Октябр: Талошҳо барои решакан кардани шиканҷа

Дар моҳи октябри соли 2017 расонаҳо бештар оид ба масоили иҳотагирӣ ва меҳтарсолорӣ дар артиш матолиб пахшу нашр карданд.

Аллакай аввали моҳ, санаи 4-уми октябр, торнамои NoTorture.Tj хабаре бо номи «Машваратҳои ҳуқуқии ройгон барои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ»  пахш карда, аз ҷумла навишт: «Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” иттилоъ медиҳад, ки машваратҳои ҳуқуқии ройгонро барои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ пешкаш менамояд. Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар ташкилот коршиноси тиббӣ фаъолият мебарад, ки доир ба қобили хизмат будан ё набудани даъватшаванда ба хизмат маслиҳат медиҳад. Ҳамзамон, “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” хотиррасон менамояд, ки барои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ андроид - барнома барои телефонҳои мобилӣ таҳия шудааст».

Аммо худи ҳамин рўз, 4-уми октябр, торнамои Faraj.tj бо пахши хабаре таҳти унови ««Облава»: Муҳосиби беморхонаи ноҳияи Панҷро бурданд»  иттилоъ дод, ки «муҳосиби Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ Ризвон Бегалиев субҳи рўзи 3-юми октябр дар утоқи корӣ мавриди «облава»-и кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ қарор гирифта, худи ҳамон рўз ба Комиссариати вилоятии ҳарбии шаҳри Қўрғонтеппа интиқол дода шудааст».

Рўзи 9-уми октябр бошад, худи ҳамин торнамо, яъне Faraj.tj бо пахши хабари дигар бо номи «Комиссар Гулов: Дар ноҳияи Панҷ касе “облава” нашудааст»  навишт, ки «комиссари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ Дилшод Гулов ба роҳ мондани “облава”-ро аз ҷониби кормандони ин ниҳод рад карда, гуфт, чунин овозаҳо асос надоранд ва то ҳанўз касе бо ин роҳ ба хизмати аскарӣ ҷалб карда нашудааст».

- Гулов имрўз дар суҳбат бо мо гуфт, овозаҳо дар мавриди бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба хизмати ватан ҷалб намудани ҷавонон асоси воқеӣ надоранд, баръакс, ҳар рўз 3-4 нафар бо хоҳиши худ ба комиссариат омада, аризаи ба аскарӣ рафтанро менависанд. Номбурда дар мавриди тариқи “облава” ба хизмат бурдани муҳосиби Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ Бегалиев Ризвон гуфт, ў худаш ба онҳо муроҷиат намуда, бо хоҳиши худ ба хизмат рафтааст, ўро касе маҷбурӣ ба комиссариат наовардааст… Комиссар беасос будани шикояти волидонро дар хусуси “облава” бо он асоснок мекунад, ки бархе аз волидайн, бахусус модарон, барои ба аскарӣ рафтани фарзандонашон зид ҳастанд ва писарони синни хизматиашон аз хона гурехта, ба комисссариати ҳарбӣ меоянд, то ба хизмати Ватан раванд,- аз ҷумла омадааст дар хабар.

Торнамои Радиои Озодӣ бошад, рўзи 11-уми октябр гузорише бо номи "Писарамро аз ҷойи хобаш "облава" карданд"  пахш карда, чунин хабар дод: «Пайвандони як ҷавон дар Душанбе иддао доранд, ки субҳи барвақти 10-уми октябр ўро аз ҷойи хобаш бо зўр, яъне тариқи “облава” ба хидмати ҳарбӣ бурданд».

- Гулбаҳор Маҳмадқулова, сокини шаҳри Душанбе, ки ҳоло дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, 11-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро соати 6-и субҳи рўзи гузашта шаш нафар аз ҷойгаҳи хобаш ба берун бурдаанд ва танҳо баъди нисфирўзӣ маълум шудааст, ки онҳо кормандони Шуъбаи корҳои дохилӣ ва Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии Душанбе будаанд. Ин зан гуфт, ки писараш Бахтиёр Юсупов модари 81-солаашро нигаҳбонӣ мекард,- аз ҷумла омадааст дар гузориш.

- Модарам дар ошёнаи панҷум зиндагӣ мекард. Модарамро тарсониданд. Дарро зада, даромада ўро аз дохили ҷойгаҳи хобаш гирифта, ба пурсиши модари пирам ҳатто ҷавоб надодаанд. Ман дар Русия ҳастам, намедонам чӣ кор кунам. Ақаллан як бор даъват мекарданд ё худашонро шинос мекарданд, ки кӣ ҳастанд, ин қадар хавотир намешудем,- гуфтааст Гулбаҳор Маҳмадқулова.

