Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзҳои 27-29-уми сентябр дар шаҳри Душанбе барои адвокатҳо ва аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ тренинг баргузор мегардад. Он ба масъалаи ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона бахшида шудааст.
Чорабинӣ аз ҷониби коршиноси байналмилалӣ Русудан Бериашвили аз ташкилоти «Табибон барои ҳуқуқи инсон» (ҳаммуаллифони Протоколи Истамбулӣ), инчунин коршиносони миллӣ гузаронида мешавад.
Протоколи Истамбулӣ дастурамал барои тадқиқоти самараноку ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона ва ҷазо маҳсуб меёбад. Он талаботи байналмилалиро барои муайянсозии ҳолати қурбониёни эҳтимолии шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин дар мавриди пешниҳод кардани хулосаҳои чунин баҳогузорӣ ба мақомоти судӣ ва дигар мақомоте, ки ба тафтиши далелҳои шиканҷа масъуланд, дар бар мегирад.
Протоколи Истамбулӣ - ин натиҷаи корҳои таҳлилии сесолаи 75 коршинос дар самти тиб ва ҳуқуқи инсон мебошад, ки 40 ташкилоту муассисаро аз 15 кишвари ҷаҳон намояндагӣ мекунанд. Ин ҳуҷҷат соли 1999 бо мақсади барои давлатҳо фароҳам овардани дастури амалӣ баҳри ҳуҷҷатгузории самараноки далелҳои шиканҷа аз ҷониби СММ қабул карда шуд.
Талаботи протокол (машҳур бо номи «Талаботи Истамбулӣ») коркарди стандартҳои ҳадди ақалро дар бар гирифта, одатан аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб дар парвандаҳои судии миллӣ ва байналмилалӣ ба хотири муайян намудани далелҳои ҷисмониву равонии истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба кор бурда мешавад.