Article Pages

Дар нимсолаи аввали соли 2017 Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба 24 шаҳрванд - 14 мард ва 10 зан барои офиятбахшӣ гузаштан кӯмак расонд. Аз шумораи умумӣ 15 нафарашон бевосита қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона буда, 9 нафари боқимонда хешовандони қурбониёни шиканҷа ё муносибати бераҳмона...

30.08.2017 - 12:04

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати қазияи сокини ноҳияи Шаҳритуз Дӯстов Т., ки наздиконаш мегӯянд, дар натиҷаи латукӯб шудан аз ҷониби кормандони милитсия ба ҳалокат расидааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Дар посух бо имзои муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Назарзода Ҳ. ба аризаи сокини вилояти Хатлон, ноҳияи Шаҳритуз...

29.08.2017 - 10:56

Вакили дифои Шаҳбол Мирзоев, сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки соли 2014 дар артиш маъюб шудааст, аз қарори коллегияи Додгоҳи низомӣ ба Додгоҳи олӣ шикоят бурд. Ҳадаф аз ин шикоят “рӯёндани ҷубронпулии боадолатона аз нирӯҳои марзбонӣ” будааст. Шаҳболи 24-сола, сарбози қисми ҳарбии 2026-и нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, се сол қабл бар асари латту кӯби як ҳамхидматаш маъюб шуд. ​"То...

23.08.2017 - 09:01

Дар нимсолаи аввали соли 2017 аз ҷониби Гурӯҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 38 муроҷиати шаҳрвандон, ки аз шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву пастзанандаи шаъну шараф шикоят намудаанд, ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст. Дар мавриди 36 муроҷиат оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дастгирии ҳуқуқӣ амалӣ карда шудааст, ки аз он 20-тояш парвандаҳои...

19.08.2017 - 11:51

Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон 18-уми август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин сана, ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» табибони тоҷикро табрик гуфтааст. Дар номаи табрикотии ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», ки ба унвонии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа ирсол гардидааст, гуфта мешавад...

18.08.2017 - 15:42

Муҳтарам Рустам Шоҳмурод, Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми худро ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор менамоянд ва барои ҳамкориҳои самарабахш миннатдории беандозаи худро баён месозанд. Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба амалияи мусбии вазорат вобаста ба мавриди муҳокимаи васеъ қарор дода шудани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти ташкилотҳои...

10.08.2017 - 16:09

Тибқи иттилои додгоҳи низомии гарнизони Хуҷанд, давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ як парвандаи марбут ба марги сарбоз баррасӣ шудааст. Абдураҳим Бекзода, раиси Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд 4-уми август дар нишасти хабариаш гуфт, ки моҳи апрели соли равон бо ҳукми додгоҳ Бобур Бозоров, сержанти хурди қисми ҳарбии 05170 дар Панҷакент? барои латукӯбу таҳқири мунтазам ва то ба ҳадди худкушӣ...

05.08.2017 - 17:06

Сокини ноҳияи Шаҳритӯс Толибҷон Дӯстови 50-ола дарҳол баъди боздошт аз ҷониби корманони милитсия ҳалок шуд. Тибқи фарзияи расмӣ, мард аз бемории сактаи қалб аз олам даргузаштааст, вале хешовандони марҳум исрор меварзанд, ки ӯ бар асари зӯроварӣ ба ҳалокат расидааст. Толибҷон Дӯстов рӯзи 26 июл дар яке аз қаҳвахонаҳои маркази ноҳияи Шаҳритӯс боздошт ва баъди гузашти чанд соат пайвандону...

02.08.2017 - 18:22

Фарҳод Ғоибов, сокини 37-солаи Панҷакент, ки пас аз латту кӯб дар шӯъбаи милисаи ин шаҳр як гурдаашро аз даст дод, аз Вазорати корҳои дохилӣ 650 ҳазор сомонӣ ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ талаб кард. Ғоибов ду сол қабл дар идораи пулис латту кӯб шуд ва Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аризаи ӯро рӯзи 27-уми июл баррасӣ кард. Ӯ ҳоло дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар яке аз шифохонаҳо...

29.07.2017 - 18:53

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ хабар медиҳад, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати Иззатов Умиджон дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 104, қисми 2, банди “е” ва 32, қисми 3-104, қисми 2, банди “а” Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ гардидааст. Бино ба шарҳи ин хабар, Иззатов У. Э. барои он айбдор дониста шудааст...

27.07.2017 - 14:36

Страницы