Тоҷикистон дигар гунаҳкорони шиканҷаро намебахшад

Ҳукумати Тоҷикистон зери фишори ҳомиёни ҳуқуқ ва Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки ҷазо барои шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудаҳоро сахттар мекунад ва афродеро, ки даст ба шиканҷа мезананд, дигар афв наменамояд.

  • Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, рӯзи 24-уми январи имсол нақшаеро тасдиқ кард, ки бар асоси он ҳукумат дар чаҳор соли оянда тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милалро бояд иҷро кунад.

 

Тафтиши мӯшикофонаи шикоятҳо аз шиканҷа дар зиндону боздоштгоҳҳо, идораи пулис ва қисмҳои низомӣ аз бандҳои асосии нақша аст. Интизор меравад, ба зудӣ ба қонунҳои кишвар низ чанд ислоҳ ворид гардад, ки бар асоси онҳо масъулони шиканҷа мавриди афв қарор намегиранд. Инчунин, пардохти зарар ба қурбониёни шиканҷа зери назорати ҷиддӣ гирифта хоҳад шуд.

Дар нақша гуфта шудааст, зарурат ба тағйири қонун дар бораи адвокатура низ ҳаст, то онҳо барои ҳимоят аз ҳуқуқи шиканҷашудаҳо дасти бозтаре дошта бошанд.

Истиқболи ҳомиёни ҳуқуқ

Шоира Давлатова, узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, рӯзи 30-юми январ аз тасмими мақомот барои мубориза бо шиканҷа истиқбол кард. Вай гуфт, қаблан намояндагони Эътилофи зидди шиканҷа дар баррасии ин нақша иштирок доштанд ва пешниҳодҳои онҳо низ пазируфта шуд. "Агар ин нақша мавриди иҷро қарор бигирад, ба кори мо низ кумаки бузург мешавад", - афзуд ӯ.

Тоҷикистон барои муборизаи камсамар бо шиканҷа ҳамеша аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ интиқод мешунид. Аксаран мақомоти Тоҷикистонро ба он муттаҳам мекунанд, ки шикоятҳо аз шиканҷаро ҷиддӣ намегирад. Солона даҳҳо нафар аз шиканҷа шудан дар боздоштгоҳу зиндонҳо шикоят мекунанд.

"Шикоят зиёд аст, вале исбот карданаш осон нест"

Шарафҷон Раҷабов, як масъули Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, рӯзи 30-юми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шикоятҳо аз шиканҷа бештар шудааст, вале собит кардани ин ҳолат ба душворӣ даст медиҳад. Танҳо ба ин ниҳод соли 2017 ҳашт нафар муроҷиат кардаанд, вале соли 2018 шумораи шикояткунандаҳо аз шиканҷа ба 13 нафар расидааст.

"Мо ин шикоятҳоро ба Додситонии кул фиристодем. Худамон низ ин аризаҳоро санҷидем. Наздикони зиндониён шикоят карда буданд. Вақте бо худи зиндониён сӯҳбат мекунем, онҳо рад мекунанд. Ҳатто як нафар шикоят кард, ки дасти наздикашро дар зиндон шикастаанд. Рафтем, акс бардоштем, ки ҳеҷ осебу дар дасту баданаш нест", - гуфт Шарафҷон Раҷабов.

Бархе аз ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, исботи шиканҷа шудани одамон аз чанд ҷиҳат мушкил аст. "Аввал инки шиканҷа дар боздоштгоҳҳо мешавад ва шикоят дер мерасад. То замоне ки мақомот ташхис мекунанд, осори зарбу лат меравад. Баъдан ҷабрдидаҳо дар ҳузури маъмурони зиндон ё боздоштгоҳҳо суҳбат мекунанд ва на ҳама вақт ҳақиқатро мегӯянд”, - гуфт вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарифов.

Оғози нармиш ё як намоиш?

Бархе таҳияи як нақшаи вижа аз тарафи ҳукумати Тоҷикистонро як нармише медонанд, ки ба тақлид аз кишвари ҳамсояи Узбекистон ба миён омадааст. Гурӯҳи дигар ин нақшаро намоишӣ унвон мекунанд, ки ба хотири ҳисобот дар назди созмонҳои байналмилалӣ таҳия шудааст.

Икром Сафаров, муҳоҷири тоҷик дар Русия, ки қаблан дар созмонҳои маҳалии дифоъ аз ҳуқуқи башар кор кардааст, гуфт, таҳияи чунин нақша агар ҷиддӣ бошад, пас, ҳукумат мехоҳад интиқод дар робита ба поймол шудани ҳуқуқи иноснро коҳиш диҳад.

Ӯ гуфт, "Узбекистон нармиш нишон дод ва бубинед, ки миллиардҳо евро танҳо Олмон ба ин давлат сармоягузорӣ кард. Ин метавонад ба Тоҷикистон таъсир кунад. Чун танқидҳои созмонҳои байналмилалӣ боис мешавад, ки сармоягузорӣ ба Тоҷикистон кам шавад. Агар мо дар давоми шаш моҳи оянда бубинем, ки воқеан, ин нақша дар сатҳи олӣ кор мекунад, он гоҳ ин иқдомро нармиш мегӯум. Дар сурати ғайр, он бап ҷуз аз намоишкорӣ дар назди СММ нест ”

Дар Тоҷикистон барои шиканҷа аз ҷарима 15 сол зиндон пешбинӣ шудааст ва агар масъули шиканҷа корманди мақомот бошад, аз ҳаққи ишғоли мансабҳои муайян то панҷ сол маҳрум карда хоҳад шуд.

Масъулони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа мегӯянд, соли 2018 ба созмони онҳо 44 нафар аз шиканҷа шикоят кардаанд, ки 7 нафараш зан аст. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 29-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар робита ба шиканҷа танҳо чаҳор парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ду парванда барои муҳокима ба додгоҳ рафтааст

ozodi