Модари сарбоз ҳам мегиряд, ҳомии ҳуқуқ ҳам…

Мавзуи шароити хизмати сарбозон дар Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 ба таври густурда инъикос гардид.

Санаи 2-юми март торнамои радиои «Озодӣ» бо пахши матлабе таҳти унвони «Боздошти 2 афсари Горди миллӣ барои марги як сарбоз» навишт, ки «мақомоти интизомӣ дар шаҳри Норак, ҷануби Тоҷикистон, ду афсари қисми низомии 05-10-50-и Гвардияи миллӣ дар ҳамин шаҳрро баъди марги як сарбоз боздошт намуда, дар боздоштгоҳ нигоҳ медоранд. Мақомот мегўянд, исми афсарони боздоштшударо то анҷоми тафтишот фош намекунанд, вале тасдиқ карданд, ки афсарон баъди марги сарбози 20-сола боздошт шудаанд. Марги сарбоз Ҳасан Каримов рўзи 28-уми феврал сабт шуда, ҷасад рўзи 1-уми март барои бахоксупорӣ ба волидонаш супурда шуд».

Ин торнамо ҳамзамон иттилоъ дод, ки «Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ дар охири соли 2016 навишта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидаанд».

- Як мақоми қисми низомие, ки Каримов хизмат мекард, рўзи 2-юми март дар суҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ду нафар аз кормандони қисми низомӣ бо дастури мақомоти додситонӣ боздошт шудаанд ва тафтишот идома дорад. Ин масъули қисми низомӣ маълумоти бештар надод, аз гуфтани номи ду афсари боздоштшуда худдорӣ кард,- афзудааст торнамо.

Ба навиштаи торнамо, Ҳасан Каримов, сарбозе, ки ихтиёрӣ ба сарбозӣ рафта буд, сокини деҳаи Вахши ҷамоати Ваҳдати шаҳри Леваканд мебошад. Наздикон ва ҳам мақомот мегўяд, ки дар тани ў осори латукўб ё хушунатро мушоҳида накардаанд ва барои онҳо сабаби марги фарзанд як муаммо боқӣ мемонад. Рустам Каримов, падарандари Ҳасан Каримов, ки ўро аз кўдакӣ тарбия кардааст, гуфтааст, ки писар шаш моҳи пеш бо хоҳиши худ ба хизмати артиш рафт. Ҷасади Ҳасанро дар ноҳияи Вахш, дар деҳаи падари хуниаш ба хок супурдаанд.

Зимнан, ҳамин торнамо, яъне радиои «Озодӣ» рўзи 8-уми март суҳбатеро бо як нафар ҳомии ҳуқуқ таҳти унвони «Дилрабо Самадова: Ҳамроҳ бо модарони сарбозон мегирям»  пахш кард, ки дар он аз ҷумла ин суоли хабарнигори торнамову посухро дучор меоем:

- Радиои Озодӣ: Сари кор бо бадабахтии мардум, маргу мири сарбозон, латукўб, “облава”, ашки модарон... ин ҳама дар хислатҳои Шумо ҳамчун инсон чӣ нақш гузоштааст?

Дилрабо Самадова: Бисёр вақт талош мекунем, корро аз ҳиссиёти шахсии худ ҷудо намоем. Ҳатто, вақте марги сарбозонро мебинем, бояд ба ин ҳамчун парванда муроҷиат кунем. Лекин зан ҳеч вақт барои худ ин хел ҳиссиётро роҳ дода наметавонад. Зеро вақте модарони сарбозон ба назди мо меоянд, наметавонем ба онҳо ҳамчун парванда ё ҳодиса нигоҳ кунем. Албатта, бо онҳо нишаста, метавонем гиря кунем.

Чанд рўз баъд, санаи 12-уми март торнамои радиои «Озодӣ» матлаби дигареро бо номи "Ҷавоне, ки бо зўр ба артиш меравад, сарбози ҷангӣ намешавад"  пахш кард.

- Вазорати дифои Тоҷикистон бо такя ба фармони рўзи 12-уми марти президент оид ба ҷалби ҷавонон ба сафи артиш дар моҳҳои апрелу май гуфт, ки назорат аз иҷро шудани қонун дар ин замина шадидтар мешавад,- навишт торнамо.

