Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Саидов Ё. С., хизматчии ҳарбии яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМТ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 1431қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Шиканҷа) боз кардааст.
Тавре аз ташкилоти «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» хабар доданд, “тибқи маълумоти дар парвандаи ҷиноятӣ овардашуда, командири взвод Саидов Ё. С. вазифаи таҳқиқбарандаро иҷро намуда, ду сарбозро ба дуздии амволи қисми ҳарбӣ муттаҳам карда, бар ивази амволи гумшуда маблағи пулӣ талаб кардааст.
Инчунин, ӯ сарбозонро мавриди дашному ҳақорат қарор дода, таҳдид намудааст, ки агар маблағи талабкардаашро наоранд, маълумотро ба прокуратураи ҳарбӣ пешниҳод менамояд ва падару модари сарбозонро ба қисми ҳарбӣ даъват карда, дар назди ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ обрӯ ва эътибори онҳоро паст мезанад.
Дар натиҷа сарбози қаторӣ Қ. Ҷ. Ҷ. аз чунин муносибат ва муомилаи бераҳмона руҳафтода шуда, 11-уми сентябри соли 2016 даст ба худкушӣ зада, ҳалок гардидааст”.
"Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" мегӯяд, аз соли 2014 ба ин сӯ ҳадди аққал 11 ҳодисаи марг дар артишро ба қайд гирифтаанд.