Октябр: Тренинг, мониторингҳо ва суҳбатҳо оид ба шиканҷа

Дар моҳи октябри соли 2018 расонаҳо дар баробари қазияҳои пурсарусадои истифода аз шиканҷа, оид ба вазъияти будубоши сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ ва баҳсҳои “иҳотагирӣ”-ву “меҳтарсолорӣ” матолиб пахш карданд.

Рӯзи 2-юми октябр торнамои Радиои “Озодӣ” таҳти унвони “Вазорати дифоъ мегӯяд, имсол ба “облава” эҳтиёҷ намонд” (https://www.ozodi.org/a/29521261.html) матлабе пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ танҳо дар шаҳри Душанбе ҳудуди 200 ҷавон довталабона ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, ба сафи артиш пайвастаанд. Ба қавли мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон, дар ин рӯз шумори ҷавонони довталаб барои хидмат дар артиш дар минтақаҳои дигари кишвар низ ба фарқ аз солҳои гузашта бештар ба назар мерасид. Ҳар сол баҳору тирамоҳ даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш сурат мегирад. Дар гузашта сокинон аз даъвати иҷборӣ ба хидмати ҳарбӣ хабар медоданд. Як сабаби аслии парҳези ҷавонони тоҷик аз хидмат дар сафи неруҳои мусаллаҳ бадрафтории сарбозони собиқадору афсарон бо аскарони навомада гуфта мешавад».

Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон Ориф Нозимиён ба Радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки «имсол вазъият фарқ мекунад ва сафи ҷавонони довталаб афзудааст. Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷавонони синни даъватӣ, ки ихтиёрӣ барои хидмат ба артиш омадаанд, зиёд ҳастанд. Ин имкон медиҳад, ки масъулин ҷавонони беҳтарро ба сафи қувваҳои мусаллаҳ интихоб кунанд. Нисбат ба солҳои қаблӣ имсол шумораи ихтиёриён хеле зиёд аст».

Дар ҳамин ҳол, худи ҳамин торнамо, яъне торнамои Радиои «Озодӣ» санаи 2-юми октябр матлаби дигаре бо номи «Мақомот: Мирзоевро аз беэҳтиётӣ паррондаанд» (https://www.ozodi.org/a/a-solder-killed-in-army-/29520648.html) пахш кард.

- Додситонии ҳарбии шаҳри Кӯлоб ба таҳқиқи марги як сарбоз дар қисми неруҳои марзбонии минтақа шуруъ кардааст. Мақомот гуфтанд, ки рӯзи 27-уми сентябр Алӣ Мирзоеви 26-сола аз тири силоҳи ҳамхидматаш ҷон бохт. Санҷиши ҳодиса аз рӯи моддаи 387-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (вайронкунии қоидаҳои муносибат бо яроқ ва бо предметҳое, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад) шуруъ шуда, гумонбар ба ҳабс гирифта шудааст. Сарбози фавтида сокини деҳаи Метки ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд будааст,- аз ҷумла омадааст дар ин матлаб.

Торнамои мазкур дар идомаи матлабаш ҳамчунин афзудааст, ки «дар аксар хабарҳое, ки дар бораи маргу мири сарбозон дар артиш нашр мешавад, гоҳо мушкили латукӯб шудани онҳо аз ҷониби куҳнасарбозон чун сабаби аслии фоҷеа ном бурда мешавад. Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ дар охири соли 2016 навишта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидаанд».

Торнамои Радиои «Озодӣ» инчунин рӯзи 5-уми октябр таҳти унвони «Хабарнигори Озодӣ “облава”-ро таҷруба кард» (https://www.ozodi.org/a/29527795.html) гузориши муфассале пахш карда, аз ҷумла навишт: «Рӯзи 5-уми октябр хабарнигори Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфӣ аз тарафи кормандони комиссариати ҳарбӣ иҷборӣ ба идораи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурда шуд. Ин нафарон худро кормандони Комиссариати ҳарбӣ муаррифӣ карданд, вале дар тан либоси мулкӣ доштанд. Юсуфӣ мегӯяд, рафтори онҳо бисёр дағалона буд ва ба далелҳои хабарнигор, ки ӯ билети ҳарбӣ дорад, гӯш намедоданд».

Ҳамин рӯз, яъне 5-уми октябр торнамои NoTorture.Tj бо номи «Ёвон: Нисбати ду корманди фаврӣ, ки аз одами бегуноҳ нишондоди худиқрорӣ гирифтаанд, бо моддаи «шиканҷа» парванда оғоз шуд» (http://notorturetj.org/tj/news/yovon-nisbati-du-kormandi-favri-ki-az-odami-begunokh-nishondodi-hudikrori-giriftaand-bo-moddai) хабар пахш карда, аз ҷумла навишт: «Прокуратураи ноҳияи Ёвон 27-уми сентябри соли 2018 нисбати ду нафар корманди фаврии ШВКД-и маҳаллӣ бо моддаи 143, эзоҳи 1, қисми 2 (шиканҷа)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд. Ҳарду нафар ба он гунаҳгор карда мешаванд, ки моҳи июли соли ҷорӣ сокини ноҳияи Ёвон Шаҳбоз Аҳмадовро боздошт намуда, ӯро шиканҷа додаанд, то дар мавриди ҷинояте, ки содир накардааст, нишондоди худиқрорӣ гиранд. Баъди чанд рӯз милисаҳо ӯро ба хона ҷавоб додаанд, чун гумонбари асосӣ дар ҷиноятро ёфтаанд».

