Шиканҷа амали нораво ва ҷиноят аст

Шиканҷа ин азиятдиҳии ҷисмонию руҳӣ бо мақсади гирифтани иттилоот, ҷазо додан ё гирифтани қаноатмандии ғайримуқаррарӣ ба шумор меравад.

Новобаста аз он, ки шиканҷа аз ҷониби ҳуқуқи байналмилалӣ, Конститутсия ва қонунҳои ҳамаи давлатҳо манъ карда шудааст, ҳолатҳои истифодаи амали мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони сохторҳои қудратӣ ба назар мерасанд. Истифодаи шиканҷа ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии инсонро дағалона вайрон мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи инсондӯстиро касб намуда, дар ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолона иштирок мекунад. Самти муҳими чунин ҳамкориҳо  пешгирӣ намудани шиканҷа ва муқовимат ба он мебошад. Бо ин мақсад Тоҷикистон ба як қатор санадҳои байналмиллалии пешгирӣ намудани шиканҷа ва муқовимат ба он, ба мисли Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон (соли 1995) ва дигарҳо ҳамроҳ гардида, вобаста ба онҳо уҳдадориҳои дахлдор гирифтааст. Яке аз чунин уҳдадориҳо ин пешгирӣ ва мубориза бар зидди шиканҷа мебошад.

Моддаи 7 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ менамояд, ки «Ҳеҷ кас набояд таҳти шиканҷа ё муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафи ӯ қарор дода шавад. Аз ҷумла, ягон шахс набояд бе ризоияти озодонаи ӯ таҳти озмоиши тиббӣ ё илмӣ қарор дода шавад».

Тибқи моддаи 2 Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф ҳар як давлати иштирокчӣ бояд чораҳои самарабахши пешгирии амалҳои шиканҷа, ба мисли қонунгузорӣ, маъмурӣ, судӣ ва дигар чораҳоро андешад. Дар моддаи мазкур омадааст, ки ҳеҷ ягон ҳолати истисноӣ, чӣ хеле, ки онҳо набошанд, хоҳ ҳолати ҷангӣ ё таҳдиди ҷанг, ноустувории дохилии сиёсӣ ё ҳама гуна дигар вазъияти фавқулодда наметавонад барои шиканҷа асос шавад. Фармони сардори болоӣ ё мақомоти ҳокимияти давлатӣ наметавонад асос барои шиканҷа шавад. Моддаи 4 Конвенсияи мазкур давлатҳои иштирокчиро уҳдадор менамояд, ки тамоми амалҳои шиканҷаро мутобиқи қонунгузории ҷиноии худ ҷиноят эътироф намоянд.

Шиканҷа дар ҷумҳурӣ дар сатҳи Конститутсия манъ карда шуда, дар банди 3 моддаи 18 Конститутсия омадааст, ки «ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад».

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истифодаи азобу шиканҷаро манъ намуда, нисбати ин кирдор ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст. Бо Қонуни ҶТ аз 16 апрели соли 2012 ба Кодекси мазкур моддаи нави 1431 бо номи «Шиканҷа» ворид карда шуд.

Аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020 ва Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба Гузориши сеюми даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолгардонии кӯшишҳо ҷиҳати мубориза бо шиканҷа, баррасии масъалаи ҳамроҳ шудан ба Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф; чораҷӯӣ ҷиҳати беҷазо намондани шахсоне, ки истифодаи шиканҷа ва ё муносибати бераҳмонаро раво донистаанд, ворид намудани тағйирот ба моддаи 1431Кодекси ҷиноятӣ ва зиёд кардани муҳлати маҳрумӣ аз озодӣ барои истифодаи шиканҷа, ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагони шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо, ҳимоягарони ҳуқуқ ва рӯзноманигорон, ба забони давлатӣ тарҷума кардани ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ дар самти озодӣ аз шиканҷа ва дигарҳо тавсияҳо пешниҳод гардидаанд.

Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ низ истифодаи зӯроварӣ ва шиканҷаро нисбати иштирокчиёни мурофиа манъ намуда (қисми 2 моддаи 10), дар хусуси ғайри қобили қабул ҳисобидани далел бо сабаби истифода намудани шиканҷа ё муносибати бераҳмона муқаррарот пешбинӣ намудааст (моддаи 88 (1). Қобили тазаккур аст, ки дар кодекси мазкур (сархати 4 банди 1 моддаи 27) меъёре мавҷуд аст, ки қатъ намудани парвандаҳои ҷиноятиро вобаста бо сабаби қабули санади авф пешбинӣ менамояд, ки меъёри мазкур ба парвандаҳои ҷиноятии марбут ба шиканҷа низ дахл дорад.

Қисми 2 моддаи 10 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ азобу шиканҷа додани маҳкумшуда ё нисбат ба ӯ муносибати бераҳмона ва ё ғайриинсонӣ кардан ё шаъну эътибори ӯро паст задан, таҳти тадқиқоти тиббӣ ё дигар тадқиқоти илмӣ, ки метавонад ҳаёт ва саломатии ӯро таҳти хатар гузорад, ҳатто бо розигии ӯ қарор доданро қатъиян манъ намудааст.

Меъёрҳо оид ба пешгирии шиканҷа дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароитҳои дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» аз 28 июни соли 2011 низ пешбинӣ шуда, дар моддаи 3 он омадааст, ки «ба ҳабс гирифтан бо мақсади азобу шиканҷа ва расонидани дигар зарари ҷисмонию маънавӣ манъ аст».

Масъалаҳои шиканҷа ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва манъи истифодаи шиканҷа Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро ҳамчун мақомоти иловагии ҳимояи ҳуқуқ бетараф гузошта наметавонад. Бо ин дарназардошт мусоидат ба риояи ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодӣ аз шиканҷа, пешбурди фаъолият дар ин самтҳо яке аз афзалиятҳои муҳими Стратегияи рушди мақомоти ВҲИ барои солҳои 2011- 2015 ва барои солҳои 2016-2020 арзёбӣ гардидааст.

Боздид ва мониторинги муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, кормандони Дастгоҳи он ва Гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон имконият медиҳанд, ки шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф саривақт пешгирӣ карда шаванд.

Ҳамин тариқ санадҳои байналмилалӣ ва миллӣ дорои меъёрҳои зиёде мебошанд, ки шиканҷаро амали нораво ва ҷиноят ҳисобида, истифодаи онро манъ ва ҳифзи зарардидагони онро пешбинӣ менамоянд. Мавҷудияти меъёрҳои мазкур далели онанд, ки аз ҷониби давлат ҳуқуқи шаҳрвандон ба дахлнопазирии шахсӣ кафолат дода мешавад.

М. Ашӯров,
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии
Дастгоҳи ВҲИ ҶТ

 

ombudsman.tj