Торнамои мазкур бо истинод ба суханҳои Фаридун Маҳмадализода, сухангўи Вазорати мудофиа гуфт, ки «вақте як сарбоз “облава” мешавад ва ё як ҷавони бемор ба артиш оварда мешавад, ҳама санги маломатро ба сари Вазорати мудофиа мезанананд, ҳол он ки, дар Комиссияи қабул намояндагони Вазорати тандурустў нишастаанд ва намояндагони ҳукумати навоҳӣ ва ҷамоатҳо ҳастанд ва ё агар як ҷавони ҷинояткор роҳ ёбад, дар онҷо намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ ва адлия ҳузур доранд. Агар фарзанди ягонаи оила бошад, ин масъулият бар дўши ҷамоатҳо мебошад ва онҳо бояд кори худро ҷиддӣ бигиранд ва ҷавонони танҳо солимро ҷалб кунанд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки санаи 28-уми март торнамои NoTorture.Tj матлабе таҳти унвони «Ҳимояи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ: дар соли 2017 аввалин парванда бо моддаи «Шиканҷа» нисбати командири взвод оѓоз карда шуд»  пахш карда, аз ҷумла навишт: «Яке аз самтҳои фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷа ҳимояи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ аст. Ташкилоти узви Эътилоф - «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» (ДОШ) фаъолияти ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои тодаъватшавандаҳо, даъватшавандаҳо, хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаҳои онҳоро амалӣ менамояд. ДОШ дар якҷоягӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар мониторинги риояи ҳуқуқи инсон дар қисмҳои ҳарбиро мегузаронад, дар коркарди механизми таваҷҷуҳ ба шикоят ва аризаҳои хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат мекунад, инчунин барои боло бурдани иқтидори ҳайати афсарӣ ва дониши ҳуқуқии сарбозон ҷамъомадҳо мегузаронад».

- Дар соли 2017 ДОШ ба даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ аз рўи 13 парванда, ки адвокатҳо дар рафти санҷиши ариза оид ба ҷиноят, дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ, дар судҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ иштирок карда, инчунин манфиатҳои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбиро дар мақомоти давлатӣ ҳимоя карда буданд, хизматрасонии ҳуқуқӣ расонд. Адвокатҳо - шарикони ташкилот кўшиш мекунанд, ки аз ҳисоби қариб 95%-и парвандаҳои зери назари ташкилот парвандаҳои ҷиноятӣ оѓоз карда ва шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Соли 2017 аз ҷониби мақомоти прокуратура аввалин парвандаи ҷиноятӣ аз рўи моддаи «Шиканҷа» (143, эзоҳи 1 КҶ ҶТ) нисбати командири взвод оѓоз карда шуд. Дар соли 2017 аз рўи ду парвандаи стратегӣ оид ба қонеъ кардани даъвои ҷабрдидагон дар бораи ҷуброни зарари моддиву маънавӣ қарор қабул карда шуд. Аммо аз болои қарорҳои зикргардида аз ҷониби адвокатҳо ба судҳои болоӣ шикоят бурда шуд, зеро маблаѓи зарари маънавие, ки аз ҷониби суди зинаи аввал таъин гардид, ѓайри одилона буд. Мутаассифона, таҷрибаи кам кардани маблаѓи ҷуброн аз ҷониби судҳои кишвар ба мушоҳида мерасад. Масалан, соли 2016 дар мавриди ҷуброни зарари маънавӣ оид ба парвандаи Фирдавс Раҳматов суд уҳдадор кард, ки ба волидони ў 5000 (панҷ ҳазор сомонў) пардохт карда шавад, аз рўи парвандаи Шаҳбол Мирзоев дар соли 2016 суд маблаѓи ҷуброни зарари маънавиро 4000 сомонӣ муқаррар кард, соли 2017 дар парвандаи Қаюмовҳо - 3000 (се ҳазор) сомонӣ, дар парвандаи Носиров - 2000 (ду ҳазор) сомонӣ,- меафзояд торнамо.

Бояд гуфт, ки расонаҳо дар моҳи марти соли 2018 аз санаҳои муҳим фаромўш накарданд. Торнамои NoTorture.Tj санаи 14-уми март бо пахши табрикномае бо номи «14-уми март - иди касбии кормандони мақомоти прокуратура»  навишт, ки «Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳуриро бо иди касбиашон - Рўзи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рўзи 14-уми март ҷашн гирифта мешавад, самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар фаъолияти касбиашон барору комёбиҳоро таманно дорад. Бахусус лоиқи таъкид аст, ки мақомоти прокуратура дар самти ошкоркунии ҷиноятҳо, иҷроиши қонун, мубориза бо шиканҷа ва дигар намуди муносибатҳои пастзанандаи шаъну шарафи инсон саҳми арзанда доранд. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон таъкид медорад, ки бо мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ барои решакан кардани шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона ҳамкорӣ намуда, ҳамкории худро дар ин самт беш аз пеш тақвият мебахшанд».

