Аз «Тақдирҳои шикаста» то мониторинги муассисаҳои пӯшида

Моҳҳои ноябр-декабри соли 2016, бахусус дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон - 10-уми декабр расонаҳо дар мавриди ҳуқуқи инсон қазияҳои мухталифро инъикос карданд.

Санаи 7-уми декабр торнамои Радиои «Озодӣ» бо номи "Барои фарзандони мо кӣ ҷавоб медиҳад?"  матлаби чандрасонаиеро пахш карда, дар бораи чанд қазияи қурбониёни шиканҷа иттилоъ дод.

Аз ин пеш, 24-уми ноябр, торнамои NoTortureTj.Org бо пахши хабаре таҳти унвони «Пешкаши қиссаҳо аз шиканҷа дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон»  навишта буд, ки «Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабр қайд карда мешавад, қиссаҳои такмилёфтаи китоби «Тақдирҳои шикаста, умрҳои рабуда…»-ро пешкаш менамояд. Дар китоб оид ба 14 қиссаи воқеии шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон нақл карда мешавад».

Баъдан, аз 24-уми ноябр сар карда, то 8-уми декабри соли 2016 ин торнамо бо номҳои «Қиссаи №1: Хуршед Бобокалонов» , «Қиссаи №2: Илҳом Исмонов» , «Қиссаи №3: Сафаралӣ Сангов» , «Қиссаи №4: Баҳромиддин Шодиев» , «Қиссаи №5: Исмоил Бачаҷонов» , «Қиссаи №6: Дилшодбек Муродов» , «Қиссаи №7: Исмонбой Бобоев» , «Қиссаи №8: Ҳамзаалӣ Икромзода» , «Қиссаи №9: Абдуваҳоб Қаюмов» , «Қиссаи №10: Парвиз Дӯстматов» , «Қиссаи №11: Умар Бобоҷонов» , «Қиссаи №12: Шаҳбол Мирзоев» , «Қиссаи №13: Фирдавс Раҳматов»  ва «Қиссаи №14: Шамсиддин Зайдуллоев»  қиссаҳои қурбониёни шиканҷаро пахш кард.

Дар моҳҳои ноябр ва декабри соли 2016 чанд қазияи идомадор низ дар расонаҳо инъикос ёфтанд. Санаи 8-уми ноябр хабаргузории «Азия-плюс» хабаре таҳти унвони «Прокуратура далели тасдиқкунанда наёфтааст»  пахш карда, аз ҷумла навишт: «Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур далели тасдиқкунандаи латукӯби корманди созмони байналмилалӣ дар Душанберо дарёфт накарда, оғоз кардани парвандаи ҷинонятиро аз рӯйи ин ҳолат рад намудааст,- хабар дод ба «АП» намояндаи ҷабрдида Дилшод Ҷӯраев. Сухан дар бораи латукӯби сокини шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милиса дар доираи амалиёти «Нелегал»-и 2-юми октябр меравад».

Дар ин маврид санаи 19-уми декабр торнамои NoTortureTj.Org бо номи «Шикояти зани ҷабрдида ба Прокуратураи шаҳри Душанбе»  хабар пахш кард.

- Як нафар корманди созмони байналмилалӣ дар Душанбе барои бекор кардани Қарор дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе шикоят бурдааст. Намояндаи ӯ Дилшод Ҷӯраев мегӯяд, ки ҳамзамон, нусхаҳои шикоят ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии кишвар низ барои маълумот ирсол гардидаанд. Ба гуфтаи адвокат, шоҳидони ҷониби даъвогар пурсида нашудаанд, далел аз китоби қайди муроҷиаткунандагон дар шуъбаи неврологии беморхонаи марказии ҷумҳуриявӣ дар мавриди ҷароҳати ҷисмонӣ талаб карда гирифта нашудааст, диск бо сабти видеоро ба эътибор нагирифтаанд ва инчунин, ба санади тадқиқоти тиббӣ-судии №7720 аз санаи 3-юми октябри соли 2016 аҳамият ва баҳои ҳуқуқӣ дода нашудааст. Қаблан намояндаи ҷабрдида хабар дода буд, ки Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур далели тасдиқкунандаи латукӯби корманди созмони байналмилалӣ дар Душанберо дарёфт накарда, оғоз кардани парвандаи ҷинонятиро аз рӯйи ин ҳолат рад намудааст,- омадааст дар хабар.

