Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
1.Дар ин Конвенсия мафҳуми "шиканҷа" ба маънои зерин омадааст:
"ҳама гуна амале, ки ба воситаи он ба ягон шахсе қасдан ё бо дигар сабаби ба табъизи дорои ҳама гуна хислат асосёфта дарду азоби сахт ё азоби ҷисмонӣ ё маънавӣ расонда мешавад, то ки аз ӯ ё аз шахси сеюм маълумот (баёнот) гиранд ё ӯро ба иқрор шудан маҷбур созанд, ӯро барои амалҳои содирнамудаи ӯ ё шахси сеюм ё барои гумонбар шуданаш дар содир намудани амали ҷиноӣ ҷазо диҳанд, инчунин ӯ ё шахси сеюмро тарсонанд ё маҷбур созанд, дар сурате ки чунин дард ё азоб аз ҷониби шахси мансабдори давлатӣ ё шахси дигари расмӣ, ё бо шӯрангезии онҳо ё бо огоҳии онҳо ё розигии хомӯшонаи онон расонида мешавад". Ба ин мафҳум дард ё азобҳое, ки танҳо дар натиҷаи муҷозоти қонунӣ, муҷозоти шабеҳ ё аз ҷониби онҳо тасодуфан рӯйдиҳанда бармеоянд, дохил намешаванд.
2. Ин модда ба ягон шартномаи байналмилалӣ ё ягон қонунгузории миллӣ, ки муқаррароти истифодаи васеътар дорад ё метавонад дошта бошад, зиён намерасонад.
Моддаи 1-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф