Шикоят аз шиканҷа тӯли қариб як сол: Ҳанӯз ҳам аз адолат дараке нест

Шиканҷа шудани гумонбарони амалҳои ҷиноятӣ аз масъалаҳои доғест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Коршиносон мегӯянд, кор гирифтан аз шиканҷа яке аз роҳҳои осони ба даст овардани маълумот дар бораи ҷиноят ва ё барои ба дӯши гумонбаршуда бор кардани он мебошад.

Имрӯзҳо нафарони зиёд аз волидайну наздикони боздоштшудаҳо ва маҳбусон ба рӯзномаву ҳафтаномаҳои даврӣ бо шикоят аз шиканҷа муроҷиат мекунанд ва хоҳиш менамоянд, то арзу додашонро тариқи расона ба кафили ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бирасонанд. Мазмуни муроҷиатҳо якхелаанд. Эшон аз шиканҷа шудани наздиконашон зимни боздошт дар шуъбаҳои милиса ва аз ин роҳ бор кардани ҷиноят ба гардани онҳо шикоят мекунанд. Овозаҳо дар мавриди фавти гумонбаршудагон дар чунин маконҳо низ шунида мешавад, ки бино ба гуфтаи наздикон, он бар асари шиканҷа рух медиҳад.

Як мисоли равшани ин гуфтаҳо марги марҳум Расул Назаров, зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мебошад, ки 11 моҳ қабл (шаби 28 ба 29 марти соли 2018) дар ШВКД-2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҳалокат расида буд сол. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва бељазої дар Тоҷикистон бо дархости Садбарг Бобохонова, завҷаи марҳум Расул Назаров барои таҳқиқи ҳодисаи марги мармузи шавҳараш адвокат пешниҳод кард. Ҳарчанд аз ҷониби ҳимоятчӣ Саодат Тюряева барои таҳқиқи ҳодиса ба мақомоти тафтишотӣ дархостҳои зиёд пешниҳод гардида бошад ҳам, вале ба натиҷае нарасиданд.

Тасмим гирифтем, ки вобаста ба ин қазия тадқиқоти журналистӣ гузаронида, бо наздикони марҳум ва нафарони огоҳ аз ин қазия суҳбату вохӯриҳо анҷом диҳем.

Сараввал бояд каме дар бораи ҳодисаи марги Расул Назаров маълумот диҳем, то барои хонандаи азиз қазия рушан гардад.

 Назаров чӣ гуна ба ҳалокат расидааст?

Марҳум Расул Назарови 39-сола бо оила ва 3 фарзандаш 12 соли охир аз шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Душанбе кӯчида омадааст ва дар яке аз марказҳои таъмири мошин дар маҳалли 46-уми шаҳри Душанбе фаъолият мекард. Ӯ бегоҳи 28-уми марти соли 2018 бо гумони нигоҳдории маводи мухаддир аз тарафи маъмурони милисаи ШВКД Сино-2 боздошт шуд ва субҳи рӯзи дигар наздикон ҷасадашро аз бемористони шаҳраки “Шифобахш” (Қарияи Боло) гирифтанд. Мақомот сабаби марги Абдурасул Назаровро истеъмоли аз меъёр зиёди маводи мухаддир гуфтаанд, вале наздикони марҳум Назаров иддаои мақомотро комилан рад мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ маводи мухаддир истеъмол намекард. Эшон бар он назаранд, ки Расул Назаров дар натиҷаи латукӯби шадид ва шиканҷаи маъмурони милиса ба ҳалокат расидааст, зеро дар баданаш изи латукӯбу доғҳои зиёд дида шудааст. "Пеш аз гӯронидан изи латукӯб ва доғҳоро наворбардориву акс гирифтем",- мегӯянд онҳо.

Абдусамад Назаров, бародари марҳум Расул Назаров мегӯяд, бародараш бар асари шоҳидии бардуруғ ва маҷбурии ҷиянаш Хуршед Сатторов боздошт шудааст. Бино ба гуфтаи ӯ, милисаҳо ҷиянашро барои миқдори андаки афюн барои истифодаи шахсияш боздошт карда, таҳти фишору шиканҷа қарор додаанд ва аз ӯ талаб кардаанд, то аз кӣ гирифтани маводи мухаддирро иқрор шавад. «Хуршед Сатторов ноилоҷ исми писари тағояш, яъне бародари ман Абдурасулро ба забон меорад. Танҳо ҳамин сабаб шуд, ки бародари маро боздошт кунанд ва дар рафти бозпурсӣ шиканҷа дода, ба ҳалокат расонанд».