Ҳамзамон, ин торнамо, яъне NoTorture.Tj санаи 26-уми март бо номи «Натиҷаҳои соли 2017: Гуруҳ оид ба мониторинг аз 10 муассисаи пўшида дидан кард» , рўзи 28-уми март таҳти унвони «Гуруҳ оид ба офиятбахшў: 46 нафар қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо офиятбахшӣ гузаштанд» , санаи 28-уми март таҳти унвони «Ҳимояи ҳуқуқи кўдак: коркарди Нақшаи миллии амал оид ба амалисозии пешниҳодоти Кумита оид ба ҳуқуқи кўдак»  , рўзи 28-уми март бо номи «Гуруҳи расонаӣ: Иттилоъноксозӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаву мақомот ба масъалаи шиканҷа» , рўзи 28-уми март таҳти унвони «Гуруҳи кўмаки ҳуқуқӣ: дар соли 2017-ум 66 шикоят оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ шуд» , рўзи 28-уми март таҳти унвони «Тадбиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ: табибон, ташхисгарони судӣ-тиббӣ ва адвокатҳо омўзонида шуданд»  матолиб пахш карда, хонандагонро бо натиҷаи мониторинги муассисаҳои муҳим ошно намуд.

Инчунин, санаи 28-уми июли соли 2018 торнамои NoTorture.Tj бо номи «Фаъолияти таҳлилӣ ва ҳимоя: омодасозии гузориши ТЃД ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ»  матлабе пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Дар вохўрии солонаи Эътилоф роҳбари маркази таҳлилии Эътилоф ФҶ «Нотабене» интихоб карда шуд. Моҳи марти соли 2017 нақшаи кории Марказ омода гардид, ки бо аъзои Эътилоф мувофиқа карда шуда буд. Эътилоф барои пешбурди озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ тариқи гузаронидани вохўриҳо бо коршиносон ва намояндагони ҳайатҳои байналмилаливу байниҳукуматӣ, омодасозии гузоришҳои таҳлилӣ ва пешниҳоди тавсияҳои худ фаъолияти самаранок дорад. Моҳҳои январ - феврали соли 2017 як қатор баҳсу баррасиҳои мавзуии даври дуюми ГДУ сурат гирифт. Ин яке аз қисмҳои зиёд баҳснок буд, ки дар он зиёда аз 40 нафар - намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок карданд. Дар баҳсҳои мавзуӣ иштирокчиён пешниҳод доштанд, то чорабиние ташкил карда шавад, ки барои иҷрои тавсияҳо дар мавриди ГДУ кўмак расонида тавонад ва дар Нақшаи миллии иҷрои тавсияҳои ГДУ ворид намуданаш низ имконпазир бошад. Баъд аз як қатор баҳсу баррасиҳои мавзуӣ лоиҳаи Нақшаи миллии иҷрои тавсияҳои даври дуюми ГДУ омода карда шуда, барои тавсияҳои хаттӣ додан ба ҳар як банди нақша ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ирсол гардид. Аз ҷониби Эътилоф тавсияҳои хаттӣ ба бандҳои Нақшаи миллӣ пешниҳод карда шуд».

Ниҳоят, рўзи 30-юми март торнамои радиои «Озодӣ» аз «Марги Абдурасул Назаров баъди як рўзи боздошт дар Душанбе»  хабар дод.

- Наздикони Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кўлоб мегўянд, ҷасади ўро баъди як рўзи боздошт аз тарафи маъмурони милиса бо осори латукўб аз бемористони Қарияи Болои Душанбе гирифтаанд. Ин сокини кўчаи Чармгарони шаҳри Кўлоб муваққатан дар пойтахт мезист. Қабл аз ин, яке аз пайвандони Абдурасул бо миқдори ками маводи мухаддир боздошт шуда буд. Вай иқрор кард, ки он миқдор маводро аз Абдурасул гирифтааст. То ба ҳол мақомоти расмӣ далели боздошт ва марги ўро шарҳ надодаанд. Дар Шуъбаи қабули беморони Қарияи Боло ба радиои «Озодӣ» гуфтанд, ки "Абдурасул Назаров бо марги клиникӣ рўзи 28-уми март ба беморхона оварда шуд. Субҳи рўзи дигар ҷасади ўро ба наздиконаш супурданд". Хонаводааш иддао доранд, ки Абдурасул Назаров бе ягон сабаб ба идораи милиса бурда шуд ва дар онҷо мавриди шиканҷа қарор гирифтааст,- навиштааст ин торнамо.

NoTorture.Tj