- Ҳамасола дар шабу рўзи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби сокинон шикояти бо зўр ё худ “облава” бурдани ҷавонон ба сафи артиш садо медиҳад. Мақомот пайваста бо зўр ҷалб кардани ҷавонон ба артишро рад мекунанд. Дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ рўзи 10-уми октябр ба Радиои Озодӣ истифодаи зўр барои бурдани ҷавонон ба артишро рад карданд ва гуфтанд, ки Бахтиёр Юсупов барои ба артиш рафтан худаш ариза навиштааст,- омадааст дар гузориши ин торнамо.

Зимнан, санаи 11-уми октябр торнамои NoTorture.Tj бо пахши матлабе таҳти унвони «Шикояти кассатсионӣ аз болои ҳалномаи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе»  хабар дод, ки «адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Дилшод Ҷўраев аз болои ҳалномаи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе нисбати парвандаи қурбонии бадрафторӣ Мақсуд Носиров ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ бурдааст».

Ёдовар мешавем, ки 28-уми сентябр Суди ҳарбии гарнизони Душанбе баррасии парвандаи қурбонии бадрафторӣ Мақсуд Носировро ҷамъбаст кард. Баррасикунандаи ин парванда судя Лоиқзода Наҷмуддин Абдураҳим дархости наздикони Мақсуд Носировро оид ба рўёнидани ҷуброни зарари маънавӣ дида баромада, ҳаҷми ҷубронро 2000 сомонӣ муайян кард.

Ёдрас мекунем, ки санаи 27-уми январи соли 2014 чанде аз хизматчиёни ҳарбии дидбонгоҳи марзии қисми низомии 2587, воқеъ дар ноҳияи Спитамен бо мақсади “тарбия намудан” сарбозони ҷавонро саф кашонда, ба гулўву дигар аъзои бадани ҳар кадоми онҳо зарба заданд. Пас аз ин зарбаҳо сарбоз Мақсуд Носиров беҳуш шуда, ўро ба шуъбаи хуфтухези сарбозон мебаранд, ки дар он ҷо ў ба ҳуш наомада, ба ҳалокат мерасад. Бар асоси ташхиси судиву тиббӣ, Мақсуд Носиров ба иллати ҷароҳатҳои вазнин бардоштан дар ҷисмаш (хунравии дохилӣ, хунравии рўдаи борик ва ғайра) ба ҳалокат расидааст.

Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд аз 8-уми майи соли 2014 М. Юнусов ва Н. Шарифзода дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 373, қ. 2, б. «б, в, д» (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) ва Ш. Нуров ва Б. Шераев мутобиқи моддаи 373, қ. 2, б. «б, в» гунаҳкор дониста шуда, ин сарбозони собиқадор ба муҳлати аз 5 то 7,5 соли зиндон маҳкум шуданд.

Рўзи 17-уми октябр бошад, торнамои NoTorture.Tj хабаре бо номи «Хоҳиши ТҶ «ДОШ» аз прокуратура: Чораи ҳуқуқӣ андешида шавад!»  пахш кард.

- Санаи 13-уми октбяри соли 2017 ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба унвони прокурори ноҳияи Спитамен, Мушовири адлияи дараҷаи 1 Ҳусейнзода У. муроҷиатномаро бо хоҳиши додани баҳои ҳуқуқӣ ва андешидани чораи зарурии ҳуқуқӣ ирсол намудааст. Ташкилоти мазкур, ки дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ фаъолият мебарад, Қарори раиси ноҳияи Спитамен таҳти рақами 742 аз санаи 22-юми сентябри соли 2017 “Оид ба даъвати шаҳрвандони соли таваллудашон 1990-1999 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр - ноябри соли 2017”-ро таҳлил карда, дар он ба якчанд нукта додани шарҳро талаб намудааст,- навиштааст торнамо.