Садбарг Бобохонова: Милисаҳо бо ман муомилаи бад карданд

Садбарг Бобохонова, ҳамсари марҳум Расул Назаров мегӯяд, шаби 28-уми марти соли 2018 шаш нафар бо либоси мулкӣ, бидуни он ки худашонро муаррифӣ кунанд, ба хонааш зада даромадаанд ва ӯро тела дода, аз пой афтондаанд.

 - Онҳо ба кӯдаконам, ки аз тарс гиря мекарданд, аҳамият надода, хонаро кофтуков карданд, вале чизе наёфтанд. Яке аз ин одамон дар таги дари даромад меистод ва дигараш телефон дар даст ба наздам омада гуфт, ки ҷавоб диҳам. Аниқ медонам, ки рақами телефони шавҳарам набуд, вале аз он сӯи гӯшӣ овози Расулро шинохтам. Ӯ гуфт, сатили наскро ба ин нафарон диҳам ва аз фурсат истифода карда, гуфт, ки дар шуъбаи милиса аст. Пас аз ин гуфтугӯи кӯтоҳ, милиса бо қаҳр телефонро аз дасти ман кашида гирифт ва дод зад, ки “вақте омадам ба ту отделро нишон медиҳам”. Баъд се нафар ба  балкон рафтанд, ки сатили наскро пайдо кунанд, вале мо дар хона наск надоштем. Он ҷо танҳо ду сатил- яке мураббо ва дигарӣ капусти бо намак хобондашуда буд. Пас аз он ки онҳо сатилро наёфтанд, баромада рафтанд. Ҳангоми аз хона баромадан, онҳо миёни худ мегуфтанд, ки Расул онҳоро фиреб додааст. Яке аз онҳо гуфт, ки пас аз 15 дақиқа шавҳаратро ҷавоб медиҳанд, вале ҷасадашро ба мо доданд,-гуфт Садбарг Бобохонова.

 Талаби модар: Қотилони писарамро пайдо кунед!

Модари марҳум Расул Назаров - Мирзоева Савлатбии 62 сола, ки лакнати модарзодии забон ва узви шунавоӣ дорад, аз гиряи зиёд дар ғами ҷигарбанди ҷавонмаргаш нури чашмонаш ҳам хира шудааст. Суханони модарро танҳо фарзандону наздикон мефаҳманду ба дигарон мерасонанд. Модар аввалан аз Худованд ва баъдан аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як хоҳиш ва талаб дорад, ки қотилони фарзанди ҷавонмаргашро пайдо кунанду ҷазои сазовор диҳанд, вале муттассифона, бо гузашти 11 моҳ аз марги фарзандаш то ҳанӯз аз адолат дараке нест.

 Духтари марҳум: Мехоҳам қотилони падарамро пушти панҷара бинам

Марҳум Расул Назаров аз завҷаи қаблиаш, ки 13 сол пеш ҷудо шудаанд, як духтар дорад. Сарвинозро, ки айни ҳол 15 сол дорад, марги нобаҳангоми падараш ҷигархун кардааст.

Ӯ зимни суҳбат бо чашмони ғарқи ашк, аз кафили ҳуқуқҳои мардуми Тоҷикистон Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чун бибии ҷигархунаш танҳо як талаб кард: Қотилони падарашро пушти панҷара бубинад, то дарди бепадарии фарзандонашонро эҳсос кунанду ба дигарон дарси ибрат шавад.

Ҳарчанд бо муроҷиати Садбарг Бобохонова, ҳамсари марҳум Расул Назаров ин қазия аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон пайгирӣ ва кӯшишҳои зиёд барои дарёфти омили марги Назаров шуда бошад ҳам, вале бо гузашти беш аз 8 моҳ ба натиҷае нарасиданд ва Садбарг Бобохонова бо навиштани ариза аз ёрии ҳуқуқии минбаъда даст кашид, зеро муроҷиатҳояш дар марҳилаҳои гуногун натиҷаи назаррасеро надод.

