Ассотсиатсия «Машваратчиёни халкии Чумхурии Точикистон»

 

Таърих / Фаъолият:

Ассотсиатсияи «Машваратчиёни халкии Чумхурии Точикистон» шахси хукуки,

ғайридавлатӣ, ғайритиҷоратӣ ва созмони хифзи хукуки инсон мебошад, ки машваратчиёни халкии судхои Чумхурии Точикисонро дар бар мегирад.  Ассотсиатсия санаи 5-уми майи соли 2011 дар Нозироти андоз ба қайд гирифта шуда, фаъолияти худро дар шакли гурухи ташаббуси соли 2008 огоз карда буд.

Максади мо:

Мусоидат намудан дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани макоми Институти машваратчиёни халки ҳамчун қисми системаи судии кишвар, ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма ба ин фаъолият, таъмини низоми судӣ бо машваратчиёни халкии чавони арзанда.

Вазифаҳои мо:

1. Таъмини иштироки машваратчиёни халки дар раванди қабули қарорҳо;

2. Ҳифз ва дастгирии ҳуқуқҳои иҷтимоии шарвандон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ;

3. Мусоидат ба таъмини дастрасии бемонеаи карорхои суди, хамкори бо ВАО;

4. Мусоидат ба рушди ҷавонон – машваратчиёни халкии оянда.

Дар чаҳорчӯбаи вазифхои худ, Ассотсиатсияи «Машваратчиёни халкии Чумхурии Точикистон» барномаҳои зеринро амалӣ мегардонад:

1. "Мониторинги ҳуқуқҳои инсон", ки ба омодасозии гурӯҳҳои мониторинги барои гузаронидани мониторинги ҳуқуқи инсон, омодасозии ҳисоботхои таҳлилӣ, таҳияи стратегияҳо барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандн нигаронида шудааст.

2. "Нест бод шиканча!" – барномаи мазкур барои муҳофизат кардани ҳуқуқҳои шахсони гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва махкумшуда равона карда шудааст аз татбики зуровари ва гайра муносибатхои гайриинсони равона карда шудааст. Дар чаҳорчӯбаи ин барнома, таъсиси марказҳои захиравӣ барои ҷабрдидагони шиканҷа ба накша гирифта шудааст, ки дар ончо чабрдидагон метавонанд аз кӯмаки психологӣ, ҳуқуқӣ ва тиббӣ истифода баранд.

3. «Нест бод зуровари нисбати занон», ки ба хифзи хукук ва манфиатхои занон (чабрдидагони зуроварии оилави) нигаронида шуда, дар накша таъмини онхо бо ерии хукукии ройгон ба инобат гирифта шудааст.

4. «Ташаббусҳои рушди ҷавонон», ки ба таҳияи иттилооти, таълимӣ ва молиявии ҷавонон бо мақсади тайёр кардани машваратчиёни халкии мустақил, бомуваффақият ва содиқонаи низоми судии кишвар равона карда шудааст.

Лоиҳаҳои мо:

6. "Хукук ва саломатӣ"

Мӯҳлати лоиҳа: 07/02/2018 - 01/31/2019

Мақсади лоиҳа: Мусоидат барои баланд бардоштани сатҳи маълумотноки-иттилоотии шаҳрвандон оид ба гирифтни ёрии тиббии босифат.

Вазифахои лоихави: Омодасозии гурухи чавонони хукукшинос, Омода ва пахши намоиши телевизиони (токшоу) дар мавзуи  «Ҳуқуқи шаҳрвандон ба  хизматрасонии тиббии босифат», паҳн кардани когазхои иттилооти «Ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ».

5. "Оила – бидуни зӯроварӣ"

Мӯҳлати лоиҳа: 09/15/2015 - 07/15/2016

Мақсади лоиҳа: Мусоидат ба пешгирии зӯроварии хонаводагӣ тавассути баланд бардоштани дарачаи маълумотнокии иттилооти-таълимии шахрвандон.

