Таҷрибаи ҷуброни зарар ба ҷабрдидагони шиканҷа ба роҳ монда шудааст

Моҳи майи соли 2016 дар мавриди шиканҷа гуфтугузорҳо ва нисбати пешгирии он кӯшишҳо зиёд буд. Вале инъикоси мавзуи ҳуқуқи сарбозон низ дар расонаҳо идома ёфт.

Санаи 3-юми май хабаргузории «Азия-плюс» бо пахши як хабар таҳти унвони «Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ 80% иҷро шуд»  навишт, ки «то 1-уми май 19 шаҳру навоҳӣ даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро иҷро карданд».

Аммо хабаргузорӣ афзуд, ки «Вазорати мудофиаи Тоҷикистон далели ба таври маҷбурӣ ба хизмат даъват кардани ҷавонон (облава)-ро рад мекунад. Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта Суди шаҳри Душанбе Умедҷони Амрохонро, ки ба ҳамла ба 4 корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт ва қатли ду нафари онҳо гумонбар дониста мешуд, ба 30 соли зиндон маҳкум кард. Тибқи яке аз фарзияҳо, ин ҷавон бо ҳамин роҳу васила мехостааст аз даъват ба хизмати ҳарбӣ худро халос намояд. Баъдан Вазорати мудофиаи Тоҷикистон изҳор намуда буд, ки ҳодисаи куштори кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ба маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ ҳеҷ рабте надорад».

Санаи 12-уми май бошад, торнамои радиои «Озодӣ» бо номи «12 посухи радди Вазорати адлия ба Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ»  гузорише пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ - созмоне, ки дар ростои дифоъ аз ҳуқуқи ҷавонони синни даъват ба артиш ва сарбозон фаъолият мекунад, барои бори 12-ум аз Вазорати адлия барои сабти ном посухи рад гирифт».

Бино ба маълумоти ин торнамо, «Ампаро» соли 2005 ташкил шуда, ҳар сол дар мавриди ҷалби ҷавонон ба артиш ва вазъи хизмати низомӣ дар Тоҷикистон мониторинг мегузаронд. Ҳамин корро баъдан Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ идома дод. Вакилони мудофеи Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар баҳсҳои додгоҳӣ аз сарбозону навдаъватшудаҳое, ки мавриди латукӯб қарор мегиранд ва ё бо роҳи “облава” ба артиш бурда мешаванд, ҳимоят мекунад.

Рӯзи 20-уми май торнамои NoTorture.Tj таҳти унвони «Ҷустуҷӯи ҷавони аз «облава» гурехта муваққатан қатъ шуд»  хабар пахш кардаву аз қавли хабаргузории «Азия-плюс» навишт: «Ҷустуҷӯи ҷавони 19-солаи шаҳри Роғун, ки рӯзи 19-уми апрел ҳангоми гурехтан аз «облава» худро ба дарё андохта буд, боздошта шудааст. Дар ин бора хабаргузории «Азию-плюс» хабар дода, бо истинод ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ меафзояд, ки ҷасади ҷавон то ҳол дарёфт нашудааст».

Қаблан расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки сокини 19-солаи шаҳри Роғун Қиёмиддин Шарифов ҳангоми «облава» худро ба дарёи «Вахш» партофта, ғарқ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, санаи 24-уми май хабаргузории TojNews бо номи «Тасдиқи расмии “облава” дар ноҳияи Файзобод»  хабаре пахш намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҳамасола дар рафти даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ хабарҳо оид ба ҷалби маҷбурӣ ё “облава” расонаӣ мешавад, вале Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, соли гузашта танҳо як ҳолати он тасдиқи худро пайдо кард. 23-юми май Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар гузориши солонаи худ гуфт, соли гузашта иҷрокунандаи вазифаи сардори мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти “Бӯстон”-и ноҳияи Файзобод М. У. бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи Қонун дар якҷоягӣ бо мутахассиси зершуъбаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод шаҳрванд Н.Ф.-ро маҷбуран ба мошин савор карда, бо мақсади ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардан ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод овардааст. Манбаъ мегӯяд, аз ҷониби Сарпрокурори ҳарбӣ барои бар хилофи талаботи қонун амал   намудан ва тариқи иҳотагирӣ (облава) ба комиссияи даъватӣ ҳозир намудани шаҳрванд нисбати М. У. чораи дахлдор андешида шуд».

Санаи 29-уми май бошад, торнамои радиои «Озодӣ» матлаби муфассале таҳти унвони «Муҷозоти ду афсар ва як сарбоз дар робита ба марги Фаррухҷон»  пахш кард.

