Маркази таҳлилии Эътилоф: пешбурди озодӣ аз шиканҷа дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ

Маркази таҳлилии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тариқи гузаронидани вохӯриҳо бо дипломатҳо ва намояндагони ҳайатҳои байналмилаливу байниҳукуматӣ, инчунин омодасозии гузоришҳои таҳлилӣ ва пешниҳоди тавсияҳои худ барои пешбурди озодӣ аз шиканҷа дар сатҳи милливу байналмилалӣ фаъолияти назаррас дорад.

Дар соли 2018 барои омодасозии Стратегияи миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон то соли 2030 ба таври фаъол корбарӣ карда шуд. Фаъолияти мазкур аз ҷониби Раёсати кафолати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ бо мусоидати Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешавад. Ба ҳайси мушовири миллӣ намояндаи ФҶ «Нотабене» баромад мекунад, ки ҳамзамон фаъолияи Гуруҳи таҳлилиро ҳамоҳангсозӣ менамояд. Намояндагони Эътилоф дар кори гуруҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Стратегия иштироки фаъолона намуда, тавсияҳои худро пешниҳод карданд. Қабули Страгея соли 2019 дар назар аст.

Моҳи майи соли 2018 гузориши сеюми даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ баррасӣ гардид. Аз ҷониби Эътилофи зидди шиканҷа дар ҳамдастӣ бо Ҳамшарикии байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон гузориши ТҒД ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ омода карда шуд, ки бо забонҳои русӣ ва англисӣ дастрас аст. Ташкилотҳои узви Эътилоф инчунин гузоришҳои мавзуии худро оид ба масоили ҷудогонаи озодӣ аз шиканҷа пешниҳод намуданд.

Аъзои Эътилоф дар брифинги аъзои Кумитаи зидди шиканҷа бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар он мушкилоти асосӣ дар самти огоҳонӣ ва муборизаи самаранок зидди шиканҷа баррасӣ гардидаву ҳамзамон тавсияҳои марбута пешниҳод карда шуданд, иштирок карданд.

Эътилоф бо ташаббуси Раёсати кафолати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва дар ҳамкорӣ бо Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои Осиёи Марказӣ дар мавриди баррасии лоиҳаи Нақшаи миллии амалҳо оид ба татбиқи тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа аз рӯйи натиҷаҳои баррасии гузориши сеюми даврии Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа вохӯрии корӣ баргузор намуд. Дар чорабинӣ зиёда аз 60 нафар - намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок карданд. Баъди вохӯрӣ Эътилоф ҳамаи тавсияҳои пешниҳодшударо такмил дода, барои баррасии гуруҳи кории ҳукуматӣ фиристонд. Қисмати асосии тавсияҳо ба матни намунаи ниҳоии лоиҳаи нақшаи миллӣ ворид карда шуд.

Ташкилотҳои узви Эътилоф дар пешҳниҳоди иттилоотии алтернативӣ дар бораи рафти иҷрои Конвенсия оид ба қатъи табъиз нисбати занон аз ҷониби Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла, дар мавриди масоиле чун огоҳсозӣ аз зӯроварӣ дар оила, ҳолати ҳуқуқии занони маъюб, занони гирифтори ВИЧ, занони маҳбус ва ғайра иттилоъ расонида шуд. Гузориши мавзуӣ инчунин аз ҷониби гуруҳи мониторингии Эътилоф пешниҳод гардид. Аъзои Эътилоф дар брифинги Кумита оид ба қатъи табъиз нисбати занон бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки 31-уми октябри соли 2018 баргузор гардида, дар он мушкилоти асосӣ дар самти табъиз нисбати гуруҳи муайяни занон баррасӣ гардидаву тавсияҳо дода шуданд, иштирок намуданд. Зиёд тавсияҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба матни тавсияҳои ниҳоии Кумита ворид карда шуданд.

Ҳамасола пеш аз муколамаи расмии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрии ҳайати Иттиҳоди Аврупо бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ доир мегардад. Дар вохӯриҳо аъзои Эътилоф аз ҷумла масоили озодӣ аз шиканҷаро пеш мегузоранд, ки дар натиҷа мавзуи баҳсу баррасӣ дар доираи муколамаҳои расмӣ оид ба ҳуқуқи инсон мегарданд. 25-уми октябри соли 2018 даври даҳуми муколама гузаронида шуд. Аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Нотабене» дар якҷоягӣ бо Ҳамшарикии байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон ҳуҷҷати таҳлилӣ оид ба вазъи шиканҷа дар кишвар, бо шумули ҳолатҳои инфиродӣ ва тавсияҳои мушаххас ба ҳукумати Тоҷикистон омода карда шуд. Ташкилотҳои узви Эътилоф то баргузории муколама дар вохӯрӣ бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо иштирок карда, мушкилоти асосӣ дар самти риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Намояндагони Эътилоф дар конфронсе, ки аз ҷониби EUSR барои Осиёи Марказӣ дар якҷоягӣ бо Фонди аврупоии дастгирии демократия (European Endowment of Democracy) ташкил гардида, ба баррасии Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд, иштирок карданд. Намояндаи гуруҳи таҳлилӣ дар айни баҳсу баррасии мавзуи «Рушди ҳамкориҳои минтақавӣ: бунёди ҳамкории марзӣ миёни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳимоятгарони ҳуқуқ» баромад намуд.

Иттилооти бештарро метавон дар истиноди зерин пайдо намуд: http://notorturetj.org/

Ҳамчунин, иттилооти бештарро метавонед дар саҳифаҳои иҷтимоии мо дастрас намоед:

На  Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

В Google+:https://plus.google.com/107767311153916349012

В Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

В Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

В Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw   

В Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

В Теллеграмм: http://t.me/notorturetj

В Инстраграмм: notorture.tj

NoTorture.Tj