Муроҷиат

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба оилаҳои кормандони фавтидаи СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳбусони ҳангоми ба миён омадани ошӯб дар муассисаҳои ислоҳотии кишвар ҳалокшуда ҳамдардии амиқ изҳор мекунад.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ аз ҳолатҳои ба миён омадани ошӯб ва бетартибиҳо дар муассисаҳои ислоҳотии кишвар нигарон буда, гузаронидани тафтиши ҳамаҷонибаи сабабҳои рух додани ошӯб, ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани шахсони гунаҳгор, иттилоъ додан ба ҷомеа оид ба натиҷаҳои чунин тафтишот ва барои гузаронидани мониторинг ба ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ роҳ додани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносони мустақил, бо шумули Кумитаи Салиби Сурхро дархост менамояд.

Иттилооти бештарро оид ба фаъолияти Эътилоф метавонед дастрас намоед:

Дар сомонаи мо: www.notorturetj.org

Дар Facebook: https://www.facebook.com/noturture.tj/

Дар Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Дар Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Дар Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw     

Дар Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Дар Телеграмм: http://t.me/j

Дар Инстаграмм: notorture.tj   

NoTorture.Tj