Ин ҳама дар ҳолест, ки расонаҳои чопии кишвар низ ба масоили хизмат дар артиш мурур кардаанд. Ҳафтаномаи «Пайк» мақолаи таҳлилие бо номи ««Облава»-ро аз байн бурдан имкон дорад» (№ 35 (202), аз 18-уми октябри соли 2017) ба табъ расонида, аз ҷумла навиштааст: «Ҳар қадар, ки дод назанему валвала барпо накунем, ки фалон теъдод ҷавонон ихтиёрӣ ба аскарӣ рафтанд, боз ҳам ҳақиқати якрав дар назди ҳама дурўғгўю сарпастамон мекунад. Дар ҳар мавсим иҷборан ба аскарӣ бурдани ҷавонон ба чашм мерасад. Масъулин гўё, ки ҳар қадар чораҷўӣ мекунанд, аммо «облава»-ҳо поён намеёбанд, нақаи аскарбарӣ бо мушкилоти миёншикан ҳал мешавад, садҳо нафар ҷавонон фақат ба хотири аз аскарӣ гурехтан ба ҷои ҳимояи ватан тарки ватан мекунанд, ба ҳар кунҷу канор паноҳ бурда, ду моҳи мавсим гўё, ки зиндагӣ намекунанд, балки пинҳон мешаванд. Дар мавсим қариб ҳама мардум дар ташвишанд - падару модарон, кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, кормандони ҳукумат, ҷамоатҳо».

Муаллифи мақолаи мазкур бар ин назар аст, ки «дар тамоми дунё хизмати шартномавии пулакӣ ҳаст. Яъне таҷриба нишон додааст, ки ин кори дуруст аст. Гузашта аз ин, аскарону афсарони пулакӣ беҳтар аз дигарон хизмат мекунанд».

Ҳамин нашрия, яъне ҳафтаномаи «Пайк» мавзуи мазкурро идома дода, дар шумораи ояндаи худ мақолаи дигаре бо номи «Хизмат бояд пулакӣ бошад» (№36 (203), аз 25-уми октябри соли 2017) ба нашр мерасонад.

- Сад, дусад, сесад ҳазор аскарони облавашудаи лоғару тарсу ё афсарони бемоҳонаву ватанбезор ба кӣ лозим? Магар беҳтар нест, ки 50 ҳазор хизматчии ҳарбӣ дошта бошему лашкари ҷаррори сафдар? 50 ҳазор аскар, агар ҳар кадом ба ҳисоби миёна 1000 сомонӣ маош гирад, ҳамагӣ 50 миллион сомонӣ мешавад. Фарз кардем барои қисмҳои ҳарбии махсус моҳонаи бештар диҳем, ин маблағ ба ҷабраш 60-70 миллион сомониро ташкил медиҳад. Боқимонда маблағи сарфашударо метавон батамом барои омодагии ҳарбии аскарон ва хариди яроқ сарф кард. Агар бо теъдоди лашкар «чашми душманро кўр» карданӣ бошем, пас тамоми миллат бояд бе хизмати аскарӣ низ мудом омодагии ҳарбӣ биёмўзад. Афсарони ба нафақа рафта бояд дар муассисоти таълимию истеҳсолӣ тамоми миллатро дар як ҳафта як рўз таълими дифои ватан биомўзанд,- менависад ҳафтанома ва хулоса мекунад: «… аз аскарони облавашуда ягон душман наметарсад…».

Ҳафтаномаи «СССР» бошад, муроҷиат - шикояти корманди шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии маҳаллии шаҳри Кўлоб Мавлуда Худойдодоваро таҳти унвони «Облава: Бачаи ман гўсфанд набуд?» (№42 (475), аз 19-уми октябри соли 2017) ба табъ расонидааст, ки аз ҷумла мегўяд: «Дирўз Ҷовидон Худойдодзода - бачаи маро соати қариб 8-и саҳар аз даҳани дарвозаи хонаамон милисаҳо қапида бурдаанд. Бовар мекунед, ки агар ҳамин лаҳза нафаҳмед, ки бачаро барои хизмати ҳарбӣ қапида бурдаанд, дилатон мезанаду меафтед. Наход бачаро мисли гўсфанду барра қапида баранд? Барои чӣ повестка - даъватнома намефиристанд?... Бачаи маро қапида, бурда, дар военкомат телефони мобилиашро пурра хомўш кардаанд, то бо наздиконаш дар тамос нашавад».