Санаи 18-уми ноябр торнамои Радиои «Озодӣ» таҳти унвони «ВКД: Шикояти таҷовуз ба номус санҷида мешавад»  матлабе пахш карда, аз ҷумла навишт: «Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки шикояти дар идораи пулиси маҳаллӣ мавриди бадрафтории ҷинсӣ қарор гирифтани як зани 25-сола таҳқиқ мешавад. Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзи 18-уми ноябр бо пахши як изҳорот гуфт, ки талошҳои ин созмон барои ба шуруи таҳқиқи ҷиноии ин қазия водор кардани мақомоти интизомӣ ҳанӯз натиҷа надодааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 18-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ки дуруст будани гуфтаҳои ин зан ҳанӯз тасдиқе надорад ва ВКД ба санҷиши ин ҳолат оғоз кардааст. Вай гуфт, ки аз тарафи ин зан то ба ҳол ба таври расмӣ ба унвони Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат ва ё шикояте ворид нашудааст. Сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамзамон афзуд, ки аз натиҷаи ҷараёни санҷиш васоити ахбори оммаро хабардор хоҳанд кард».

Баъдан, санаи 20-уми декабр хабаргузории «Озодагон» дар ин маврид хабаре бо номи «ВКД: Корманди пулис ба номуси Малика таҷовуз накардааст»  пахш намуд.

- Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, хабарҳо дар бораи мавриди таҷовуз қарор гирифтани як зани 25-сола дар ШВКД-и ноҳияи Рӯдакӣ асос надорад. Аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки «дар натиҷаи санҷиши холисона аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ муайян карда шуд, ки дар ҳаракатҳои кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ таркиби ҷиноят дида намешавад». Ба иттилои манбаъ, мувофиқи санади тахшиси судӣ-биологӣ таҳти №119 аз 8-уми июли соли 2016 далели ҳодисаи таҷовуз ба номус исбот нагардидааст: “Бо қарори Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ ва дастрасии моддаҳои 27 қисми 1 сархати 2 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва 149 Кодекси ҷиноятӣ оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бинобар тасдиқ нашудани гуноҳи онҳо рад карда шудааст”,- навишт ин хабаргузорӣ.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 22-юми декабр торнамои NoTortureTj.Оrg хабар дод, ки «Прокуратураи генералӣ қарори прокуратураи ноҳияро бекор кард» .

- Аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ оид ба рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бекор карда шуда, барои санҷиши такрории маводҳои санҷиши аризаи Малика ба Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ фиристонида шудааст.

Дар ин бора адвокати ҷабрдида Абдураҳмон Шарипов хабар дода, меафзояд, ки “инчунин, дар бораи раддияи муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ шикояти Малика ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст ва таҳти баррасӣ қарор дорад. Бинобар ин, оид ба ин масъала хулосабарорӣ намудан бармаҳал мебошад. Зеро, бояд пас аз гузаштани ҳама гуна марҳилаҳои ҳимояи ҳуқуқ ва ба охир расидани санҷиши такрорӣ аз рӯи шикоятҳои Малика, баъдан бояд хулосабарорӣ карда шавад. Қобили зикр аст, ки кирдорҳои нисбати Малика содиршуда боиси хароб гардидани равони ӯ гардидааст, ки мувофики Протоколи Истамбулӣ яке аз аломатҳои натиҷаи муносибати бераҳмона ҳисобида мешавад”,- навишт торнамо.

Бояд гуфт, рӯзи 18-уми ноябр Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ хабар дода буд, ки маъмури милиса дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ ба номуси Малика, ҷавонзани 25-сола таҷовуз кардааст. Манбаъ афзуд, ҳодиса моҳи июни соли равон дар ҳоле рух дода, ки Малика (номи мустаор) дар пайи як муноқишаи маишӣ ба ШКД-и ноҳияи Рӯдакӣ оварда шудааст: “Корманди милиса бо тарсдиҳӣ ва таҳдиди зӯроварӣ ба номуси духтар таҷовуз кардааст”. Эътилоф мегӯяд, одатан дар чунин ҳолатҳо ҷабрдидаҳо аз ифшои қазия худдорӣ мекунанд, аммо Малика ба Эътилофи зидди шиканҷа муроҷиат карда, кӯмак хостааст.

Санаи 21-уми ноябр хабаргузории «Озодагон» бо пахши хабар таҳти унвони «Шарҳи Суди Олӣ дар бораи таъхири ҷазои омилони марги Исмонбой»  қазияи дигареро расонаӣ кард.

- Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоятҳо дар мавриди беҷазо мондани омилони марги Исмонбой Бобоев ва таъхиркории мақомоти тафтишотиро шарҳ додааст. Ҷӯрабой Бобоев, падари Исмонбой Бобоев, ки соли 2010 баъди боздошташ аз сӯи кормандони мақомоти пулис ба таври мармуз фавтид, ҳамроҳи вакили дифоъ талош дорад, ки омилони марги писараш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Эътилофи зидди шиканҷа аз қавли Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои ҷабрдида хабар додааст, ки борҳо аз таъхиркориҳо ва таҳқиқоти бенатиҷаи марги Исмонбой Бобоев ба Додситони кулл ва дигар ниҳодҳои Тоҷикистон муроҷиат кард, аммо натиҷае ҳосил нашудааст. Ӯ мегӯяд, ки ахиран алайҳи мақомоти тафтишотӣ ба додгоҳи ноҳияи Сино муроҷиат кардааст, аммо додгоҳ дархосташро рад намудааст. Суди Олии Тоҷикистон бо посухи хаттӣ ба Шарипов, ки охири ҳафтаи гузашта ирсол шудааст, шарҳ додааст, ки интиқоли парванда аз як муфаттиш ба дигар ва аз як ниҳод ба ниҳоди дигар салоҳияти мақомоти додситонӣ аст ва тавсия додааст, ки ба мақомоти салоҳиятдор шикоят бурда шавад,- аз ҷумла омадааст дар хабар.

- Исмонбой Бобоев, сокини 30-солаи шаҳри Хуҷанд 19-уми феврали соли 2010 вақте аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегашт, аз сӯи Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров, кормандони шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ боздошт шуда, баъди як шабонарӯз ба таври мармуз фавтид. Мақомот сабаби марги Исмонбойро нафасгир шудан аз беморӣ номид, аммо падари ӯ иддао дорад, писараш ҳангоми бозпурсӣ шиканҷа шудааст,- афзудааст хабаргузорӣ.

Бояд гуфт, ки дар моҳи ноябри соли 2016 чанд қазияи вобаста ба артиш низ дар расонаҳо инъикос ёфт. Рӯзи 1-уми ноябр торнамои NoTortureTj.Оrg бо номи «Моҷарои латукӯб дар Шаҳритус: Баҳс идома дорад»  мақолаи таҳлилиеро пахш кард.

- Рӯзи 11-уми октябр дар саҳифаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Фейсбук» хабаре пайдо шуд, ки гӯё кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус сокини 17-солаи ҳамин ноҳия Бахтовар Мамадиевро латукӯб кардаанд. Чаро кормандони комиссариати ҳарбӣ ин ҷавони ноболиғро латукӯб кардаанд? Оё воқеан онҳо кормандони комиссариати ҳарбӣ буданд? Ё инҷо муаммои дигар аст? Мақомот дар пайи ин ҳодиса чӣ чорае андешидаанд? Инҳо суолҳое буданд, ки баҳри дарёфти ҷавобашон роҳ сӯи ноҳияи Шаҳритус пеш гирифтем,- омадааст дар сарсухани мақола.

Умед Ниёзов, адвокати Бахтовар гуфтааст, ки дар пайи аризаи падари Бахтовар - Исмоил Мамадиев аз 7-уми октябр оид ба латукӯби писараш, Прокуратураи ноҳияи Шаҳритуз санҷиш гузаронида, 11-уми октябр маводҳои ҷамъшударо аз рӯи тобеият ба ШВКД-и ноҳияи Шаҳритус ирсол кардааст. Муфаттиши ШКВД аз рӯи ин маводҳо санҷиш гузаронида, санаи 20-уми октябр қарори худро қабул кардааст. Муфатиши ШКВД қарор дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ қабул кардааст.

Дар қарори муфаттиш омадааст, ки ҳаракатҳои санҷиш муайян намуд, ки дар ҳаракатҳои корманди мизи ҳарбии ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз Самад Ҷурақулов ва ҳамроҳи ӯ Ҳалим Шарипов аломатҳои ҷиноятӣ дар моддаи 112 КҶ ҶТ (Қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ) дида мешавад, ки ин ҷиноятҳо аз тарафи мақомоти судӣ ба таври айбдоркунии хусусӣ баррасӣ мегардад.

Вобаста ба ҳолати ғайриқонунӣ дохил шудан ба манзили истиқоматӣ ва тасарруфи маблағи пулӣ, маводҳо аз рӯи тобеият ба Прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа фиристода шудааст. Яъне, аз сабаби он, ки ба манзили Муслимбек ва Бахтовар Мамадиевҳо ҳамроҳи Самад Маҷидов кормандони комиссариати ҳарбӣ низ будаанд, санҷишу тафтишоти ин ҳолат ба масъулияти прокуратураи ҳарбӣ дохил мешавад.

