Тоҷикистон: тағйирот дар самти сиёсати ҳимояи кӯдакон

Рӯзи байналмилалии ҳимояи кӯдаконро аллакай чанд даҳсола дар зиёда аз 60 кишвар рӯзи 1-уми июн ҷашн мегиранд. Ин ҷашни фирӯз на фақат барои хурсандӣ ташкил карда шудааст. Ҳадафи асосии онро метавон ба ҷамъият хотиррасон кардани зарурати ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон барои зиндагӣ, гирифтани маълумот, фароғат ва истироҳат ном бурд. Ин сокинони хурдакаки сайёраро бояд аз зӯроварии равониву ҷисмонӣ ҳифз намуд.

Дар сатҳи байналмилалӣ як қатор санадҳои махсус оид ба ҳуқуқҳои кӯдак вуҷуд доранд. Санади асосӣ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак аст, ки ин ҳуҷҷат уҳдадориҳои давлатро назди кӯдакон муайян менамояд. Дар ҳуҷҷат ҳамагӣ 54 моддаҳое ҷой гирифтаанд, ки ҳуқуқҳои кӯдакон ва уҳдадориҳои калонсолонро дар муносибат бо онҳо танзим менамоянд.

Дар соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро қабул кард, барои иҷрои он уҳдадорӣ гирифт ва дар сатҳи байналмилалӣ омодагии худро баҳри риояву ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдакон тасдиқ намуд. Тоҷикистон имсол сеюм маротиба ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳисобот пешниҳод мекунад, ки дар он дар бораи вазъи ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон маълумот дода мешавад. Ҷумҳурӣ шумораи зиёди тавсияҳоеро мегирад, ки ба ҳимоя ва рушди ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон равона гардидаанд.

Солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон бо қабули Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак (соли 1993) дар самти ҳимояи ҳуқуқи кӯдак тағйирот ба вуҷуд омад. Масалан: Инспексияи кор бо ноболиғон бекор карда шуда, ҳоло он сохтори алоҳида - Хадамоти пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ миёни кӯдакон ва ҷавонони назди ВКД ҶТ аст, Комиссияи кор бо ноболиғон акнун Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак аст, дар Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» тағйирот ворид гардид, ки тибқи он, дар мактабҳо истифодаи усулҳои беиҷозати таълим (гарчанде дар тавсияҳои Кумита оид ба манъи бевоситаи ҷазои ҷисмонӣ дар мактабҳо гуфта шудааст) манъ карда шудааст ва ғайра.

Сарвари давлат дар ҳар як паёми худ ба парлумони кишвар нақши муҳими кӯдакону ҷавононро дар ҳаёти ҷамъият ва давлат зикр менамояд. Соли 2015 дар самти сиёсати ҳимояи кӯдакон ду тағйироти муҳим ба вуҷуд омад. Қонуни ягонаи ҶТ «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи кӯдак» қабул шуд ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъин гардид. Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар тавсияҳо ва мулоҳизаҳои ниҳоии худ ба Тоҷикистон қайд кард, ки қонунгузории миллӣ тамоми муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба таври лозимӣ инъикос намекунад. Барои ҳамин, чораҳои пурракунандаи қонунгузориро андешидан лозим буд, ки дар натиҷа ҳамин қонун қабул шуд.

Аммо, боз соҳаҳои зиёде ҳастанд, ки дар онҳо гузаронидани ислоҳот дар самти ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон зарур аст. Масалан: дастрасии кӯдакон ба гирифтани маълумот, тандурустӣ ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ислоҳот дар самти адолати судӣ нисбати ноболиғон, аз ҷумла кӯдакони қурбонӣ ва шоҳидони ҷиноят, масъалаҳои вобаста ба ҳимояи кӯдакон аз зӯроварӣ, истисмор ва муносибати бераҳмона, кӯдакони муваққатан ё доимӣ маҳрум аз ғамхории оила, кӯдакони маъюб ва ғайра.

Ба кӯдак тамоми меъёрҳои байналмилалии зикршуда бояд тааллуқ дошта бошанд. Ин ҳуқуқҳо нисбати ҳамаи кӯдакон, бе ягон истисно ва бидуни фарқгузорӣ ё табъиз бо аломати нажодӣ, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ё ақидаи дигар, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молу мулкӣ аз замони таваллуд ё ҳолати дигар, ки ба худи кӯдак ё оилаи ӯ тааллуқ дошта бошад, бояд эътироф карда шаванд. Ба кӯдак тавассути қонун ва дигар воситаҳо бояд ҳимояи махсус таъмин гардад ва имконоту шароитҳои хубе фароҳам оварда шаванд, ки ӯ тавонад ҷисман, ақлонӣ, ахлоқӣ, руҳан ва дар муносибат бо ҷомеа солиму дар роҳи дуруст бо шароитҳои озодонаву шоиста рушд ёбад. Ҳангоми таҳияи қонунҳо бо ин мақсад, муҳтавои асосӣ бояд таъмини беҳтари манфиатҳои кӯдак бошад.

Акс аз: sputnik.tj

NoTorture.Tj