Прокуратураи генералӣ: Латукӯби Доро Суҳробӣ тасдиқ нашудааст

Парвандаи ҷиноятии нисбати латукӯби Доро Суҳробӣ (Маҳкамов) бинобар ҷой надоштани амалҳои зӯроварӣ ва латукӯб дар ҳаракатҳои кормандони милиса қатъ карда шудааст.

Қурбонзода Шариф Абдулло, Сардори Раёсати назорати қонунҳо дар ВКД, имрӯз, 3-юми фаврал зимни нишасти матбуотии Прокуратураи генералии кишвар гуфт, бинобар муроҷиатҳои такрории Доро Суҳробӣ ба прокуратура маводҳои парванда аз Вазорати корҳои дохилӣ барои санҷиш талаб карда гирифта шуда, ба Прокуратураи шаҳри Душанбе вогузор карда шуд.

-Санҷиш муайян намуд, ки бо гузаронидани экспертизаи судӣ ҷароҳатҳои дар бадани Маҳкамов пайдошуда ба вайроншавии зарари ҷисмонӣ ҳамбастагӣ надорад.Ҳамзамон ҳамаи кормандони милиса қатор карда шудааст, вале Маҳкамов Доро ягон нафар корманди милисаи латукӯбкардаашро шинохта натавонистааст. Зиёда аз ин, нӯҳ нафар шоҳидони ҷойи ҳодиса пурсида шуданд, ки  онҳо ҳодисаи латукӯб шудани Маҳкамовро қатъиян инкор менамоянд. Аз ин рӯ, бо қарори муфаттиши прокуратураи шаҳри Душанбе бинобар набудани аломатҳои таркиби ҷиноят дар ҳаракатҳои кормандони милиса оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст,-мегӯяд Шариф Қурбонзода.

 Ин дар ҳолест, ки рӯзи 20-уми январ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Вазири корҳои дохилии кишвар дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, қазияи латукӯби Доро Сӯҳробӣ, хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж» барои санҷиш ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон супорида шудааст.

Доро Суҳробӣ, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон санаи 18 сентябри соли ҷорӣ мавриди латукӯби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаи «Гипрозем» гардида буд.

Ӯ, ки бо супориши редаксия мехост аз рафти корҳои роҳсозӣ ва ҳолати савдои кӯчагӣ дар ин маҳалла барои шумораи навбатии ҳафтаномаи «Фараж» «фоторепортаж» омода намояд, мавриди лабукӯби кормандони милитсия қарор гирифт.

 -Тақрибан соати 16-16:20 дар назди бозори «Гипрозем» мехостам аз рафти корҳои роҳсозӣ дар самти шаҳраки «Гипрозем» ва ҳолати савдои кӯчагӣ дар ин маҳал гузориш омода намоям. Дар ҳамин ҳол шоҳиди кашмокаши як нафар зани «газводафурӯш»-и тахминан 55-сола бо марде бо либоси мулкӣ шудам. Ин дар ҳоле буд, ки дар гирди онҳо мардуми зиёде ҷамъ омада буданд. Ин зан бо овози баланд мегуфт, ки «дирӯз ман 100 сомонӣ дода будам, ҳар рӯз пул аз куҷо аст, ки ба шумо диҳам. Шумо модар надоред, о, ҳама дар қади кӯча савдо доранд-ку? Чаро дигарҳоро намебинӣ, фақат ба ман часпидӣ»,- гуфта дод мезад он зан.

Ман хостам аз ҳолати кор воқиф шавам. Ба наздашон рафта гуфтам, ки бародар, чаро тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунед? Ин зан чӣ гуноҳ дорад? Суратгирак дар гарданам овезон буд. Он мард ба тарафи ман гашта гуфт, ки «ту қонундон боз аз куҷо пайдошудӣ, суратамонро мегирӣ?»,-гуфта суратгиракро аз дастам гирифт, «флешкаашро»аз дохилан берун карда шикаст ва ба як нафар либоси низомипӯш, ки ҳамроҳаш буд, фармон дод, «гир, ӯро ба «отдел» бар, «разбират» мекунем».

