Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Тоҷикистон ба тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева дар заминаи беҳ кардани вазъи ҳуқуқи башар дар кишвар посух хоҳад дод.
Ҷавоби ҷониби Тоҷикистон ба тавсияҳоест, ки баъди муаррифии гузориши панҷсолааш оид ба вазъи ҳуқуқи башар (солҳои 2011-2016) дар СММ рӯзи 6-уми май таҳия шудааст. Дар ин ҷаласа Тоҷикистон аз кишварҳои узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ 203 машварат шунид, ки барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар равона шудааст ва ҳамон замон 117-тои онро пазируфт. Дар робита бо 70 машварати дигараш Тоҷикистон моҳи августи имсол посухҳои худро фиристод.
Таҳмина Ҷӯраева, масъули Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонунҳо 14-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки "ин 70 тавсия асосан марбут ба тасвиб ё ратификатсияи созишномаҳои байналмилалӣ, қабули нақшаи фарогири таъмини ҳуқуқи инсон, марбут ба таъмини истиқлолияти низоми додгустарӣ, вакилон ва фаъолони ҳуқуқи инсон, озодии мазҳаб, анҷуманҳо, баёни ақида, ҳамчунин марбут ба баробарии ҷинсӣ ва хариду фурӯши одамон буд".
Дар робита бо шиканҷа Тоҷикистон ваъда додааст, ки "тадобири заруриро барои рафъи ҳодисаҳои шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо рӯи даст гирифта, омилони шиканҷаро ба ҷавобгарӣ мекашад". Айни замон ҳукумат гуфтааст, ки ҳанӯз ин кишвар омода нест Протоколи иловагии Эъломияи зидди шиканҷаро тасвиб кунад, вале тамоми чораҳоро меандешад, ки аз ин ҳодисаҳо дар муассисаҳои баста ҷилавгирӣ ва риояи ҳуқуқи инсон дар боздоштгоҳу зиндонҳо аз ҷониби ҳукумат ва созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон таъмин шавад. Ҳукумат гуфтааст, ки барои аз кишвар боздид кардани гузоришгарони вижаи ҳуқуқи башар ва озодии баён дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз рӯи муқаррарот иҷозат медиҳад.
Седрик Сапи, сухангӯи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева изҳор доштааст, ки "ҳайати ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 22-юми сентябр ба саволҳои аъзои шӯро дар бораи пазируфта шудан ё нашудани тавсияҳо посух медиҳанд. Онҳо назари худро баён мекунанд. Ин нишаст тахминан 30 дақиқа идома мекунад ва аъзои шӯрои ҳуқуқи башар гузориши ниҳоиро қабул мекунанд. Дар ин гузориш тавсияҳои ниҳоӣ ҳам ворид мешаванд".