Торнамои мазкур, яъне NoTorture.Tj санаи 8-уми октябр натиҷаҳои якчанд мониторингҳоро таҳти унвонҳои «Мониторинги тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Рушони ВМКБ: шикоят аз муносибати бераҳмона вуҷуд надорад» (http://notorturetj.org/tj/news/monitoringi-tavkifgokhi-muvakkatii-shvkd-i-nokhiyai-rushoni-vmkb-shikoyat-az-munosibati), «Мониторинги такрории тавқифгоҳи муваққатии РВКД-и шаҳри Хоруғ» (http://notorturetj.org/tj/news/monitoringi-takrorii-tavkifgokhi-muvakkatii-rvkd-i-shakhri-horug), «Мониторинги тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Дарвоз» (http://notorturetj.org/tj/news/monitoringi-tavkifgokhi-muvakkatii-shvkd-i-nokhiyai-darvoz) ва «Мониторинги Хона-интернат барои шахсони бемори руҳии Восеъ» (http://notorturetj.org/tj/news/monitoringi-hona-internat-baroi-shahsoni-bemori-rukhii-vose) пахш кард, ки дар онҳо як қатор тавсияҳо барои беҳтар сохтани шароити муаасисаҳои мазкур пешниҳод гардидаанд.

Инчунин, торнамои NoTorture.Tj санаи 9-уми октябр таҳти унвони «Шоира Давлатова: Гуруҳи расонаӣ фарогири иттилооти марбут ба шиканҷа аст» (http://notorturetj.org/tj/dialog/shoira-davlatova-gurukhi-rasonai-farogiri-ittilooti-marbut-ba-shikancha-ast), рӯзи 10-уми октябр бо номи «Таҳмина Ҷӯраева: Ҳамаи боздидҳо аз муассисаҳои пӯшида бе огоҳсозии пешакӣ сурат мегиранд» (http://notorturetj.org/tj/dialog/takhmina-churaeva-khamai-bozdidkho-az-muassisakhoi-pushida-be-ogokhsozii-peshaki-surat), санаи 23-юми октябр бо номи «Нигина Баҳриева: Яке аз вазифаҳои мо таъмини рушди институтсионалии Эътилоф аст» (http://notorturetj.org/tj/dialog/nigina-bakhrieva-yake-az-vazifakhoi-mo-tamini-rushdi-institutsionalii-etilof-ast), рӯзи 24-уми октябр таҳти унвони «Гулчеҳра Раҳмонова: Қурбониёни шиканҷа ба кӯмаки равониву иҷтимоӣ ҳам ниёз доранд» (http://notorturetj.org/tj/dialog/gulchekhra-rakhmonova-kurboniyoni-shikancha-ba-kumaki-ravonivu-ichtimoi-kham-niyoz-dorand), санаи 25-уми октябр бо номи «Наҷиба Ширинбекова: Мо аз болои тафтишоти расмӣ аз рӯи парвандаҳо оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона назорати ҷамъиятӣ мебарем» (http://notorturetj.org/tj/dialog/nachiba-shirinbekova-mo-az-boloi-taftishoti-rasmi-az-rui-parvandakho-oid-ba-istifodai) ва 26-уми октябр таҳти унвони «Парвина Наврӯзова: Стандартҳои Протоколи Истамбулӣ барои тафтиши самараноки ҳолатҳои шиканҷа кӯмак мерасонанд» (http://notorturetj.org/tj/dialog/parvina-navruzova-standartkhoi-protokoli-istambuli-baroi-taftishi-samaranoki-kholatkhoi) чанд суҳбатеро пахш кард, ки мусоҳибон оид ба натиҷаҳои назарраси фаъолияташон маълумот додаанд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки дар моҳи октябри соли 2018 таваҷҷуҳ ба гузаронидани тренингҳо низ вуҷуд дошт. Торнамои NoTorture.Tj санаи 17-уми октябр матлабе таҳти унвони «Адвокатҳои амалкунанда дар тренинги оид ба озодӣ аз шиканҷа ҳамчун тренер баромад намуданд» (http://notorturetj.org/tj/news/advokatkhoi-amalkunanda-dar-treningi-oid-ba-ozodi-az-shikancha-khamchun-trener-baromad-namudand) пахш кард.

- Бо мақсади мустаҳкам намудани иқтидори маркази таълимии Иттифоқи адвокатҳои ҶТ дар масъалаи стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ оид ба озодӣ аз шиканҷа ва кафолатҳои асосии ҳуқуқҳои боздоштшудагону маҳкумгардидагон рӯзҳои 5-6-уми октябр дар мавзеи «Сароб» тренинги дурӯза гузаронида шуд. Дар тренинг 25 нафар адвокат аз шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Хусусияти фарқкунандаи ин тренинг дар он буд, ки тренерҳо худи адвокатҳои амалкунанда буданд,- хабар дод торнамои мазкур.

NoTorture.Tj