Article Pages

Муҳосиби беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ Ризвон Бегалиев субҳи рӯзи 3-юми октябр дар утоқи корӣ мавриди «облава»-и кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ қарор гирифта, худи ҳамон рӯз ба Комиссариати вилоятии ҳарбии шаҳри Қӯрғонтеппа интиқол дода шудааст. Нуралӣ Бегалиев, сокини ҷамоати “Озодагон”-и ноҳияи Панҷ, падари Ризвон дар сӯҳбат бо мо гуфт, писараш 22-сола буда, пас аз хатми...

04.10.2017 - 12:50

Гурез аз хидмат дар саффи артиш бо баҳонаи беморӣ ва корношоямӣ дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон афзудааст. Мақомот гуфтанд, ки ҳар сол даҳҳо ҷавон бо сабаби “негодный” (корношоям) будан ба хидмат ҷалб намешаванд. Ин ҳарфҳои мақомоти Тоҷикистон дар остонаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш садо дод. Ин маърака рӯзи 1-уми октябр оғоз ёфт ва то ду моҳи дигар идома мекунад. Мақомоти...

02.10.2017 - 12:39

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе баррасии парвандаи қурбонии бадрафторӣ Мақсуд Носировро ҷамъбаст кард. Баррасикунандаи ин парванда судя Лоиқзода Наҷмуддин Абдураҳим 28-уми сентябр дархости наздикони Мақсуд Носировро оид ба рўёнидани ҷуброни зарари маънавӣ дида баромада, ҳаҷми ҷубронро 2000 сомонӣ муайян кард. Адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Дилшод...

28.09.2017 - 12:34

Ҷасади сарбозеро, ки панҷ моҳ пеш дар як маросими кӯлчагазон бо рақсу шодӣ ва ихтиёрӣ аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба хидмати артиш рафта буд, рӯзи 25-уми сентябр ба хок супурдаанд. Маҳмадхӯҷа Қутбиддинови 22-сола аз деҳаи Фароғати ҷамоати деҳоти Тахти сангин, рӯзи якуми апрели имсол ба артиш рафт ва дар қисми ҳарбии 051058-и мутааллиқ ба Горди миллӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун хидмат мекард...

27.09.2017 - 11:23

Имрӯз Суди ҳарбии гарнизони Душанбе баррасии парвандаи Мақсуд Носировро ба рўзи дигар гузошт. Баррасикунандаи ин парванда судя Лоиқзода Наҷмуддин Абдураҳим бо сабаби зарурати пурсиши равоншинос, ки ҳаҷми зарари маънавӣ тибқи хулосаи ӯ муайян гардидааст, баррасии парвандаро ба рӯзи 27-уми сентябр, соати 9:00 ба таъхир гузошт. Ба иттилои адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва...

26.09.2017 - 15:14

Нашриёти “Ирфон” китоби Алихон Икромӣ, коршиноси судӣ-тиббиро бо номи “Чанголи аҷал” нашр кардааст, ки паҳлӯҳои норӯшани бархе ҳодисаҳои нохуш ё кушторҳои пурсарусадо, марги ногаҳонӣ дар артиш, қатли хешовандон, оқибати мастӣ ва бархе ҳодисаҳои дигари пурсарусадои солҳои охирро рӯи чоп овардааст. Яке аз қиссаҳое, ки Алихон Икромӣ аз таҷрибаи кори судиву тиббиаш навиштааст,...

18.09.2017 - 15:00

Аз 28-уми август то 1-уми сентябр аъзои Гуруҳи кории Омбудсмен ва гуруҳи мониторингии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои омўхтани таҷрибаи Ҷумҳурии Словения дар мавриди таҳияву пешбурди Механизмҳои миллии пешгирикунанда (ММП) аз ин кишвар дидан намуданд.  Интихоби ин кишвар аз рўи модели ММП-и дар он қабулшуда, бахусус модели ММП «Омбудсмен+» сурат...

18.09.2017 - 09:17

Дар давраи моҳҳои январ-июни соли 2017 аз ҷониби Гуруҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 124 матлаб дар бахши русӣ, 133 матлаб дар бахши тоҷикӣ, инчунин 10 матлаб дар бахши англисии торнамо пахш карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ шумораи боздидкунандагони торнамои Эътилоф 11 431 нафар афзуд. Рӯзи 3-юми май дар нишасте, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии...

31.08.2017 - 20:54

Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ки дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шудааст, дар нимсолаи аввали соли 2017 аз панҷ муассисаи пӯшидаву нимапӯшида ва се қисми низомӣ дидан намуд. Маркази равоншиносии вилоятӣ дар Кӯлоб, колония дар ноҳияи Б. Ғафуров, Муассисаи равоншиносии вилояти Суғд дар Хуҷанд, колонияи...

31.08.2017 - 13:44

Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон Фарҳод Назарови 26-соларо, ки мақомот ӯро барои сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ ва фирор ба Русия муттаҳам мекарданд, ба мӯлати шаш моҳ маҳкум ба зиндон кардааст. Мақомот гуфта буданд, ки Фарҳод Назаров тирамоҳи соли гузашта аз саҳни бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Мӯъминобод, дар авҷи маъракаи тирамоҳии ҷалби сарбозон ба артиш фирор кард. Нисбаташ парвандаи...

31.08.2017 - 13:23

Страницы