Вохӯрии кории адвокатҳои Хатлон ҷиҳати мубориза бо шиканҷа

Рӯзи 24-уми май дар шаҳри Душанбе вохӯрии кории адвокатҳои Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба ҳамкорӣ бо созмонҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва бељазої дар Точикистон дар мавзуи “Мубориза зидди шиканҷа дар Тоҷикистон: Имкониятҳо барои ҳамкорӣ” доир гардид.

Сараввал аз ҷониби директори ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон” ва намояндаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Шоира Давлатова мафҳуми “шиканҷа” шарҳу тавзеҳ додаву моддаи махусуси “шиканҷа” дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намудҳои шиканҷа фаҳмонида шуд.

Аз ҷониби узви Эътилоф Абдураҳмон Шарипов ба иштирокдорони ин вохӯрӣ иштироки адвокат дар рафти тафтишоти пешакӣ ва нозукиву фарќиятњои парвандањои “истифодаи шиканҷа” аз парвандањои асосие, ки гумонбар барои содир кардани ҷиноят ҷалб мешавад, фаҳмонида шуд.

Наҷиба Ширинбекова, сарвари ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” ва роҳбари гуруҳи Ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар мавриди ҳадафи чунин як вохурӣ зикр кард: “Мақсади вохўрии мо баҳс атрофи қонунҳои нав дар мавриди шиканҷа, муносибати ғайриинсонӣ ва паст задани шаъну шараф, муроҷиат ва ҷазо, табодули таҷриба дар ин самт ва имкониятҳо барои ҳамкорӣ буд. Ҳамчунин, иштирокдорон оид ба равиши кори адвокатӣ дар рафти тафтишоти пешакӣ, иштирок дар мурофиаҳои судӣ маълумот гирифтанд. Мавзуи дигар Протоколи Истамбулӣ дар самти ҳуҷҷатгузории тиббии қурбониёни шиканҷа ва бадрафторӣ ва нақши адвокат дар ин самт буд”.

- Иштирокчиёни вохӯрии корӣ якчанд тавсияи худро ба Эътилоф пешниҳод намуданд, ки ба пешгирии ҳолатҳои шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона ва ҳамкории самаранок барои пешгирии шиканҷа рабт дошт,- изҳор намуд Наҷиба Ширинбекова.

Дар анҷом ҳамаи иштирокдорони вохўрӣ бо фаъолияти Эътилоф, бахусус фаъолияти гуруҳҳои он, аз ҷумла гуруҳи Ёрии ҳуқуқӣ ва Гуруҳи офиятбахшӣ шинос шуда, дар мавриди ҳамкорӣ бо ин гуруҳҳо маълумот гирифтанд.

Тренерони ин вохурӣ Шоира Давлатова, директори ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон”, адвокатҳо Абдураҳмон Шарипов ва Гулчеҳра Холматова, намояндагони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, Парвина Наврўзова, намояндаи ташкилоти “Маркази ҳуқуқи инсон” ва Таҳмина Саидова, намояндаи ташкилоти “Солимии ҷамъият ва ҳуқуқи инсон” буданд.

Бояд гуфт, ки дар ин вохурӣ адвокатҳо аз вилояти Хатлон ва намояндаҳо аз идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ иштирок доштанд.

NoTorture.Tj