Сокинони Хоруғ гузориши Тоҷикистонро дар назди Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ дур аз воқеъият хонданд

Наздикони қурбониёни ҳаводиси  Хоруғ аз гузориши намояндаи Тоҷикистон дар назди Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ  норозӣ ҳастанд ва мегӯянд, ки аксари қурбониёни амалиёти 24-уми июли соли гузашта сокинони маҳаллии  бесилоҳ буданд.

Ба гуфтаи наздикони қурбониён, иддаои намояндаи  Тоҷикистон дар нишасти Кумита дар Женева оид ба 21 қурбонии амалиёт, ки гӯё  алайҳи нерӯҳои давлатӣ муқовимати мусаллаҳона нишон дода буданд,  асоси воқеӣ надорад.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» роҳбари «Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир» Манучеҳр Холиқназаров гуфт, огоҳ накардани мардум аз шурӯъ шудани амалиёт сабаби аслии фавти зиёди сокинони маҳаллӣ гашт.

Дар сӯҳбат бо «АП» устоди донишгоҳи Хоруғ Лолабегим Давлатназарова аз марги шогирдаш Мирзоҳасанов Писарҷон ёдовар шуда, гуфт, ки ӯ дар рӯзи амалиёт дар назди хонаи иҷора кушта шуд. «Сӯрохиҳои  деворҳои ин манзили иҷора аз тир  ва хобгоҳи сӯхтаи омӯзгорон ҳанӯз ҳам  даҳшатҳои ҷангро ба ёд меоранд. Ман Мирзоҳасановро мешинохтам. Ӯ падар надошт ва нав ҷойи кор ёфта буд», - нақл кард Давлатназарова.

Дар ҳамин ҳол  бо гузашти қариб як сол аз амалиёти Хоруғ қотилони ду нафар қурбонии дигари ҳаводис - Рашид  ва Воҳид  Шодмонбековҳо то ҳол муайян нашудаанд. Ба гуфтаи волидони қурбониён, онҳо аз мақомоти додситонӣ талаб  карданд, ки қотилони писаронашон  муайян ва тибқи қонун  дар  додгоҳ  муҷозот  шаванд, аммо то ҳол хабаре аз натиҷаи тафтишот нест. Ба гуфтаи онҳо, фарзандонашон 10-уми августи соли 2012 дар автомашинаи  сабукрав дар постгоҳи Бидурд  бидуни огоҳӣ аз ҷониби сарбозони ҳукумат мавриди тирпаронӣ қарор гирифтанд.

Раиси  бахши шаҳрии  Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Асрор  Булбулов дар сӯхбат бо Хабаргузории «Азия-Плюс» гуфт, собиқ роҳбари бахши вилоятии ҲНИТ Сабзалӣ Мамадризоев аввал асир афтода, баъд кушта шуд. «Саҳнаи қатли беҳрамонаи  Сабзалӣ Мамадризоевро аз ҷониби сарбозони ҳукуматӣ наворбардори номаълум сабт кард ва он дар интернет ҷо дода шудааст. Аммо мақомоти  тафтишотӣ барои муайян кардани гунаҳкорон то ба ҳол иқдом накардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки намояндаи Тоҷикистон дар нишасти Женева гуфтааст, дар маҷмӯъ дар амалиёти Хоруғ 21 нафаре, ки алайҳи нерӯҳои давлатӣ муқовимати мусаллаҳона нишон доданд, кушта шуданд. Ҳайати  Тоҷикистон ба Кумаитаи ҳуқуқи СММ чаро нагуфт, ки дар қиболи ин гуна ҳаводис  таҳқиқоти мустақил сурат нагирифтааст ва чаро ҳайати Тоҷикистон 21 тан аз кушташудаҳоро бо қатъият аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ мешуморад?», - гуфт Булбулов.

Ба гуфтаи узви «гурӯҳи-20»  Набот  Додихудоева, барои хешовандони қурбоншудагон аламовар аст, ки наздиконашон бе гуноҳ қурбон шуданд ва боз онҳоро бар замми ин, силоҳбадаст ҳам меноманд. Ӯ мегӯяд, аз 15 то 17 қурбоншудаи амалиёти Хоруғ дар даст силоҳ надоштанд. Чун вақте он рӯзҳо ӯ бо гурӯҳи занон ҷасадҳоро ҷамъ мекард, дар дасти касе силоҳ надид.

Аммо тавре раиси  ВМКБ  Қодири Қосим чанде пеш дар нишасти хабарӣ гуфт, муайян сохтани арқоми дақиқи фавтидагон саллоҳияти сохторҳои тафтишотӣ мебошад. «Вале агар намояндаи Тоҷикистон дар нишасти Кумита гуфтааст, ки 21 нафари қурбоншудагон дар ҷараёни муқовимати мусаллаҳона кушта шуданд, пас ин масъала таҳқиқ шудааст», - қайд кард Қ.Қосим.

Вале ба гуфтаи коршиносон, пас аз амлиёти Хоруғ  ба ғайр аз комиссия оид ба муайянсозии ҳаҷми хисороти молӣ дигар ягон омӯзише дар робита ба ҳодисаи Хоруғ анҷом наёфтааст.

Ёдовар мешавем, Тоҷикистон дар назди Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи ҷараёни амалисозии Муоҳадаи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (МБҲШС) 9-уми июл ҳисобот дод.

Ҷалоли Ҷамол, махсус барои «Азия-Плюс»