- Ду афсар ва як сарбози қисми низомии "2847"-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар робита ба марги сарбоз Фаррухҷон Ҳайталиев аз 4 то 14 сол маҳкум ба зиндон шуданд.

Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе фармондеҳи постгоҳи қисми ҳарбии “2847”-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ капитан Сӯфи Сӯфиев ва муовини ӯ лейтенант Бобурҷон Ортуқовро тибқи моддаи 391, қисми 3 (сӯйистифода аз вазифаи давлатӣ) ба муддати чаҳорсолӣ аз озодӣ маҳрум кард. Додгоҳ айбдоршавандаи севум - сарбози ин қисми низомӣ Алихон Туйчиевро тибқи моддаи 373, қисми 2 (вайрон намудани ойинномаи муносибат бо аскарон) ва моддаи 110, қисми 3 (огоҳона зарари вазнини ҷисмонӣ расонидан) ба 14 соли зиндон маҳкум кардааст. Созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба радиои «Озодӣ» иттилоъ дод, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати ин афрод рӯзи ҷумъаи 27-уми май эълон шудааст. Як масъули созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" ба нақл аз тафтишоти ин парванда гуфт, ки Фаррухҷон Ҳайталиев чандин бор аз сӯи сарбоз Алихон Тӯйчиев мавриди латукӯб қарор гирифтааст,- навишт торнамои мазкур.

Дар моҳи майи имсол қазияи давомдори марги муҳоҷири тоҷик дар пайи латукӯб низ дигарбора расонаӣ гардид. Хабаргузории «Озодагон» рӯзи 31-уми май бо пахши як хабар таҳти унвони «Талаби 27 соли зиндон барои се пулиси рус, ки муҳоҷири тоҷикро то марг латукӯб кардаанд»  чунин иттилоъ дод: «Айбдоркунандаи давлатӣ барои се маъмури пулиси Русия, ки дар латукӯби Фаррух Урозов, як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон муттаҳам мешаванд, дар маҷмуъ 27 соли зиндон талаб кардааст. Кумита оид ба пешгирӣ аз шиканҷа мегӯяд, додситон барои Владимир Гордеев, корманди ҷустуҷӯи ҷиноии шуъбаи пулиси ноҳияи Солнечногорск нуҳ солу се моҳ зиндони низомаш шадид ва барои ҳамкорони ӯ - Станислав Дейкуну Андрей Чернишев нуҳ соли ҳабс талаб кардааст. Ин маъмурони пулис дар баромадан аз ваколати хизматӣ, истифодаи зӯроварӣ бо истифода аз ҷиҳози махсус ва расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки ба марги инсон сабаб шудааст, муттаҳам мешаванд».

- Кумитаи зидди шиканҷа қаблан аз қавли Илҳом Алихонов, бародари Фаррух, ки дар парванда ҳамчун ҷабрдида баромад мекунад, навишта буд, бегоҳи 17-уми сентябри соли 2014 маъмурини пулис ҳамроҳи Светлана, ҳамсоязани онҳо Фаррухро аз хоб бедор карда, ба идораи пулис бурданд. Баъдан муайян шудааст, ки Фаррухро дар таҷовуз ба номуси духтари 6-солаи Светлана айбдор мекунанд. Илҳом он замон гуфта буд, ки маъмурини пулис ӯро низ ба идораи пулис бурданд: “Он ҷо Фаррухрро дар яке аз утоқҳо латукӯб мекарданд ва ӯ бо овози баланд дод мезад. Барои чанд лаҳза ҳангоми нимкушод будани дар Фаррухро дидам, ки бо дастони баста хунолуд рӯи фарш буд ва бо забони тоҷикӣ сӯи ман гуфт, ки “дигар тоқат карда наметавонам". Аз ҳама ҳайратовараш он буд, ки фарёди ҷонкоҳи Фаррухро маъмурини дигари пулис, ки аз роҳрави идора мегузаштанд, мешуниданд, аммо чорае наандешиданд",- меафзояд хабаргузорӣ.

Ба қавли ин хабаргузорӣ, дар натиҷаи латукӯб шаҳрванди Тоҷикистон шаби 17 ба 18-уми сентябр дар роҳрави шуъбаи пулис ҷон бохтааст.