- Ман ҳамчун адвокат ва зерҳимояҳои ман бо қарори қабулнамудаи муфаттиши ШКВД-и ноҳияи Шаҳритус розӣ ҳастем. Оид ба латукӯби ноболиғ мо ба Суди ноҳияи Шаҳритуз тариқи айбдоркунии хусусӣ муроҷиат хоҳем кард. Дар масъалаи дахлнопазирии манзил ва тасарруфи маблағи пулӣ бошад, қарори прокуратураи ҳарбиро интизор хоҳем шуд,- изҳор доштааст Ниёзов.

Торнамои Радиои «Озодӣ» санаи 11-уми ноябр бо номи «Ду сарбоз ба зиндон рафт. Афсар афв шуд»  матлабе пахш карда, аз ҷумла навишт: «Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд ду сарбози қатории қисми ҳарбии "28 57"-и неруҳои марзбонии Тоҷикистон воқеъ дар вилояти Суғдро ба иттиҳоми даст доштан дар марги ҳамхизматашон Рамазон Забиров гунаҳкор донист ва онҳоро равонаи зиндон кард. Аммо муовини сардори дидбонгоҳи марзӣ шомили афв шуд ва додгоҳ ӯро аз ҷавобгарӣ озод намуд. Ҳукми додгоҳ дар нисбати ин ду сарбоз ҳафтаи гузашта содир шудааст ва тибқи он, Ҷаҳонгир Тилабов ба 16 сол зиндони низомаш сахт ва Бахтиёр Яримқулов ба 5 сол ҳабс маҳкум шудаанд. Аммо бо дарназардошти шомил шудан ба қонуни афв, сеяки муҳлати ҷазои Бахтиёр Яримқулов кам карда шудааст. Ба иттилои Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд, Ҷаҳонгир Тилабов ва Бахтиёр Яримқулов барои "вайрон кардани қоидаҳои хизмат", "таҳқири муназзам", "паст задани шаъну эътибор", "шиканҷа" ва "қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ", гунаҳкор дониста шуданд. Аз Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд гуфтанд, ки алайҳи муовини сардори дидбонгоҳи қисми ҳарбии "28 57"-и неруҳои марзбонӣ Э. Гадоев бо моддаи 347, қисми ду, яъне "хабар надодан" парванда боз шуда буд, вале бо назардошти шомил шудан ба қонуни афв, таҳқиқи парвандаи ӯ қатъ ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуд».

Ин ду сарбоз ва афсар - Ҷаҳонгир Тилабов, Бахтиёр Яримқулов ва Э. Гадоев дар моҳи августи соли равон ба гумони даст доштан дар марги Рамазон Забиров боздошт шуда буданд. Ҷасади Рамазон Забировро субҳи 5-уми август аз ҷойи хобаш дар қисми ҳарбии 2857-и неруҳои марзбонӣ дар вилояти Суғд ёфта, рӯзи 7-уми август дар зодгоҳаш деҳаи Тӯдаи шаҳри Ҳисор ба хок супурдаанд. Наздикони Рамазон иддао доранд, ки фарзандашон ҳангоми хидмат дар сафи нереҳои марзбонии Тоҷикистон аз сӯи ҳамхидматонаш латукӯб шуда ва баъдан ҷон додааст.

Санаи 22-юми ноябр бошад, ҳамин торнамо, яъне «Озодӣ» хабари дигаре бо номи «Қазияи Шаҳбол метавонист намунаи волоияти қонун шавад»  пахш кард.

- Ҳукми додгоҳи ҳарбии Душанбе дар робита бо қазияи Шаҳбол Мирзоев ҳарду ҷонибро қонеъ накард ва масъулини неруҳои марзбонӣ ва ҳам наздикони сарбози маъюб аз болои ин ҳукм ба зинаи баъдии додгоҳ шикоят хоҳанд кард. Додгоҳ рӯзи 22-юми ноябр муваззаф кард, ки Сарраёсати неруҳои марзбонӣ 41 ҳазор сомонӣ маблағро ба фоидаи Шаҳбол Мирзоеви маъюбшуда дар артиш пардохт кунад, вале наздикони сарбоз мегӯянд, ин маблағ “ҳатто чаҳоряки ҳиссаи хароҷоти муолиҷаи ӯро ҷуброн намекунад”. Мирзоевҳо ният доранд муборизаи додгоҳии худро идома диҳанд. Аз ҳисоби 41 ҳазор сомонӣ - 4 ҳазор зарари маънавӣ ва 37 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ муқаррар шудааст, дар ҳоле, ки хонаводаи Шаҳбол Мирзоев аз неруҳои марзбонии кишвар 97 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ ва 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хоста буданд. Онҳо мегӯянд, ҳамин пул то имрӯз барои муолиҷаи беш аз якунимсолаи писари рӯиҷогаҳашон сарф шуда, натиҷаи кам додааст,- аз ҷумла омадааст дар хабар.

