Шоҳиён: Дар нимсола як масъул барои шиканҷа маҳкум шудааст

Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён шиканҷа шудани боздоштшудаҳоро барои додани баёноти худиқрорӣ дар рафти тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ дар кишвар “масъалаи ҷиддӣ” унвон карда, аз мавҷудияти чунин амал зимни тафтишот изҳори нигаронӣ намуд.

Номбурда рӯзи 17-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш дар ҳузури хабарнигорон гуфт, масъалаи шиканҷа шудани боздоштшудаҳо масъалаест, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор мегирад.

- Миёни Ҳукумати Тоҷикистон, сохтору мақомоти дахлдор ва ташкилоти байналмилалии зидди шиканҷа дар масъалаи шиканҷа суҳбатҳои ҷиддӣ сурат мегирад. Аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи давлатӣ вобаста ба пешгирӣ кардани ҳолатҳои мазкур чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст, вале мутаассифона, содир гардидани ин кирдори ғайриқонунӣ аз ҷониби шахсони масъул то ба ҳол идома дорад,- гуфт раиси Суди Олии Тоҷикистон Шоҳиён.

Раиси Суди Олии Тоҷикистон дар идома афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2017 танҳо як парванда нисбати як нафар вобаста ба шиканҷа дар Суди Олӣ баррасӣ гардидаву исботи худро ёфта ва шахси масъул маҳкум карда шудааст.

Раиси Суди Олии Тоҷикистон дар мавриди бо роҳи зӯрӣ ва шиканҷа гирифтани баёноти худиқрории гумонбаршудаҳо, ки ба гуфтаи наздикони онҳо, дар натиҷаи шиканҷа аз ҷониби тафтишоти пешакӣ ба даст оварда мешавад ва дар мурофиаи судӣ аз тарафи судшаванда рад гардидани нишондоди пешакӣ гуфт: “Қонунгузорӣ тартиби баҳо додани далелҳоро муайян кардааст, қарорҳои дахлдори Пленуми Суди Олӣ ҳам вобаста ба гунаҳгор донистани шахс ё баровардани ҳукми айбдоркунанда мавҷуданд. Вақте ки бо роҳи истифода бурдани зӯрӣ ё ғайриқонунӣ дар рафти тафтишоти пешакӣ баёноти худиқрории шахси гумонбар ё айбдоршаванда гирифта мешаваду шахс дар мурофиаи судӣ аз ҳама баёноти дар тафтишоти пешакӣ додааш даст мекашад, суд ба ҳама ҳолатҳои кор баҳо медиҳад. Ҳангоми тафтиши ҷиноят баёноти худиқрории гумонбаршуда барои ҳал кардани гунаҳгорию бегуноҳии шахс басанда нест. Суд ба ҳолатҳои дигар, шоҳидон, хулосаи экспертизаи судӣ ва дигар амалҳои тафтишотие, ки аз ҷониби сохтору мақомоти дахлдор гузаронида шудааст, баҳо медиҳад. Суд муқоиса мекунад, ки оё нишондодҳои худиқрории шахси гунаҳгоршаванда ба ҳолати воқеии кор мувофиқ аст ё не. Дар сурати таҳлилу баррасии амиқи парванда суд метавонад ё ҳукми айбдоркунанда барорад ва ё сафедкунанда”.

NoTorture.Tj