Рӯзи кормандони соҳаи тиб фархунда бод!

Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон 18-уми август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин сана, ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» табибони тоҷикро табрик гуфтааст.

Дар номаи табрикотии ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», ки ба унвонии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа ирсол гардидааст, гуфта мешавад: «Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” аз фурсати муносиб истифода бурда, Шумо ва дар симои Шумо аҳли кормандони тибро аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба Шумо умри дароз, тансиҳатӣ, осмони софу беғубор таманно дорад.

Имсол, хушбахтона, ин сана ба солгарди ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ омад.

Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб бо мавлуди алломаи бузург Абӯалӣ ибни Сино алоқамандӣ дорад ва мо умед бар он мебандем, ки шогирдони ин шахси бузург ҳамарӯза дар хизмати халқ омода буда, баҳри беҳтар кардани сифати хизмати тиббӣ ва беҳдошти ҳифзи саломатии аҳолӣ боз ҳам саъю кӯшиши бештар мекунанд.

Пайваста қабул ва амалӣ шудани барномаву стратегияҳо ва санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз таваҷҷӯҳи ҳамарӯзаи роҳбарияти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Дар фаъолияти худ мо шоҳиди он мешавем, ки кормандони тиб бо дастони шифобахш ва суханони нек ба мизоҷон тансиҳатӣ ва дарозумрӣ ҳадя менамоянд.

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ки мақсаду мароми асосиаш ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу манфиатҳои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳисоб меравад, ба Шумо барои дастгирии ҳаматарафа дар муолиҷа ва ташхиси сарбозону афсароне, ки баҳри ҳифзи Ватан - Модар дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат карда истодаанд, минннатдории худро баён менамояд».

Ин ташкилот изҳори умедворӣ кардааст, ки дар оянда низ Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри расидан ба мақсадҳои нек кӯшиш менамояд.

NoTorture.Tj