Шаҳбол Мирзоев, сокини 23-солаи ноҳияи Ашт моҳи марти соли 2014 бар асари латукӯби шадиди ҳамхизмати худ маъюб шуд.Табибон гуфтанд, ки устухони миён ва гардани сарбоз маҷрӯҳ шуда, барои барқарории саломатии ӯ муддати тӯлонӣ лозим мешавад.

Дар қазияи Шаҳбол Мирзоев гунаҳгори асосӣ Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери воҳиди низомии неруҳои марзбонӣ дониста шуд, ки бо ҳукми додгоҳ ба 9 соли зиндон маҳкум гардид. Вале масъулини дармонгоҳи ин қисми низомӣ, ки баъди латукӯби шадиди Мирзоев аз расонидани кӯмаки изтирорӣ ва ё сари вақт хабар додан ба беморхона истиҳола кардаанд, бо ҷазои сабук озод шуданд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки санаи 30-юми ноябри соли 2016 торнамои NoTortureTj.Оrg таҳти унвони «Машғулияти иттилоотонӣ дар ШВКД-1-и ноҳияи Фирдавсӣ»  гузорише пахш карда, аз ҷумла хабар дода буд: «Чанде пеш барои гуруҳе аз кормандони ШВКД-1-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар мавриди ҳуқуқи инсон машғулияти иттилоотонӣ гузаронида шуд. Нахуст адвокат Гулчеҳра Холматова барои иштирокдорони ҷамъомад «Дастурамал дар бораи дастгиркунӣ»-ро, ки аз 9 боб иборат мебошад, шарҳ дод. Ӯ аз ҷумла асосҳо, шартҳо ва тартиби дастгир намудан, истифодаи яроқи оташфишон, истифодаи қувваи ҷисмонӣ ва дигар воситаҳои махсус ҳангоми дастгирнамоӣ, шикоят овардан ба амал ё беамалии шахсони дастгиркунанда ва озод кардани дастгиршударо ба таҳлил кашид. Сипас намояндаи идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев баромад карда, аз ҷумла изҳор дошт: «Чи тавре ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Шиканҷа мутобиқи принсипҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ба қатори ҷиноятҳои вазнин мансуб буда, бо мақсади паст задани шарафи инсонӣ истифода бурда мешавад. Барҳам додани шиканҷа дар тамоми ҷаҳон яке аз вазифаҳои асосие мебошад, ки Созмони Милали Муттаҳид аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ барои ҳалли он кӯшиш ба харҷ додааст…».

Ҳамзамон, дар ин хабар зикр гардида буд, ки аз 22-юми ноябр сар карда, то 10-уми декабри соли 2016 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар якҷоягӣ бо идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молии Иттиҳодияи Аврупо дар раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони ин мақомот машғулиятҳои иттилоотонӣ мегузаронанд.

Баъдан, санаи 27-уми декабр ҳамин торнамо аз «Муаррифии натоиҷи мониторинги муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон»  хабар дод.

- Муаррифии гузориши пешакӣ аз рӯйи натоиҷи мониторинги муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон 27-уми декабри соли 2016 дар маҷлисгоҳи идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат карданд. Мониторинги мазкур дар соли 2016 аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ гузаронида шудааст.

Дар ин чорабинӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода зикр кард: «Аз соли 2014 ин гуруҳ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва гуруҳи мониторингӣ имсол ба бисёр тавқифгоҳҳои муваққатӣ ташриф оварданд. Пешравӣ дар ин самт назаррас аст. Баъзе тағйиротҳои хеле ҷиддӣ дар кодексҳо ҷорӣ шуданд. Имсол баъзе масъалаҳое ҳаст, ки мо бояд онҳоро ба таври васеътар мавриди баррасӣ қарор диҳем,- аз ҷумла омадааст дар хабар.

NoTorture.Tj