Як қазияи ногаҳонӣ низ, ки марбут ба иштирокчиёни ҷашни «Ҳолӣ» дар Душанбе буд, моҳи май ба таври васеъ расонаӣ гардид. Санаи 19-уми май хабаргузории «Озодагон» гузорише таҳти унвони «Нашри навори латукӯб ва дашномдиҳии гӯшношунид барои таҷлили Ҳолӣ дар Душанбе»  пахш карда, аз ҷумла навишт: «Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори аудиоии 16-дақиқаӣ нашр шудааст, ки ба иттилои ноширонаш, дар он лаҳзаи латукӯб ва дашномдиҳии ҷавонони боздоштшуда барои таҷлили Ҳолӣ дар идораи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ сабт шудааст».

- Дар пайи нашри навор ва шикоятҳои зиёди ҷавонон Гулнора Амиршоева, вакили шаҳри Душанбе ва сармуҳаррири ҳафтаномаи “Вечёрка” аз ҳамаи он нафароне, ки аз сӯи маъмурини пулис мавриди таҳқиру таҳдид қарор гирифтаанд, даъват кардааст, ки аризаи шикоятӣ нависанд. Ин вакили халқӣ рафтори кормандони милисаро ношоям ва сӯйистифода аз вазифа унвон карда, таъкид намудааст, ки “ҳеҷ кас ҳақ надорад шуморо, фарзандони шуморо таҳқир кунад, модаронатонро дашном диҳад ва душмани халқ номад. То он даме, ки шумо хомӯш менишинед, онҳо ин одамонро таҳқир мекунанд ва беҷазо мемонанд”. Ин вакили шаҳри Душанбе гуфт, дар ҳоли ҳозир вазорат аз қазия огоҳ буда, тафтишоти корӣ идома дорад. Ӯ афзуд, дар назар аст, ки рӯзи шанбе бо раҳбарияти Вазорати корҳои дохилии кишвар дидор кунад. Ӯ аз ҷабрдидагон хоҳиш кардааст, ки аризаҳои шикоятиро дастаҷамъона ва ё алоҳида ба суроғаи Прокурори генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва ба вакили шаҳри Душанбе нависанд. Гулнора Амришоева гуфтааст: “Бе нишондод ва шикояти шумо мо наметавонем рафтори он нафареро, ки дар навори аудиоӣ ҷавононро таҳқир кардааст, исбот созем”,- меафзояд хабаргузорӣ.

Худи ҳамин рӯз, 19-уми май, хабаргузории «Озодагон» хабар дод, ки «Омбудсмени кӯдак хостори таҳқиқи мунсифонаи латукӯби иштирокчиёни Ҳолӣ шудааст» .

- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон ба таҳқиқи қазияи латукӯб ва дашномдиҳии гуруҳе аз наврасону ҷавонон, ки баъди таҷлили ҷашни Ҳолӣ боздошт шудаанд, шуруъ кардааст. Раҷабмоҳ Бадриддинова, раҳбари ин ниҳод гуфт, ки ба пайгирии ин ҳодиса машғуланд. Ӯ афзуд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ирсоли муроҷиатнома унвонии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хостори санҷиши қазия шудааст: “Гуфтем, санҷиш гузаронанд. Асли қазияро муайян намоянд, агар нақзи ҳуқуқ ҷой дошта бошад, нисбати онҳо чораҳои зарурӣ андешида шавад”,- навишт хабаргузорӣ.

Санаи 23-юми май бошад, хабаргузории «Азия-плюс» матлабе бо номи «ВКД ба таҳқиқи ҳодисаи рухдода баъди ҷашни «Ҳолӣ» шуруъ кард»  пахш намуда, аз ҷумла навишт: «Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба тафтиши бархӯрди кормандони пулис бо ширкатдорони ҷашни “Ҳолӣ” дар Душанбе оғоз кардааст. Як ҳамсуҳбати радиои «Озодӣ» аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-уми май гуфтааст, ҳоло се нафар корманди Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамчун гумонбарони эҳтимолӣ бозпурсӣ мешаванд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳанӯз рӯзи 20-уми май дар як ҷаласа Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз рух додани чунин як ҳодиса ҷиддан нигаронӣ карда, ба тафтиши он супориш додааст. Вазир гуфтааст, ки корманди милиса бояд дар чорчӯбаи қонун ва ахлоқ бо қонуншиканон рафтор кунад».

Ниҳоят, рӯзи 25-уми май торнамои радиои «Озодӣ» гузорише бо номи «Қазияи "Ҳолӣ": 1 пулис барканор шуд ва 3 тан танбеҳ гирифтанд»  пахш карда, навишт: «Як нафар корманди пулиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои рафтори "дағалона" бо ширкатдорони ҷашни ҳиндии "Ҳолӣ" аз вазифа озод карда шуд ва се нафари дигар танбеҳ гирифтанд».

- Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 25-уми май қазияи боздошти гуруҳе аз ҷавонон пас аз баргузории ҷашни "Ҳолӣ" дар шаҳри Душанберо шарҳ дод. ВКД мегӯяд, ки боздошти ин ҷавонон ба манзури ҳифзи тартибот ва бар асоси шикояти сокинон сурат гирифтааст. Дар иттилоияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки рӯзи 5-уми май ин маҳфил дар майдони «Спитамен» гузорида шуд ва қабл аз анҷоми он, ҷавонони иштироккунандаро огаҳ намуданд, ки бо рӯю мӯй ва либосҳои рангкарда ба кӯча ва хиёбонҳо ҳаракат накунанд. Аммо баъди анҷоми ин маросим ҳудуди 40-50 нафар аз ин наврасону ҷавонон бо сару рӯй ва либосҳои рангкардашуда дар назди театри "Лӯхтак", хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Бухоро ва гирду атрофи он ҳаракат карда ва тартиботи ҷамъиятиро "дағалона" вайрон кардаанд. Ба таъкиди Вазорати умури дохилӣ, чунин амалу рафтори ҷавонон боиси изтиробу ташвиши сокинон ва раҳгузарони пойтахт шудааст ва баъди муроҷиати зиёди шаҳрвандон оид ба гаштугузори ҷавонони шубҳанок, кормандони пулис 48 нафар, аз ҷумла 31 нафар ноболиғ ва 17 нафар ҷавонро боздошт карда, ба шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурданд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин амали кормандони пулис тибқи қонун будааст, зеро пешгирӣ накардани чунин ҳолат метавонистааст боиси бетартибиҳо гардад. Дар ҳамин ҳол, вазорат мегӯяд, ки бинобар "дағалона" рафтор намудани кормандони пулис, баъди санҷиши хизматӣ аз ҷониби Раёсати амнияти дохилии ВКД, нисбати 4 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷазои интизомӣ, аз ҷумла 1 нафар аз вазифа озод ва се нафар танбеҳ ва танбеҳи қатъӣ гирифтанд. Аммо дар хабарномаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ин кормандони пулис, ки муҷозот шудаанд, ном бурда нашудааст,- омадааст дар гузориши торнамо.

Тавре қаблан зикр шуд, дар моҳи майи соли ҷорӣ кӯшишу тавсияҳо барои пешгирии шиканҷа зиёд буд. Аз ҷумла, санаи 1-уми май торнамои радиои «Озодӣ» матлаби муфассале бо номи «Суолҳои "сахт" ба Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ» ) пахш карда, хабар дод, ки «ҳафтаи оянда дар шаҳри Женева, дар Швейтсария, нишасти 25-уми Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид баргузор хоҳад шуд. Қарор аст рӯзи 6-уми май намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ба намояндагони Шӯро бигӯянд, ки аз соли 2010 то соли 2015 барои беҳтар шудани вазъи ҳуқуқи мардум чӣ корҳоеро анҷом додаанд?».

- Дар баробари масоили сиёсӣ, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон аз ҷумла бояд дар бораи талошҳо барои аз байн бурдани бадрафториву шиканҷа дар боздоштгоҳу зиндонҳо низ суҳбат кунанд. Намояндагони Олмон хостаанд, Тоҷикистон ин масъаларо шарҳ диҳад, ки оё ба Созмони Байналмилалии Салиби Сурх иҷозаи вуруд ба зиндонҳоро медиҳад? Талабе, ки давлати Тоҷикистон солҳост рад мекунад. Дар гузориши пешниҳодшуда ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон натавонистааст ин зуҳуроти манфиро аз байн барад ва мақомоти интизомӣ, ки муттаҳамон ба ҷиноят ё боздоштшудаеро азоб медиҳанд, беҷазо мемонанд. Масъалаи бадрафторӣ ва ҳалокати сарбозон низ, ки солҳои ахир гузоришҳо дар ин бора бештар мешаванд, дар рӯзномаи ҷаласа зикр шудааст ва дар гузориши Созмони Милал гуфта мешавад, ки ин зуҳуроти бад ҳамчунон дар сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон зиёд аст ва бояд аз байн бурда шавад,- аз ҷумла омадааст дар матлаби ин торнамо.