 Бародарон: Мо аз даъво даст намекашем ва то Президент меравем

Абдусамад Назаров, бародари марҳум Расул мегӯяд, ба ӯ барои хомӯшияш ва даст кашидан аз даъво 40 ҳазор доллар пешниҳод кардаанд, вале қабул накардааст.

- Мо ҳеҷ гоҳ бародарамонро намефурӯшем ва то охир барои ба ҷавобгарӣ кашидани қотилон мубориза хоҳем бурд. Оне, ки зани бародарам аз даъвояш даст кашидааст, маънои онро надорад, ки мо ҳам аз бародарамон даст кашида бошем. Ҷиноят содир шудааст ва бояд омилони он ба ҷинояти кардаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд!,- гуфт Абдусамад Назаров.

Бино ба гуфтаи вай, феълан сардори ШВКД-и Сино-2 фарзанди яке аз мақомдорони сатҳи баланди Ҳукумат аст, аз ин рӯ, ошкор гардидани ҷиноят дар ин ниҳод метавонад ба обрӯю мартабаи ӯ латма ворид кунад.

 Абдусамад Назаров, бародари марҳум Назаров мегӯяд, барояшон роҳи бозгашт вуҷуд надорад ва барои барқарор шудани адолату ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани омилони марги бародараш то охир мубориза хоҳанд бурд.

Тибқи ҳуҷҷатҳои аз Эътилофи ҷомеаи шањрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ пешниҳод гардида, рӯзи 27-уми августи соли 2018  аз Прокуратураи шаҳри Душанбе ба дархости адвокат ҷавоб расидааст, ки 6-уми июли соли 2018 қарор дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ содир шудааст, аммо ду рӯз пас, 8-уми июл қарори мазкур бекор карда шудааст.

Дархостҳои журналистӣ бо гузашти беш аз 4 моҳ беҷавоб монданд

Бо дастрасии моддаи 30 Конститутсияи ҶТ ва моддаҳои 5, 6, 23, 24 ва 28 Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма” (ВАО) ба Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва Прокуратураи шаҳри Душанбе дархости журналистӣ ирсол намудаву аз ин ниҳодҳо хостем, то ба чанд суол, ки метавонанд барои омода намудани мавод кӯмак кунанд, ҷавоб гӯянд. Ба дархостҳо, ки санаи 25 ва 26-уми моҳи октябри соли 2018 таҳти рақамҳои 293, 294, 295 ба ниҳодҳои мазкур ирсол гардида буд, мутаассифона, бо нақзи моддаҳои 23 ва 24-и Қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва гузашти беш аз 4 моҳ посух гирифта нашуд.

Суолҳои дархости журналистӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе чунин буданд:

1. Оё даст доштани Расул Назаров дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир исбот шудааст?

2. Иддаои наздикони марҳум Расул Назаров, ки гӯё номбурда дар пайи шиканҷа дар ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидааст, асоси воқеӣ дорад?

3. Оё хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ гирифта шудааст ва он сабаби марги Назаровро чӣ гуна шарҳ медиҳад?

4. Сабаби гузаронидани ташхиси судӣ-тиббии дуюм чӣ буд?

5. Оё вобаста ба ҳолати марги Назаров парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст? Агар боз шуда бошад, он айни ҳол дар кадом ҳолат қарор дорад?

Суолҳоро ба ВКД ва Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе каме дигар хел пешниҳод кардем:

1. Вобаста ба қазияи марги Расул Назаров аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ санҷиши хизматӣ гузаронида шудааст ва чӣ чораҳо андешида шудааст?

2. Чаро пас аз бад шудани вазъи саломатии боздоштшуда Расул Назаров дар ШВКД-2 кормандони милиса ба табибони “Ёрии таъҷилӣ” муроҷиат накарда, худашон ӯро ба беморхона расонидаанд?

3. Оё даст доштани Расул Назаров дар нигоҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир исбот шудааст?

4. Иддаои наздикони марҳум Назаров, ки гӯё номбурда дар пайи шиканҷа дар ШВКД-и ноҳияи Сино-2 ба ҳалокат расидааст, асоси воқеӣ дорад?

Муроҷиатҳои хаттӣ ва чанд бори дигар шифоҳӣ, мутаассифона, бо гузашти зиёда аз 2 моҳ беҷавоб монданд.

