Радиои «Азия-Плюс» дар барномаи навбатии «Вақти донистан аст!»

4-уми июни соли 2020 аз соати 11:00 то 12:00 дар радиои «Азия-Плюс» дар барномаи навбатии «Вақти донистан аст!»  дар мавзуи «Мо ба қурбониёни шиканҷа, хешовандони онҳо ва нафароне, ки адолат мехоҳанд, кӯмак мерасонем. Шумо бошед, метавонед ба мо кӯмак расонед!» суҳбати мустақим доир гардад.

Ба саволҳо оид ба мавзуи озодӣ аз шиканҷа ба ҳуқуқшиносони ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон - Абдураҳмон Шарипов (ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон») ва Хушбахт Исоев (ТҶ «Дунёи ҳуқуқ») чавоб гуфтанд.

Барномаи радиоиро дар шаҳри Душанбе, НТМ, Бохтар, Леваканд (Сарбанд), Кӯшониён, Румӣ ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар рӯйи мавҷи 107.0 FM, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд рӯйи мавҷи 104.4 FM, инчунин дар www.asiaplusradio.tj, www.asiaplustj.info садо дод.

 

 

 

 

Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ амалӣ карда шудааст. 

NoTorture.Tj