ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”

Таърих\Самти фаъолият:

Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” соли 2010 таъсис ёфта дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, соли 2015 азнавбақайд гирифташудааст.

Ташкилоти Ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ташкилоти ҳифзи ҳуқуқ буда аз ҳуқуқшиносон ва гурўҳи адвокатҳо иборат мебошад ва фаъолияти худро дар самти ҳимоя ва ҳифз намудани манфиатҳои ҷомеа амалӣ менамояд, аз он ҷумла дорои иқтидори таҳлилии худ мебошад.

Айни замон мо фаъолияти худро дар доираи барномаҳои (лоиҳа) зерин анҷом дода истодааст:

  1. Мубориза бар зидди шиканҷа ва беҷазої дар Тоҷикистон (истифода гардидани шиканҷа, муносибати бераҳмона ё таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон);
  2.  Ҳимояи ҳуқуқии намояндагони ВАО - ҳуқуқшиносони ташкилот ба ВАО-и дохилӣ кўмаку дастгирии ҳуқуқӣ пешниҳод менамоянд;
  3. Ёрии ҳуқуқӣ ба шахсоне, ки бинобар гирифтани қитъањои заминашон барои ниёзи      

ҷамъиятӣ ва давлат таҳти кўчонидани иҷборӣ қарор гирифтаанд- ҳуқуқшиносони ташкилот ба шарҳвандоне, ки хонаҳояшон кўчонида шуданду ҷуброни мутаносиб пардохт карда нашуд машварату маслиҳати ҳуқуқӣ пешниҳод менамоянд ва дар судҳо манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунанд..

  • Дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва иттилооте, ки ба манфиати ҷамъиятӣ мебошад
  • Мурофиаҳои судии стратегӣ, аз он ҷумла пешниҳод намудани маълумотҳои инфиродӣ ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон

Барои амалӣ намудани самтҳои фаъолияти ташкилот – ҳуқуқшиносон, адвокатҳо, намояндагони илмӣ, рузноманигорон ва дигар нафароне, ки таҷрибаи ҳифзи ҳуқуқи инсонро доранд, ҷалб карда шудаанд.

Лоиҳаи мо:

 

7. «Ҳифзи ҳуқуқи қурбониён аз шиканҷа дар Тоҷикистон»

Муҳлати лоиҳа: 09.12.2015- 08.12.2017

Мақсади лоиҳа иборат аст аз: Саҳм гузоштан дар мубориза бар зидди шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон тариқи ҳуҷҷатдории мунтазами воқеаҳои  шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона, ҳифзи ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ва пешравии андозаи озодӣ аз шиканҷа дар қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ.

Дар доираи лоиҳа пешбинӣ шудааст: Расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шахсоне, ки гирифтори шиканҷа ва муносибати бераҳмона гардиданд. Ёрии ҳуқуқӣ дар ҳолате расонида мешавад, ки аз лаҳзаи воқеан дастгирӣ муроҷиат мекунанд ва инчунин дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ ва судӣ; Ҷонибдории масоилҳои ВАО оид ба парвандаҳо аз руи шиканҷа

 --------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

6. «Дастрасӣ ба иттилоот оид ба  фаъолияти расмиёти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мухлати лоиҳа: 01.07.2015- 30.06.2016

Мақсади лоиҳа иборат аст аз: Мусоидат намудан  дар паҳн намудани иттилоот оид ба расмиёти маъмурӣ, ҳамчун як роҳи дастрасӣ ба иттилооте, ки  манфиатӣ мебошад, мусодиат менамояд.

Дар доираи лоиҳа пешбинӣ карда шудааст:

 Расонидани ёрии ҳуқукӣ оид ба мусоидат намудан  дар паҳн намудани иттилоот оид ба расмиёти маъмурӣ дар мақомотҳои давлатӣ ва иҷроия  ба намояндагони ВАО,  шаҳрвандон ва муосидат намудан оид ба масъалаҳои муроҷиат ба мақомотҳои  давлатӣ ва судӣ ба ҳуқуқшиносони ташкилотҳои ҷамъиятӣ; баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ  ҷиҳати дастрас намудани иттилоот дар байни намояндагони ВАО, ҳуқуқшиносони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон доир ба расмиётҳои маъмурии мақомотҳои давлатӣ; Таҳқиқу тадқиқи ҷанбаҳое, ки ба расмиёти маъмурӣ оид ба дастрас намудани иттилоот алоқамандӣ доранд.

