Прокуратураи генералӣ: Ду муроҷиат оид ба шиканҷа тасдиқ шуд

Дар соли 2017 ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 муроҷиат оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона ворид шудааст, ки 2 адади онҳо тасдиқи худро ёфтаанд.

Дар ин бора рўзи 25-уми январи соли ҷорӣ Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод дар нишасти хабарии ниҳодаш иттилоъ дод.

Номбурда зикр намуд, ки «дар натиҷаи баррасии 20 муроҷиат 2 муроҷиат тасдиқи худро ёфт ва мо бо моддаи «Шиканҷа»-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардем, мавриди тафтиш қарор додем ва шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Ҳама вақт пешгирии шиканҷа, пешгирии тарзу усулҳои ғайриқонунӣ дар рафти таҳқиқу тафтиш, таъқиби ҷиноятӣ дар мадди назари прокуратура ва таҳти назорати прокурорҳо қарор дорад».

- Мутаассифона, на ҳама ҷабрдидаҳо ба мақомоти прокуратура муроҷиат мекунанд. Дар сурати муроҷиат кардан, мо ҳатман мебинем, ҳатман нисбати он корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки нисбати шаҳрванд воситаҳои ғайриқонуниро истифода бурдааст, чорабинӣ мекунем,- афзуд Аҳмадзод. 

Зикр гардид, ки аз ду ҳолати тасдиқшудаи шиканҷа якеаш аз ҷониби сарнозири минтақавии ШВКД-1 ноҳияи Сино Ҳакимов сурат гирифтааст, ки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, дар суд ҷазои маҳкумӣ таъйин карда шудааст. Ба ҳамин монанд, нисбати ду нафар корманди ваколатдори оперативии шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Хатлон Файзов ва Зардов низ тафтишот идома дорад.

NoTorture.Tj