Танҳо пас аз як муроҷиати шифоҳӣ бо имзои муовини аввали сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе Назарзода Ш. Р. санаи 10-уми ноябри соли 2018 ба мо посухи хаттӣ расид, ки он ҳам натавонист дар таҳияи матлаб кӯмакамон кунад. Дар посух омадааст, “... доир ба далели мазкур ва додани баҳои ҳуқуқӣ ба ҳаракатҳои кормандони милитсияи ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо дарназардошти моҳияти масъала, аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе, ҳамчун мақомоти таъминкунандаи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, инчунин назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз тарафи ҳамаи сохторҳо, санҷиши пурра, воқеъбинона ва ҳаматарафа ба амал бароварда шудааст. Аз ин лиҳоз, барои гирифтани ахбори муфассали дақиқ оид ба натиҷаи санҷиши далели мазкур ва маълумоти зарурӣ доир ба саволҳои дар дархост қайдгардида, тавсия дода мешавад, ки ба роҳбарияти Прокуратураи шаҳри Душанбе муроҷиат намоед”.

Чун аз пайи ҷавоби дархост ба Прокуратураи шаҳри Душанбе рафтем, аз ин ниҳод иттилоъ доданд, ки санаи 17-уми ноябр тариқи “Почтаи тоҷик” ба дархостамон ҷавоби хаттӣ ирсол кардаанд. Ҳайратовар он аст, агар ин ниҳод мактуб равон карда бошад, пас чаро бо гузашти беш аз чор моҳ ба суроғааш омада намерасад? Ин дар ҳолест, ки бино ба маълумоти намояндагони “Почтаи тоҷик”, мактубҳои муқаррарӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе на дертар аз се рӯз ва мактубҳои махсус дар давоми як рӯз ба суроғаи даркорӣ расонида мешаванд.

Муроҷиатҳои пай дар пай ба мақомоти Прокуратураи шаҳри Душанбе барои гирифтани нусхаи ҷавоби дархости журналистӣ то омода гардидани ин матлаб бефоида анҷом ёфт. Ҳарчанд аз ҷониби муовини аввали прокурори шаҳр Мирзозода Искандаршо ба масъулин барои ба мо додани нусхаи ҷавоби дархост супориш ҳам дода шуд, вале мутаассифона, нусха дастрасамон нашуд. Чун муроҷиат мекунем, иҷрои супоришро яке ба дигаре ҳавола мекунад (сабтҳои телефонӣ мавҷуданд).

Як манбаи огоҳ аз қазияи Расул Назаров дар Прокуратураи шаҳри Душанбе, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, зимни санҷиш фарзияи дар натиҷаи латукӯб ва шиканҷа дар ШВКД-2 ноҳияи Сино ба ҳалокат расидани Расул Назаров исботи худро наёфт, аз ин рӯ, вобаста ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз нашудааст. Аммо ба қавли ин намояндаи Прокуратураи шаҳри Душанбе, тафтишоти ҳодиса то ҳануз ба анҷом нарасидааст ва он идома дорад.

Иддаои дар натиҷаи латукӯб ва шиканҷа ба ҳалокат расидани Расул Назаров дар ҳолест, ки мутахассисони муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ»-и воқеъ дар корпуси рақами 15-и «Шаҳраки шифобахш» онро рад мекунанд.

Дар ташхиси аввалин, ки пас аз марги Назаров анҷом дода шуд, сабаби фавташ аз меъёр зиёд истеъмол кардани маводи мухаддир гуфта мешуд. Нобоварии наздикони марҳум ба шаффофияти ташхиси гузаронидашуда ва талаби дубораи баргузории ташхиси холисона бо ширкати мутахассисони Вазорати мудофиа ва Дивизияи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба он оварда расонд, ки пас аз 10 рӯз ҷасад барои озмоиш аз қабр берун кашида шуд, вале мутаассифона, ташхиси дуюмбора бе иштироки мутахассисони ниҳодҳои номбурда сурат гирифт. Экспертизаи дуюмҳам мавҷуд аст, вале натиҷаҳои он ба мо номаълум аст, зеро ба ҳуҷҷати макур дастрасӣ надорем.

Муовини директори муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ»-и вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон Бозоров Шарифбек дар суҳбат гуфт, масъалаи гузаронидани экспертизаҳои тиббию судии шаҳрвандон дар марказ дар асоси роҳхат ё қарори мақомотҳои қудратӣ, аз ҷумла прокуратура, милиса, амният сурат мегирад.

