«Ман ҳуқуқҳои худро медонам!». Дар Душанбе аз озмуни бахшида ба 70-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар натиҷагирӣ карда шуд

Аз 17 то 28-уми декабри соли 2018 аз ҷониби Институти Ҷомеаи Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон озмун гузаронида шуд, ки натиҷаҳои он рӯзи 28-уми декабри соли 2018 эълон гардид.

Дар моҳи декабр мо дар баннерҳо ва овезаҳои рекламавии пойтахт яктоӣ моддаҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро иқтибос оварда, дар мавриди онҳо шарҳи хизматчиёни давлативу ҳимоятгарони ҳуқуқро оид ба баробарӣ, манъи табъиз, озодии баён, ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба таҳсил, дастрасӣ ба адолати судӣ ва ғайра ҷой дода будем.

Барои иштирокчии аксия шудан, шахс бояд 3 қадами оддиро мегузошт: иқтибоси писандидаашро аккосӣ мекард, интихоби худро шарҳ медод ва ин аксро бо хэштеги #знаюсвоиправа пахш мекард.

Мо шод шудем, ки хоҳишмандони иштирок хеле зиёд буданд, аммо, мутаассифона, талаботҳо на аз тарафи ҳамаи иштирокчиён риоя гардиданд. Иқтибосҳои аксии бо хэштег асоснокшуда, ки баъди гузаштани муҳлат пахш гардидаанд, ба озмун роҳ наёфтанд. Инчунин, матолибе, ки дастрасӣ ба онҳо озод набуд, ба эътибор гирифта нашуданд.

Ғолибони озмуни #знаюсвоиправа инҳоянд:

1. Эллина Ким                                             8. Дилноза Музаффарбекова
2. Насиба Худоёрова                                  9. Ҳосиддин Юлдошев
3. Сунатулло Азимов                                 10. Лайло Дилдорбек
4. Пӯлод Ниёзмамадов                             11. Шуҳрат Лоиқов 
5. Бадахшон Мирзониҷотова                  12. Ҳусниддин Юлдошев
6. Фарангис Бабанова                               13. Назифа Боймухамедова
7. Мадина Ҳайдарова

Ташаккур ба ҳама, барои иштирок! Ғолибонро табрик мегӯем!

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти муфассалро оид ба фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон метавон дар торнамои Эътилоф - www.notorturetj.org, инчунин саҳифаҳои Эътилоф - «Свобода от пыток/Озоди аз шиканча» дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфт намуд:

Facebook: www.facebook.com/notorture.tj

Google+:https://plus.google.com/107767311153916349012

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw   

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Тelegram: http://t.me/notorturetj

Instagram: notorture.tj

NoTorture.Tj