Бояд гуфт, санаи 18-уми октябр торнамои Радиои Озодӣ ҳам гузорише бо номи «Комил Одилов: “Писарамро, ки бемори сил буд, ба артиш бурданд”

 пахш карда, хабар дода буд: «Хонаводаи ҷавоне, ки дар гузашта аз бемории сил ранҷ мебурд, аз вазъи саломати фарзандашон дар сафи неруҳои мусаллаҳ ва хатари сироятёбии ҳамхидматонаш нигаронанд. Некрўзи Комили 22-сола, ба гуфтаи наздикон, баҳори имсол аз хонаашон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шўроободи собиқ) ба артиш бурда шуд. Ба иддаои наздикон, бо вуҷуди он ки исми Некрўз дар дафтари гирифторони сил сабт аст, ў барои адои хидмат ба қисми низомии 02267-и шаҳри Исфараи Суғд сафарбар шудааст. Комил Одилов, падари Некрўз, 18-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писарашро кормандони комиссариати ҳарбӣ аз хона бурданд, аммо онҳо бовар доштанд, ки баъди ташхис ҳатман ҷавоб мешавад. Комил Одилов падари 10 фарзанд аст ва мегўяд, чаҳор писараш дар рўйхати беморони сил қарор доранд».

Масъулини Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гуфтаанд, ки дар воқеъ, Некрўзи Комил ба хидмат дар артиш ҷалб шудааст. Аммо Муъминов, як масъули ин комиссариат, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки Некрўз соли 2009 аз маризии сил табобат гирифта буд: «Баъди 5 соли табобат аз ин беморӣ онҳо ба сафи неруҳои муссалаҳ даъват мешаванд. Мо натиҷаи ташхис ва тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро дар даст дорем, ки комилан сиҳат аст. Ба ҷуз ин, мо феҳристи ҷавонони мубталои силро дар рўйи мизамон дорем ва онҳоро даъват намекунем».

Дар моҳи октябри соли 2017 вобаста ба тадбирҳои доманадор барои пешгирии шиканҷа низ матолиби зиёд пахш гардид. Санаи 6-уми октябр торнамои NoTorture.Tj бо пахши матлабе таҳти унвони «Мизи мудаввар: Талош барои решакан кардани шиканҷа»  хабар дод, ки «имрўз дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар оид ба таҳия ва коркарди тафсири Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш намояндагони мақомоти қудратӣ, созмонҳои ҷамъиятию байнулмилалӣ ва коршиносон ширкат карданд. Дар ин ҳамоиш Саидаҳмад Икромов, менеҷери Барномаи волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати Барномаи Рушди СММ зикр кард: “Тайи зиёда аз ду сол аст, ки Барномаи Рушд ҳамроҳи барномаҳои дигар шарикон, ба монанди Фонди Сорос ва дафтари Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти давлатиро дар татбиқ намудани стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дастгирӣ менамояд. Дар ин давра ҳуҷҷатҳои дохилии духтурони муассисаҳои ислоҳотӣ оид ба ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа, тренингҳои махсус оид ба истифода бурдани ин гуна ҳуҷҷатҳо гузаронида шудаанд. Умедворем, ки саъю талоши шарикон дар ин самт боиси решакан шудани шиканҷа ва дигар намуди муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад».

Инчунин, торнамои мазкур, яъне NoTorture.Tj санаи 14-уми октябр бо номи «Чорабиниҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон бахшида ба ТДУ», 16-уми октябр таҳти унвони «Боздиди аъзои Эътилоф аз марказҳои офиятбахшӣ барои қурбониёни шиканҷа дар Грузия ва Арманистон» , 25-уми октябр бо номи «Гуруҳ оид ба офиятбахшӣ: Дар семоҳаи сеюм 10 нафар офиятбахшӣ гузаштанд» , 26-уми октябр бо номи «Адвокатҳои Тоҷикистон оид ба стратегия ва усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷа тренинг мегузаранд» , 27-уми октябр таҳти унвони «Равоншиносони Тоҷикистон оид ба масоили офиятбахшии қурбониёни шиканҷа тренинг мегузаранд» , «Гуруҳ оид ба мониторинг: боздид аз муассисаҳои пўшида, чорабиниҳои иттилоотӣ ва сафарҳои шиносоӣ» , «Иштироки адвокатҳои Суғд дар тренинг оид ба ҳимояи қурбониёни шиканҷа»  ва 28-уми октябр таҳти унвони «Гуруҳи кўмаки ҳуқуқӣ: дар 3 моҳ 15 муроҷиати шаҳрвандон оид ба шиканҷаҳои эҳтимолӣ ҳуҷҷатгузорӣ шуд»  оид ба талошҳоми ҳомиёни ҳуқуқ баҳри пешгирии шиканҷа хабару гузоришҳо пахш кард.

NoTorture.Tj