми май ӯро ба Душанбе оварданд ва баъди ду ҳафта волидони Абдуваҳоб барои иштирок дар маросимии тантанавии ёд кардани қасами ҳарбӣ ба пойтахт омаданд.

Агар тақдир гашти дигаре медошт ва орзуи Абдуваҳоб амалӣ мешуд, академияи ҳарбї аҷаб курсанти хуберо ба даст меовард! Ҷавони пурқувват, қадаш 181 см. Дар бораи ин қабилҳо мегӯянд: «Китфони баҳодурона дошт». Волидон ба ӯ нигариста, наметавонистанд ба ваҷд наоянд - чиқадар  ҷиддӣ ва пурэҳсос менамуд ӯ ҳангоми ёд кардани қасами ҳарбӣ!

«Мо бо командирҳо суҳбат кардем. Онҳо барои писари хубамон ба мо миннатдорї карданд, гуфтанд, ки ба ташвиш наафтем. Бо мо хеле меҳрубонона суҳбат карданд ва бо хотири ҷамъ рафтем»,- нақл мекунад Зарина, модари Абдуваҳоб.

Рӯзи шанбе, 4-уми июл Абдуваҳоб ба қисми низомии 2747-и қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, ки дар ноҳияи Панҷ мустақар аст, фиристонида шуд. «Ба Панҷ расидан замон ӯ ба мо занг зад. Гуфт, ки ҳамроҳ бо ӯ 11 наваскари дигарро низ овардаанд. Хоҳиш кард, ки аз ӯ дар ташвиш набошем»,- идома дод модари Абдуваҳоб.

Рӯзи дигар, 5-уми июл, прапоршик Хисрав Одинаев ҳудуди қисми ҳарбиро худсарона тарк намуд, ки аз ин хизматчиёни ҳарбӣ - сержанти хурд Шуҳрат Яқубов ва аскари қаторӣ Исмоил Мамадёров сӯйистифода карданд. Ба навдаъватшудагон фармон доданд, ки пас аз хӯроки нисфирӯзӣ соати 13 ҳатман дар сарбозхона (казарма) ҷамъ оянд. Онҳо мехостанд ба ҷои истироҳат барои сарбозҳои ҷавон санҷиши сафороӣ ташкил кунанд. Ҳамаи он хизматчиёни ҳарбие, ки ба сафороӣ дер омада буданд, бо вайрон кардани муносибатҳои оинномавӣ, латукӯб карда шуданд. Дар ин ҳол, Яқубов сарбозонро бо дасту пой мезад, Мамадёров бошад, бо калтаки чӯбин. Охирин ба хашм омада, бо чунон қуввае ба «латукӯби даври дуюм»-и деромадаҳо оғоз кард, ки дар натиҷа ба Абдуваҳоб Қаюмов ҷароҳатҳои ба ҳаёт хатарнок расид. Абдуваҳоб аз ҳуш рафт ва ҳанӯз ба ёд номада, дар роҳ ба беморхона вафот кард. Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, сабаби марги ӯ ҷароҳатҳои зиёди аз зарбаи олоти кунд расида гаштааст. Муҳраҳои гардани сарбоз шикаста будаанд.

«Абдуваҳоб ҳамон рӯз тахминан ним соат пеш аз нисфирӯзӣ, соати 11:30 ба мо занг зад. Барои онҳо тибқи нақша соати 12 хӯроки нисфирӯзӣ буд ва соати 13 ба латукӯби ӯ оғоз кардаанд. Аз ин бармеояд, ки аллакай баъди хӯроки нисфирӯзӣ ин кор шудааст. Рӯзи 6-уми июл бошад, писаракамонро бо доғҳои хунбастаи қафаси сина ва муҳраҳои шикастаи гардан оварданд»,- нақл мекунад модари бадбахт, ки баъди ин фоҷеа дучори садамаи асаб гардида, ҳоло дар қайди духтури асабшинос қарор дорад.