Вазифахои лоихави: Гузаронидани тренингҳои таълимӣ ва иттилоотӣ барои иштирокчиёни лоихави; нашр ва паҳн кардани маҷалла ва плакатҳо; Омода ва пахш намудани 2 намоиши телевизиони: «Зӯроварии оилави: масъулият ва ҷазо», «Нақши ҷамъият дар бартарафсози ва пешгирии зӯроварии оидави»; нашри 3 мақола дар рузномахои минтакави ва чумхурияви.

4. «Оилаи солим – орзуи хар як кудак»

Мӯҳлати лоиҳавӣ: 01/02/2016 - 07/02/2016

Мақсади лоиҳа: Мусоидат ба таъмин намудани ятимон ва кудакони дорои масъулияташон махдуд  бо имтиезхои ичтимоии давлати, коркард ва ворид намудани тагёир иловвахои марбут ба системаи конунгузории сохаи мазкур, хифзи хукук ва манфиатхои конунии онхо.

Вазифахои лоихави: Мизи мудаввар дар мавзӯи «Такмили механизми татбиқи қонуни Чумхурии Точикистон  «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» аз 18 марти соли 2015, № 1196; Таҳия ва амалисозии барномаҳои «Ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон дар мактаб-интернатхо» ва «Модели таҳсилоти оилавӣ»; гузаронидани 5 семинар-машваратхо барои парасторони мактаб-интернатхо дар мавзӯъҳои: "Пешгирии ҷинояткорӣ", "Ҷиноят ва намудҳои ҷазо", "Вазифаи маъмуриятхои мактаб-интернатхо барои таъмини бехатарии таълимгирандагон".

­

3. "Накши машваратчиёни халки дар мурофиаи суди»

Мухлати лоихави:  11/01/2013 - 04/01/2014.

Мақсади лоиҳа: Мусоидат ба баланд бардоштани сатхи иттилооти-маълумотнокии машваратчиёни халки дар ҷараёни мурофиаи судӣ.

Вазифахои лоихави: гузаронидани семинар-машваратхо барои машваратчиёни халки, таъмини мубодилаи тачрибави баёни нав таъиншудагон ва машваратчёни халкии тачрибадор; нашри дастури иттилооти «Институти машваратчиёни халки».

2. "ВАО - чонибдори мурофиаи одилона" 

Мӯҳлати лоиҳа: 06/15/2011 - 03/15/2012

Мақсади лоиҳа: Мусоидат намудан ба баланд бардоштани нақши ВАО дар ҳалли муаммохо вобаста ба таъмини шаффофияти мурофиахои суди.

Вазифахои лоихави: Гузаронидани семинар-машваратхо оид ба принсипхои шаффофияти мурофиахои суди; гузаронидани мониторинги мурофиахои суди, сабт ва пахши барномаи телевизиони дар мавзуи «Сахми ВАО дар таъмини шаффофияти мурофиахои суди».

1. "Ширкати халк дар пешгирии шиканча» " ва "Ширкати хал дар пешгирии шиканча - 2" (лоиҳаҳои шарикӣ)

Мӯҳлати лоиҳа: 03/01/2008 - 05/11/2011

Мақсади лоиҳа: Мусоидат дар ширкати фаъолонаи машваратчиёни халки дар баррассии парвандахои суди. Баланд бардоштани сахми хукукии Институти машваратчиёни халки дар мубориза бар зидди шиканча ва дигар муносибатхои гайриинсони нисбати судшавандагон.

Вазифаҳо / фаъолиятҳои лоиҳави: гузаронидани семинар-машваратхо барои баланд бардоштани сатхи хукукии машваратчиёни халки; Гузаронидани конфронсхо ва мизхои мудаввари минтакави ва чумхурияви; Тақвияти иқтидори институтсионалии машваратчиёни халки; Беҳтар намудани заминаи қонунгузории Институти машваратчиёни халки.

Тамос:

735700, ш. Хуҷанд, Тоҷикистон

мкр-и 28, бинои 1, утоки 212

Тел: (+992) 92 641-00-55
E-mail: apart.tj@gmail.com