-- Ҳамчунин, дар асоси аризаи инфиродии худи шаҳрванд низ оид ба ҳолатҳои кор экспертизаи тиббию судӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми муоинаи тиббӣ агар дар бадани шаҳрванд пайи ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, аз қабили хароша, захм, хуномос дарёфт гарданд, онҳо аксбардорӣ карда мешаванд. Ҳолатҳое, ки агар дараҷаи вазнини зарар ба саломатии шаҳрвандро дар қисмати сар, қафаси сина, шикам ва дигар қисматҳо муайян кардан даркор бошад, барои ташхисҳои иловагӣ, аз қабили акси ренгенӣ, томографияи компютерӣ ва ё муоинаи мутахассисон шаҳрванд ба Маркази миллии тиббӣ фиристода мешавад. Бо назардошти ташхисҳо ва санадҳои мутахассисони соҳа, ҳамаи он ба инобат гирифта мешаванд ва хулосаи экспертизаи тиббӣ-судӣ тартиб дода мешавад,- гуфт Ш.Бозоров.

Номбурда мегӯяд, ҳолатҳои кушодани ҷасад барои муайян кардани сабаби марги шаҳрванд бо қарори мақомоти прокуратура таъйин карда мешавад ва он ба таври шаффоф сурат мегирад. «Вақте аз ҷониби мутахассисони марказ ҷасад кушода мешавад, ҳама гуна ҷароҳатҳо аксбардорӣ мешаванд ва мавриди ташхиси амиқ қарор дода мешаванд. Агар аниқ карда шавад, ки сабаби марг ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бошанд, ҳатман он дар хулоса дарҷ карда мешавад. Агар сабаби марг беморӣ бошад, аз ҳисоби беморӣ гуфта санад тартиб медиҳем ва хулосаҳоро ба мақомоти қудратӣ пешниҳод мекунем».

Ҳарчанд ташхиси сабаби марги марҳум Расул Назаров аз ҷониби муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ» сурат гирифта бошад ҳам, бо сабаби сирри тафтишотӣ на директори муассисаи мазкур Шарифов Маҳмадшариф ва на муовини ӯ Шарифбек Бозоров дар бораи эксгуматсияи ҷасад ва натиҷаҳои он маълумоте пешниҳод кардан нахостанд ва гуфтанд, ки вобаста ба ин масъала ба прокуратураи шаҳри Душанбе муроҷиат намоем. 

Прокуратураи генералии Тоҷикистон мегӯяд, вобаста ба пешгирии шиканҷа назорати қатъиро ба роҳ мондааст ва ҳар як муроҷиату арзу шикояти шаҳрвандон нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои роҳ додан ба ҷиноят дар намуди шиканҷа ҷиддан мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон рӯзи 29-уми январ соли  2019, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар соли 2018 аз ҷониби ин ниҳод 4 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба шиканҷа оғоз карда шудааст.

— Аз 4 парвандаи ҷиноятӣ дутояш ба суд ирсол гардида, шахсони гунаҳкор аллакай маҳкум карда шудаанд, — гуфт прокурори генералӣ.

Аммо, дар мавриди он ки ин қонуншиканиҳо вобаста ба шиканҷаи гумонбарон дар ҷиноят аз ҷониби кӣ ва намояндагони кадом мақомот сурат гирифтааст, маълумоти бештаре дода нашуд.

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон вобаста ба даст доштани кормандони милисаи ШВКД Сино-2 шаҳри Душанбе дар марги сокини шаҳри Кӯлоб Расул Назаров гуфт, парвандаи ҷиноятӣ дар тафтишот қарор дорад. «Дар сурати тасдиқ шудани гунаҳкории кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, албатта, онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, парвандаро ба суд ирсол мекунем», — гуфт Юсуф Раҳмон.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон иттилоъ дод, ки соли гузашта аз ҷониби ташкилотҳои узви Эътилоф 44 муроҷиат оид ба шиканҷаву муносибати бераҳмонаи эҳтимолӣ ҳуҷҷатгузорӣ гардидааст. Аз рӯи 41 парванда аз манфиатҳои қурбониёни шиканҷаву муносибати бераҳмона ва аъзои оилаҳои онҳо намояндагӣ карда шудааст, ки аз ин шумора 38 парвандаи нав ва 3 парванда аз солҳои қаблӣ мебошанд.

NoTorture.Tj