Шаҳбол Мирзоев дар бораи латту кӯб ва орзуи кор дар Хадамоти гумрук

Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷик дар як суҳбати видеоӣ бо “Озодагон” тафсилоти қазияи латту кӯб шуданашро нақл кард. 

Хабарнигори “Озодагон” бо Шаҳбол Мирзоев дар Маркази солимгардонии ҷумҳуриявӣ барои иштирокчиёни ҶБВ-и шаҳри Хуҷанд суҳбат кард. Ӯ гуфт, рӯзи ҳодиса дандонаш дард кард ва барои кандани он ба шифохонаи сарбозон рафт:“Гуфтанд шаб инҷо хоб мекунӣ, пагоҳ ба беморхонаи қушунҳои сарҳадӣ бурда, аз назар мегузаронем. Либосҳоямро иваз карда баромадам. Усмоналӣ Ғайратов ва сарбозон дар берун буданд. Вақте мехостам аз наздашон гузарам Ғайратов бехабар маро бардошта ба замин зад. Хостам аз ҷоям баланд шавам, аммо натавонистам. Чанд маротиба амр дод, ки бархезам, баъд бо пояш ба кундаи синаам баромад. Чанд маротаба маро бардоштанд, аммо дубора меафтидам”. 

Шаҳбол мегӯяд, ӯро ба як утоқ дароварда, аввал масҳ карданд ва пасон аз нӯги по то қафаси сина сӯзан задаанд, вале ӯ дардро эҳсос накард: “Вақте аз қафаси синаам болотар рафтанд, ҳис кардам. Боз лезва заданд, унашам ҳис накардам. Ба пойҳою пуштам оби гарм рехтанд, онро ҳам ҳис накардам”. Ин сарбоз мегӯяд, рӯзи дигар то соати 4-и аср дар ҳамон шифохона нигоҳаш дошта, баъд ба беморхонаи қушунҳои сарҳадӣ бурдаанд. Мегӯяд, онҷо қабулаш накарданд ва бо як сабукрав ба беморхонаи “Қарияи боло” оварда шуд: “Дар “Қарияи боло” маро қабул карданду духтур ба наздам омада пурсид, ки падарам дар кучо аст? Гуфтам, дар Русия. Духтур Наҷмиддинов гуфт, агар падарат дар мудати се соат наомад, мемурӣ. Ҳамин хел ҳар рӯз муҳлат медоданд, ки 7 рӯз пас мемурӣ, вақте 7 рӯз мегузашт, мегуфтанд, 14 рӯз пас мемурӣ”.

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, писараш рӯзи 6 марти соли 2014 мавриди латту кӯб қарор гирифт ва ӯ 7 март аз Русия ба Хуҷанд парвоз намуда, рӯзи 8-ум ба Душанбе расид. “Командиронаш ба ман гуфтанд, ки нос кашида, ғалтидаст. Худаш ҳам қоил нашуд. Баъд фаҳмондам, ки дигар роҳ гашта наметавонӣ, хизмат ҳам карда наметавонӣ. Аз нав ҳолати корро нақл кард. Баъд аз ин командиронаш дигар ба беморхона наомаданд”,-афзуд ӯ.

Падари Шаҳбол мегӯяд, бо гузашти як солу ҳашт моҳи табобат ҳоло саломатии писараш беҳтар шудааст. Ҳоло ӯ қасд дорад боғашро фурӯхта, Шаҳболро барои муолиҷа Кореяи ҷанубӣ барад. Ҳоло Шаҳбол мустақилона дасту пойҳояшро ба ҳаракат медарорад. Мегӯяд, орзу дорад, баъди комилан шифо ёфтан дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба кор дарояд. 

Мирзо Комилов, ҷонишини сардухтури Маркази солимгардонии ҷумҳуриявӣ барои иштирокчиёни ҶБВ, ки Шаҳбол онҷо табобат мегирад, дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, муҳраи гардани Шаҳбол осеб дида, дасту пойҳояш аз ҳаракат монда буд ва наметавонист ғизо бихурад: “Як моҳ мешавад дар Маркази солимгардонӣ табобат гирифта истодааст. Ҳолаташ хело беҳтар шудааст. Дастанонашро ҳаракат медиҳад, нафасгириаш низ хуб аст. Ба по рост шуданаш ба худи ӯ вобастагӣ дорад”. 

Муҳсин Ҷабборов, сардухтури Маркази солимгардонии ҷумҳуриявӣ барои иштирокчиёни ҶБВ гуфт, Шаҳболро ройгон табобат мекунанд. “Фурқат Ахмедов, инструктори варзишӣ ҳар рӯз омада бо Шаҳбол машқ мекунад. Ба таври ихтиёрӣ низ иҷозат ҳаст, ки машқ кунад. Ба ғайр аз ин муолиҷаҳои гарм гирифта истодааст. Муолиҷаи Шаҳбол мавсимӣ аст, дар се моҳ як бор табобат мегирад. Се моҳе, ки фосила мешавад бояд бо машкҳои физикӣ машғул шавад. Барқарорсозии саломатии Шаҳбол аз худаш сахт вобаста аст”,-таъкид намуд Ҷабборов.

Шаҳбол Мирзоев, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд буда, соли 2013 довталабона ба хидмати низомӣ рафта, то замони латту кӯб шуданаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 адои хизмат мекард.

19 июни соли 2014 Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратовро дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд.

Хонаводаи Шаҳбол Мирзоев аз Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки қисми низоми 2620 тобеи он аст, 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ва 97 ҳазору 265 сомонию 37 дирам ҷуброни зарари моддӣ талаб кард. 25 майи соли 2015 Зебуниссо Саидова, додраси Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе қарор кард, Сарраёсат ба хонаводаи Шаҳбол 97 ҳазору 265 сомонию 37 дирам ҷуброни зарари моддӣ ва 20 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад. Аммо 6 август Колегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон дар пайи баррасии шикояти кассатсионии ҷавобгар, пардохти зарари модӣ ва маънавӣ ба сарбози латту кӯбшударо бекор кард.

Озодагон