   --------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

5.«Ҳифзи иштирокчиени мурофиаи суди ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Муҳлати лоиҳа: : 01 июли 2014 — 30 июняи2015 сол

Мақсади лоиҳа иборат аст аз: мусоидат намудан ба риоя ва ҳифзи давлатии  ҳуқуқи инсон ҳамчун иштирокчиёни мурофиаи суди ҷиноятӣ аз он ҷумла ба ҷабрдидагон аз шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, иборат мебошад.

Дар доираи лоиҳа пешбинӣ карда шудааст:

Расонидани ёрии ҳуқуқии ба қурбониёни шиканҷа ва намояндаҳои онҳо дар шакли расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба таъмин намудани иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ аз низоми давлатӣ; Баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии адвокатҳо ва ҳуқуқшиносони ташкилотҳо доир ба амалбароии ҳимояи давлатии ҷабрдидагон, шоҳидон ва дигар иштирокчиёни мурофиаи судӣ; Таҳқиқ намудан оид ба истифодабарии чораҳои дар сатҳи миллӣ ҳангоми таъмин намудани иштирокчиёни мурофиавии суди ҷиноятӣ Барномаи давлатии ин таъмин.

---------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

4. «Мубориза зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон»

Муҳлати лоиҳа: 23.08.2013-25.08.2014

Мақсади лоиҳа иборат аст аз: Саҳм гузоштан дар мубориза бар зидди шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон тариқи баланд бардоштани иқтидори ҳуқуқшиносони ҷавон, ҳифзи ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ва пешравии андозаи озодӣ аз шиканҷа дар қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ.

Дар доираи барнома пешбинӣ карда шудааст: расонидани ёри ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа, омузиши адвокатҳо, инчунин гузаронидани мурофиаҳои стратегии судӣ

---------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

3. «Ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот»

Муҳлати лоиҳа: 01.07.2013-30.06.2014

Мақсади лоиҳа иборат аст аз: мусоидат намудан ба дастрасии маълумот  ҷиҳати фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва маълумоте, ки барои ҷамъият зарур мебошад, барои намояндагони аъзои Эътилоф зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва намояндагони ВАО (рӯзноманигорон), иборат мебошад.

Дар доираи барнома пешбинӣ карда шудааст:

Гузаронидани таҳқиқот «Дастрасӣ ба иттилооти ташкилоти аъзоёни Эътилофи мубориза  бар зидди шиканҷа», қабулгоҳи махсуси ҳуқуқӣ барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ  ҷиҳати дастрасии иттилоотӣ ба ташкилоти аъзоёни Эътилоф ва рузноманигорони ВАО, ки мутахассис дар мавзуъҳои маърифатнокии масъалаҳои шиканҷа, гузаронидани тренингхо дар мавзуъҳои дастрасӣ ба иттилоот ва омода намудани буклетҳои иттилоотӣ амал менамояд.

---------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

2. “Ёрии ҳуқуқӣ ба шахсоне, ки бинобар гирифтани қитъаҳои заминашон барои ниёзи ҷамъиятӣ ва давлат таҳти кўчонидани иҷборӣ қарор гирифтаанд”

Ҳуқуқшиносони ташкилот ба шаҳрвандоне, ки хонаҳояшон кўчонида шуданду ҷуброни мутаносиб пардохт карда нашуд машварату маслиҳати ҳуқуқӣ пешниҳод менамоянд ва дар судҳо манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунанд.

---------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

1. «Ёрии ҳуқуқи ба воситаҳои ахбори оммаи нашркунанда»

Муҳлати лоиҳа: 01.11.2012 – 30.09.2013

Мақсади лоиҳа иборат аст аз: Мусоидат намудан ба ВАО ҷиҳати расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва анҷом додани аудити ҳуқуқии ихтиёрӣ иборат мебошад.

Дар доираи барнома пешбинӣ карда шудааст:

Расонидани ёрии тахассусии ҳуқуқӣ ба ВАО; Омодасозии ҳуҷҷатҳои дохилии ВАО  бо мувофиқа бо меъёрҳои миллии қонунгузорӣ; Таъмини зиёди қобилиятнокии зист ва мустақилият тариқи баланд бардоштани сатҳи кордонӣ; Бурдани фаъолияти рузноманигорӣ ва устувории бештари матбуот дар робита бо мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон; Баланд бардоштани иқтидори роҳбарони васоити ахбори омма.                                                                                                                                                      

Сурогаи мо

734003 ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хиёбони Рўдакӣ 137

Тел: (+992) 446 25 76 11

E-mail: ichrp.tj@gmail.com

Web site: www.hrp.tj