Гӯё ҷинояткорро дастгир карда бошанд, дастонамро ба пуштам тоб дода, сарамро хам карда, кашон-кашон ба шуъба бурданд. Дар роҳ пойпӯшам ба сими қади роҳ банд шуда, канд ва аз поям берун шуд. Бо як пойпӯш ба шуъба бурдандам. Он зан, ки ман аз ӯ ҳимоя карда будам, то назди шуъба аз қафоям омад. Вале ӯро даромадан намонданд. Мешунидам,ки ӯ мегуфт, «ман аз болои шумо шикоят мекунам, шуморо ин хел намемонам!». Маро ба шуъба дароварданд, он ҷо 6 нафар буд. Ман ҳуҷҷати хизматиамро ба онҳо нишон дода, гуфтам, ки ман журналистам ва бо супориши редаксия омадам. Ин монеъи латукӯби ман нашуд. Он нафар бо либоси мулкӣ маро чанд мушт кӯфт. Ба замин афтида, аз ҳуш рафтам. Ба ҳуш омадам, ки ба рӯям об пошида истодаанд. Касе маро халос намекард. Он нафар бо либоси мулкӣ худашро муаррифӣ накард. Ӯ бо оҳани дар дасташ буда маро мезад ва ман хар замон бо дасти ростам худамро ҳимоя мекардам. Мегуфт: "Ту боз «будик» будай-ҳа?! Э кисаҳоша кове, дар кисааш «наша» дора! Ҳе, очата…»,-гуфта таҳқиру дашномҳои қабеҳам мекард. Ҳар замон бо асбобҳои дар болои мизаш буда, ба ман таҳдиди задан мекард. Ман бошам, дар пушти яке аз милисаҳо худамро паноҳ мекардам. Хулоса, баъди чанде ӯро ором карданд. Маро, ки аз тарс дигар дар поям мадор намонда буду сарам чарх мезад, аз утоқ берун карданд. Як нафар, ки ба қавли худаш «раҳмдил» буд, маро то сари роҳ овард. Пойпӯшамро дар «сапожник» дӯзонда дод. Баъд аз ин, ба ҷойи сардор (аз забони яке аз кормандони шуъба фаҳмидам, ки ӯ сардори милисаи Сино-1 будааст ) аз ман узр пурсида, барои харидории «флешкаи»нав 50 сомонӣ дод ва хоҳиш кард, ки ба ягон ҷой арзу шикоят накунам,-гуфта буд Доро Суҳробӣ.

Чанде қабл бо нашри як хабар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба латукӯб шудани рӯзноманигори нашрияи «Фараж» Доро Суҳробӣ гуфт,  аз рӯзи дар сомонаҳои хабарӣ нашр гаштани ин ҳолат ва ҳамчун бо арзи бевоситаи рӯзноманигор ҳодисаи мазкур фавран таҳти назорати Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтинанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Ин ниҳод қаблан гуфта буд, дар аризаи худ Доро Суҳробӣ сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Синоро гунаҳгор медонист, аммо ҳангоми рӯ ба рӯ кардан бо сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Сино полковники милитсия Нуъмонзода Раҳматулло рӯзноманигор изҳор дошт, ки ин шахсро намешиносад ва пеш надидааст.

 Вазорати умури дохилаи кишвар дар робита ба ҷой доштани ҳолати мазкур  гуфта буд, ки барои маълум намудани шахси аниқи рӯзноманигорро латукӯбнамуда ҳамаи кормандони минтақаи маъмурии милитсияи №19 ШВКД дар ноҳияи Сино, ки ҳодиса дар онҷо рух додааст, барои шинохтан пешниҳод карда шуданд.

"Худи рӯзноманигор кормандеро, ки ӯро латукӯб кардааст шинохта натавонист ва ҳамзамон, дар рафти санҷиш муоинаи тиббии рӯзноманигор Доро Суҳробӣ низ гузаронида шуд ва маълум гашт, ки номбурда ҷароҳати ба саломатӣ таъсирнопазир бардоштааст".

ВКД ҳамчунин дар пайи ин қазия барои рух додани ҳолати мазкур сардори Минтақаи маъмурии мазкур Хоҷаев Ислом, рӯзи 26-уми сентябри соли 2016 аз кор озод кард.

Faraj.tj