Мурофиаи судӣ вобаста ба марги Толибҷон Дӯстов шуруъ шуд

Суди вилояти Хатлон имрӯз, 6-уми феврал ба баррасии парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба марги сокини 50-солаи ноҳияи Шаҳритус Толибҷон Дӯстов, ки баъди боздошташ аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ вафот карда буд, шуруъ намуд.

Вобаста ин парванда дар курсии судшаванда лейтинанти калони ШВКД дар ноҳияи Дӯсти Маҳмадулло Идиев нишастааст, ки нисбаташ бо  моддаи 316 қисми 3 банди “а”-и КҶ ҶТ айб эълон карда шудааст.

Баъди шуруъ шудани аввалин мурофиаи судӣ намояндаи қонунии ҷабрдида Зарина Сафарова - оилаи марҳум Толибҷон Дӯстов, Далер Қурбонов аз раискунандаи мурофиа Фахриддин Додоматзода дархост кард, ки барои шиносоӣ бо парвандаи ҷиноятӣ иҷозат диҳад ва то давраи шиносоии онҳо бо парванда танаффус эълон карда шавад. “Мо ҳарчанд қисман бо парвандаи ҷиноятӣ ошноем, вале ба мо имкон дода нашуд, ки то вақти ба суд омадани парванда бо фикри айбдорӣ шинос шавем. Аз ин хотир, аз Шумо хоҳиш мекунем, ки мурофиаи судиро ба ҳафтаи оянда мавқуф гузошта, ба мо имконият диҳед, то бо фикри айбдорӣ шинос шавем”,- илова кард Далер Қурбонов.

Раискунандаи мурофиа дархостро қисман пазируфта, ба ҳимоятгар Далер Қурбонов ҳамагӣ ду рӯз вақт барои шиносоӣ дода, мурофиаи судиро то рӯзи 8-уми феврал мавқуф гузошт.

Бояд ёдовар шуд, ки охирҳои моҳи декабри соли 2017 Прокуратураи генералии Љумҳурии Тоҷикистон нисбати корманди ШКВД дар ноҳияи Дӯстӣ бо моддаи 316 қисми 3 банди “а” КҶ ҶТ айб эълон карда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ парвандаро барои моҳиятан дида баромадан ба Суди вилояти Хатлон фиристод.

Гуфтан бамаврид аст, ки 26-уми июли соли 2017 кормандони ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ Толибҷон Дӯстовро дар яке аз тарабхонаҳои ноҳияи Шаҳритус ба гумони даст доштан ба гардиши маводи мухаддир дастгир мекунанд, ки баъди дастгир шуданаш Дӯстов ҷони худро аз даст медиҳад. Наздикони Толибҷон Дӯстов даъво доранд, ки ӯ дар натиҷаи латукўб аз тарафи кормандони милиса ҷони худро аз даст додааст.

Модари марҳум Меҳрӣ Давлатова мегӯяд, ки сабаби марги фарзандаш латукўби ӯ аз тарафи милисаҳо шудааст: “Мо фикр мекунем, ки писари маро дастгир карда, дар роҳ латукўб кардаанд ва вақте дар роҳ вафот кардааст, ҷасади ӯро ба беморхонаи ноҳияи Қубодиён бурдаанд”.

Он замон мақомоти масъул сабаби марги Толибҷон Дӯстовро сактаи дил арзёбӣ карда буданд. Наздикони марҳум вобаста ба марги Толибҷон Дӯстов ба Прокуратураи генералӣ ариза навишта, хостаанд, ки нисбати кормандони милиса бо моддаи шиканҷа парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шавад.

Прокуратураи генералӣ дар ҷавоби аризаи наздикони Толибҷон Дӯстов навиштааст, ки «ваҷҳњои овардаи Шумо вобаста ба ҳолати марги Толибҷон Дӯстов қисман тасдиқи худро ёфтаанд».

Дар асоси фактҳои ошкоршуда нисбати кормандони ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ бо моддаи 316 қисми 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ ба зиммаи муфаттишони Раёсати тафтишоти парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ вогузор карда шудааст.

NoTorture.Tj