Пешкаши қиссаҳо аз шиканҷа дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабр қайд карда мешавад, қиссаҳои такмилёфтаи китоби «Тақдирҳои шикаста, умрҳои бурида…»-ро пешкаш менамояд.

Дар китоб оид ба 14 қиссаи воқеии шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон нақл карда мешавад. Китоб ба мардонагиву устувории хешовандон, хотираҳои онҳо дар бораи писарҳо ва шавҳарҳояшон, ки ба зӯроварию худсарӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти қудратии кишвар дучор гардидаанд, бахшида шудааст. Сарфи назар аз бисёр монеаву интизориҳо, онҳо ба адолат боварӣ доранд ва барои ҷазои қонунӣ гирифтани нафарони гунаҳкор кӯшиш мекунанд.

Нахустандешаи таҳияи китоб ба ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» тааллуқ дорад, ки узви Эътилоф аст. Се сол қабл мо китоби аввалини худро ба табъ расонида, умед доштем, ки он барои пешгирии шиканҷа, муносибати бераҳмона ва ѓайриинсонӣ бо одамон саҳмгузор мешавад. Мутаассифона, ҳар сол Эътилофи зидди шиканҷа ҳолатҳои нави шиканҷа ва муносибати бераҳмона, аз ҷумла нисбати ҷавононро низ, ки дар натиҷаи истифодаи унсурҳои «дедовшина» дар артиш фавтидаанд, ба қайд мегирад.

Дар ин китоб шумо метавонед маълумоти такмилёфтаро дар мавриди он қиссаҳое дарёфт намоед, ки ба нашри якум ворид карда шуда буданд. Инчунин, шаш қиссаи нав, ки дар солҳои 2014-2015 ҷой доштанд.

Ҳар сол сар аз 24-уми ноябр дар торнамои Эътилоф www.notorturetj.org, инчунин дар саҳифаҳои Эътилоф дар «Фейсбук» ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ мо пай дар пай қиссаҳое аз ин китобро ҷойгир менамоем. Аксия 10-уми декабр гузаронида мешавад ва мо ният дорем, ки дар ин рӯз шакли пурраи китобро ба табъ расонем.

Дӯстони азиз, шумо метавонед зери ҳар қисса шарҳи худро гузоред, аз ҳаёти пайвандон ва шиносҳову наздиконатон қиссаҳои ҳаммонандро пахш кунед. Бозпахши қиссаҳо лоиқи дастгирист.  

NoTortureTj.Org