Зафари 38-килограмма "облава" шуд

Зиёдуллоев Зафар як нафар сокини шаҳри Панҷакент, ки облава гардид, бо вуҷуди бемориҳои зиёд доштанаш ҳудуди 10 соат дар комиссарияти ҳарбии шаҳри Панҷакент нигоҳ дошта шудааст.

Ҳарчанд масъулин "облава" шудани Зафарро инкор кунанд ҳам, вале ӯ қиссаро чунин нақл кард:

«Маро соати 9-и саҳари санаи 17-уми май аз даруни маршруткаи хатсайри №5-и шаҳр се нафар доштанд, ки ду нафарашон либоси шаҳрвандиву як нафари дигарашон либоси милиса доштанд. Онҳо маро ба комиссарияти ҳарбӣ оварданд. Кормандони коммисариат ва духтурон аз бемориҳои ман аллакай пешакӣ огоҳ буданд, чунки пеш аз ин ҷарроҳӣ  шуда будам. Ба ин нигоҳ накарда аз комиссия гузарониданд. Вақте вазни маро баркашиданд, 39 кг баромад. Онҳо бовар накарда маро ба бозори марказии шаҳр бурда, онҷо аз нав бар кашиданд, онҷо вазнам 38 кг  баромад. Боз ба комиссарияти ҳарбӣ баргаштем ва  маро бо баҳонаҳои зиёд то соати 19-и бегоҳ ҷавоб надоданд».

Дар ҳамин ҳол комиссари комиссарияти  ҳарбии шаҳри Панҷакент ҷаноби Бекташев ба мо гуфт, ки ягон корманди комиссарияти ҳарбӣ касеро "облава" накардааст. Шояд кормандони милитсия оварда бошанд, чунки мо ба онҳо барои ҳамкорӣ мактуб кардаем. Аз ШВКД дар шаҳри Панҷакент ҷалби кормандони милитсияро ба "облава" рад карданд. 

Бекташев сабаби қариб 10 соат нигоҳдорӣ шудани шаҳрвандро, ба дер омадани роҳбари комиссияи даъват, муовини авали раиси шаҳри Панҷакент Сафарзода Муҳаммадсодир ва духтурон рабт дод.

Бибиҷон Ашӯрова, "ФАРАЖ"