Ҳамин ҳоло ӯ қиссаи писари худро нақл карда, боз ва боз ҳама ҳодисаҳои рухдодаро аз пеши назар мегузаронад ва ашк аз чашмонаш рӯи расми писараш мерезад, дастону лабҳояш ба оҳистагӣ меларзанд.

Суҳбатро қатъ мекунем ва ман дасташро ба дасти худ мегирам. Хомӯш мемонем. Дар ин чанд дақиқа ҳар кас ба таври худ фикр мекард. Шояд ӯ дар бораи он фикр мекард, ки агар вақт қафо гардад, ҳаргиз роҳ намедод писараш ба хизмате равад, ки ҷавонро зиндаву куллан саломат медиҳӣ, вале ҷисми беҷонашро гашта мегирӣ; ман дар он хусус, ки кай чунин ҳолатҳои ваҳшиёнаи «дедовщина» дар артиш анҷом меёбанд? Ҳолатҳое, ки на танҳои қувваҳои мусаллаҳ, инчунин давлатеро, ки сарбозон барои ҳимояаш даъват шудаанд, шарманда месозанд.

Замоне, ки мо хомӯш менишастем, падари Абдуваҳоб - Абдусалом Қаюмов аз гӯристон баргашт. Чанд сол пеш писари ӯ бо дастони худ назди гӯри бибӣ ва амакаш дарахт шинонда буд, то зери соя осоиш ёбанд. Аммо ҳоло худи ӯ дар паҳлуи онҳо, зери сояи ин дарахтҳо хоб аст. Модар боре ҳам дар сари гӯри писар набудааст. Наметавонад, мадҳуш мешавад. Бовар кардан намехоҳад, ки писари дӯстдоштааш дигар нест.

Падар қабри писарро нигоҳубин мекунад

Ӯ наметавонад ба ҳавлии хонаи сохтмонаш нотамоме дарояд, ки Абдуваҳоб бояд баъд аз тӯй арӯсашро ба он ҷо меовард. Хона ду қадам дуртар аз манзили волидон ҷойгир аст, дар дарвозааш қулфи калон. Абдуваҳоб ҳамсоя-ҳамсинфи худро дӯст медошт ва ният дошт, ки бо ӯ оиладор шавад. Чанде пеш духтар ба шавҳар баромад, вале ҳар вақте ки ба хонаи модараш ояд, аввал ҳатман модари Абдуваҳобро хабар мегирад.

«Кош чашмҳо пӯшида мебуданду тасаввур мекардам, ки ин ҳама хоби даҳшатнок аст. Ва писарам дар паҳлуям, дар хонаи шафат бо ҳамсараш зиндагї мекунаду ман набераҳоро нигоҳубин менамоям. Аммо тақдири талх насиби ман шуд…»,- бо овози ларзон мегӯяд Зарина.

… Нисбати Исмоил Мамадёров ва Яқуб Шуҳратов бо ҷурми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва вайрон кардани муносибатҳои оинномавии хизматчиёни ҳарбї парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Хисрав Одинаев, ки худсарона ҷои хизматро тарк карда буд, ба бемасъулиятӣ нисбати хизмати ҳарбӣ гунаҳгор дониста шуд.

Суд Шуҳрат Яқубов ва Исмоил Мамадёровро гунаҳгор дониста, онҳоро ба муҳлатҳои 17 ва 16 сол бо адои ҷазо дар колонияи низомаш пурзӯр аз озодӣ маҳрум кард. Прапоршик Хисрав Одинаев бошад, ду солро дар муассисаи ислоҳотї сипарӣ хоҳад намуд.

Мақола дар доираи лоиҳаи «Фаъолият оиди ҳифзи шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон» бо кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо  омода  шудааст.  Фикру  мулоҳизаҳои  дар  МАҚОЛА  овардашуда,  инъикосгари ақидаҳои  Иттиҳоди Аврупо настанд. 

 

 

 

NoTortureTj.Org