Аксҳо аз рӯзгори ҷабрдидаи "меҳтарсолорӣ": Шаҳбол Мирзоев

Ин аксҳо аз бойгонии намоишгоҳи «Нест бод шиканҷа!» гирифта шудаанд, ки аз ҷониби Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзи 26-уми июни соли 2014 дар Душанбе бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва Шуъбаи тоҷикистонии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад гузаронида шуд. Тафсилоти бештари ин иқдомотро метавон дар гузориши видеоии NoTorture.Tj тамошо кард.

Шаҳбол Мирзоев

6-уми марти соли 2014 сарбози ҷавон Шаҳбол Мирзоев ба нуқтаи тиббии қисми ҳарбии 2620-и ноҳияи Рӯдакӣ бо шикоят аз дарди дандон муроҷиат кард. Вақте Шаҳбол Мирзоев аз канори гурӯҳи хизматчиёни ҳарбии рутбаашон баландтар ва кормандони тиббӣ мегузашт, фелдшер Усмон Ғайратов дар нисбати ӯ суханони таҳқиромез ва пастзанандаи шаъну шараф баён кард. Шаҳбол ҷавоб надода, мехост аз канори онҳо зуд гузашта равад, аммо фелдшер ӯро бардошта, бо пушти сараш ба замин зад... Ташхиси пизишкон шикасти муҳраи панҷуми сутунмуҳра бо осеби қисми гардании ҳароммағз, инчунин осеби якчанд узви бадан ва беҳаракатию беҳиссиётӣ дар дастону пойҳои сарбозро муайян кард. 

Волидайни Шаҳбол манзили истиқоматиашонро фурӯхтанд, то маблағи ҷарроҳии гаронарзиши ӯро дар Маскав бипардозанд. Алъон маълум нест, ки оё ӯ замоне мустақилона роҳ гашта метавонад ё на.

20-уми июн фелдшери қисми ҳарбии 2620-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмоналӣ Ғайратов бо ҳукми додгоҳ ба муҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.