Р. Раҳимов: Мо зидди истифодаи шиканҷа мубориза мебарем

Р. Раҳимов: Мо зидди истифодаи шиканҷа мубориза мебарем

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷиҳати пешгириву бартараф кардани таҷрибаи истифодаи шиканҷа дар марҳилаҳои боздошту бозпурсӣ тадбир меандешанд.

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор дошт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ВКД мубориза алайҳи шиканҷа мебошад.

«Барои таъмини тамоми шӯъбаҳои тафтишотӣ бо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ дар буҷет алҳол маблағи кофӣ мавҷуд нест, вале дар самтҳои дигар, аз ҷумла дар сатҳи қонунгузорӣ чораҳо андешида мешаванд»,- гуфт ӯ ва дар ин робита аз соли гузашта ба Кодекси ҷиноятии кишвар ворид гардидани моддаи алоҳидаи «Шиканҷа» ёдовар шуд.

«Гузашта аз ин, мо як маркази санҷишӣ таъсис додем, ки дар он ҳар як корманди милиса ҷиҳати коршоямӣ аз санҷиш мегузарад ва дар баробари дигар масоил, ӯ аз усули пешгирии шиканҷа низ бояд огаҳӣ дошта бошад. Ман шуморо мутмаин месозам: ҳар як корманди милисае, ки дар таҷрибаи корӣ аз шиканҷа истифода мекунад, назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт»,- таъкид сохт Раҳимов.

Дар идома ӯ гуфт: «Набояд чунин фикр кард, ки мақомоти милиса танҳо ба шиканҷаи шаҳрвандон машғул асту дигар коре намекунад. Чунин ҳодисаҳо ҷой доранд ва мо бо ин падида мубориза мебарем».

Наргис Ҳамробоева, «Азия-Плюс»