Муроҷиати ҳамсари маҳбус ба Ваколатдор ва Эътилофи зидди шиканҷа

Имрӯз, 9-уми август, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар асоси муроҷиати ҳамсари маҳбус Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб баҳри баррасии қазия ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муроҷиат намуд.

Ин муроҷиатро ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» аз номи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба Ваколатдор ирсол кардааст, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «8-уми августи соли 2019 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Валамати Иброҳимзода (ҳамсари маҳкумшуда Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб) ва Раҷабова Нилуфар Раҳматуллоевна (духтари маҳкумшуда Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб) ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намуданд. Дар ариза Валамати Иброҳимзода қайд менамояд, ки 25-уми майи соли 2019 ҳамроҳи духтараш  Раҷабова Нилуфар Раҳматуллоевна бо шавҳараш дар зиндони рақами 1-и шаҳри Душанбе дидорбинӣ намудаанд ва дар бадани шавҳараш изҳои зарбу латро, ки эҳтимолан бо чӯбдасти резинӣ (дубинка) расонида шудаанд, дидааст. Махсусан изҳои кабуду сиёҳ дар қисмати пушти бадан - болои гурдаҳо, қисмати миён ва болои шонаҳо дида шудаанд ва инчунин чашмонаш сурх будааст. Ба саволи ин ки аз куҷо изҳои зарбу лат дар баданаш пайдо шудаанд, шавҳараш ҷавоб надодааст».

Гуфта мешавад, Валамати Иброҳимзода аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, инчунин Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дархост намудааст, то аз шавҳараш Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб, ки дар зиндони рақами 1-и шаҳри Душанбе адои ҷазо мекунад, боздид намоянд ва онҳоро аз вазъи саломатӣ ва будубоши вай огоҳ созанд.

NoTorture.Tj