Моддаҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар овезаҳои шаҳри Душанбе

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон як қатор чорабиниҳо баргузор менамояд. 

Давоми 15 рӯз, оғоз аз 5-юми декабр, дар ноҳияҳои гуногуни шаҳри Душанбе овезаҳо бо забони тоҷикӣ, бо матни моддаҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дутоӣ шарҳи хизматчиёни давлативу ҳимоятгарони ҳуқуқ ба ҳар як кадоми онҳо насб карда хоҳанд шуд. 

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар 10-уми декабри соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабул карда шуд. Ин дар таърихи инсоният аввалин санади умумии байналмилалӣ-ҳуқуқӣ гардид, ки дар он ҳуқуқҳои асосӣ ва озодии инсон зикр ёфтаанд. Ҳуҷҷати мазкур инчунин миёни санадҳои умумии байналмилалие, ки соҳаи ҳуқуқи инсонро ба танзим медароранд, якум аст. 

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар соли 1948 дар Париж аз ҷониби гуруҳи намояндагони кишварҳои гуногун зери роҳбарии бонуи аввали ИМА Элеонор Рузвелт таҳия гардидааст. Эъломия бо мақсади пешгирии такрори нақзи ҳуқуқи инсон, ки дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳон рух дода буд, таҳия шудааст. 

Ҳадафи эъломия руҳияи мубориза муқобили табъиз ба шумор меравад, бо ин бовар, ки ҳамаи одамон баробаранд ва ҳуқуқҳои баробар доранд.

 

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон чорабинии зикргардидаро бо дастгирии молии Институти Ҷомеаи Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Раёсати Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Барномаи рушди СММ, Фонди Зигрид Раузинг ва Намояндагии ИА дар ҶТ баргузор менамояд.

NoTorture.Tj