Раҳимзода: Дар соли 2016 ягон парвандаи ҷиноятӣ оид ба шиканҷа боз нашудааст

Дар соли 2016 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар робита ба истифодаи шиканҷа ягон парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст,- хабар дод вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотие, ки чанде қабл баргузор гардид.

Ба гуфтаи ӯ, дар мавриди истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона якчанд шикоят мавҷуд буда, аммо дар рафти санҷишҳо аз онҳо ягонтояш тасдиқи худро наёфтааст. Зимнан, раҳбари ВКД нагуфт, ки мушаххасан чанд шикоят оид ба шиканҷа ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ворид шудааст.

Масъалаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати гумонбаршудагону маҳбусон дар Тоҷикистон доғи рӯз аст ва бисёр вақт аз ҷониби созмонҳои маҳалливу байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон мавриди интиқод қарор мегирад. Соли 2012 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи «Шиканҷа» ба хотири пешгирии чунин ҳолатҳо ворид карда шуд, аммо то имрӯз танҳо як парванда аз рӯи ин модда нисбати нозири милисаи ноҳияи Ёвон маълум асту халос.

Ба гуфтаи ҳимоятгарони ҳуқуқ, дар бисёр ҳолат нисбати онҳое, ки аз шиканҷа истифода мебаранд, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи «Баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ» оғоз карда мешавад, ки ҷавобгарии на он қадар вазнинро дар назар дорад.

Бино ба маълумоти созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ, солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва боздошт ҳадди ақал 6 нафар - Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бобоҷонов, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев ва Умедҷон Тоҷиев ба ҳалокат расидаанд.

NoTorture.Tj