Рӯзи 4-уми май хабаргузории TojNews низ хабар дод, ки «Шиканҷа дар Тоҷикистон дар Женева баҳс мешавад» . Ба иттилои ин хабаргузорӣ, «шашуми майи соли равон дар Женева вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегирад. Қарор аст дар он як ҳайат аз Тоҷикистон таҳти роҳбарии Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи кишвар ширкат кунанд».

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаномаи «Нигоҳ» бо номи «Гузориши Ваколатдори ҳуқуқи инсон - 2015-2016» (№9 (492), аз 25-уми майи соли 2016) бандҳоеро аз гузориши номбурда ба нашр расонд.

- Аз давраи ба Кодекси ҷиноятии ҶТ илова намудани моддаи алоҳида оид ба ҷинояти «шиканҷа» чор нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо моддаи 1431 КҶ ҶТ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Дар ҷумҳурӣ таҷрибаи ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ ба ҷабрдидагони шиканҷа низ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ панҷ қарор дар бораи ҷуброни зарар ба ҷабрдидагони шиканҷа қабул шудааст. Ҳолатҳои вайронкунии ҳуқуқҳои шаҳрвандон, истифодаи шиканҷа ва дигар усулҳои ғайриқонунӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дода мешавад. Соли 2015 ба Прокуратураи генералӣ 21 муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмона ворид шуда, танҳо дар як ҳолат тасдиқи худро ёфтааст. Дар маҷмуъ, соли 2015 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 3 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 1431 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва мавриди тафтиш қарор дода шудааст,- аз ҷумла омадааст дар матлаби нашрия.

Ин ҳам дар ҳолест, ки санаи 16-уми май торнамои NoTorture.Tj хабаре таҳти унвони «Семинар дар мавзуи ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа»

 пахш карда, иттилоъ дода буд: «Рӯзи 16-уми майи соли 2016 дар як семинар мавзуи «Принсипҳои самараноки тафтиш ва ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа, муносибатҳои ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ва дигар муносибатҳои тибқи стандартҳои Протоколи Стамбулӣ» баҳсу баррасӣ шуд. Семинари мазкур дар ҳамкорӣ бо яке аз шарикони рушд - ташкилоти ҷамъиятии “Марказ оид ба ҳуқуқи инсон” дар бинои Маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби 20 нафар судяҳои судҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродзода Дустмурод Ҳайит ва Директори Маркази таълими судяҳо Завқизода Солеҳ Амин кори семинари мазкурро оғоз намуда, қайд карданд, ки «дар шароити ҳассоси ҷаҳони имрӯза мавзуи шиканҷа дар радифи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон асосӣ мебошад. Гарчанде он аз ҷониби баъзе давлатҳои абадқудрат ва давлатҳое, ки онҳоро даргириҳои сиёсӣ фаро гирифтаанд, риоя нагардад ҳам, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои шаҳрвандон, шахсони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бо риояи талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуну санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳифз мегарданд»».

Ҳамин торнамо рӯзи 24-уми май хабаре бо номи «Давраи омӯзишӣ: Баррасии зӯроварӣ нисбати кӯдакон»  пахш карда, аз ҷумла навишт: «Намояндагии Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо PRI дар Осиёи Марказӣ ва Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар ҳамдастӣ бо Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, бо кӯмаки молиявии Шуъбаи ташкилоти байнулмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон рӯзҳои 25-27 майи соли 2016 дар ш. Душанбе давраи омӯзишӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ ва дигар муносибатҳои бераҳмона нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаю нимапӯшидаи Тоҷикистон баргузор мекунанд. Дар ин давраи омӯзишӣ намояндагони Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи марказ ва ш. Душанбе, Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, ҳамчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ ширкат меварзанд. Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокдорон механизмҳои байнулмилалӣ ва миллии пешгирии зӯроварӣ ва дигар муносибатҳои бераҳмона нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳо, инчунин усули муайянсозии муносибати бераҳмона нисбат ба кӯдаконро баррасӣ карда, дар самти офиятбахшии фарогир ва муассири ҷабрдидагони зӯроварӣ табодули таҷриба мекунанд».

Ниҳоят, санаи 28-уми май торнамои NoTorture.Tj бо пахши матлабе таҳти унвони «Дар семинар Протоколи Истамбулӣ омӯзонида шуд»  аз натиҷаи ин давраи омӯзишӣ хабар дод: «Дар як даври омӯзишии серӯза дар шаҳри Душанбе оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаю нимапӯшида талаботи Протоколи Истамбулӣ ба равоншиносону ҳуқуқшиносон омӯзонида шуд».

- Дар рӯзи дуюми давраи омӯзишӣ, 26-уми май, коршиноси миллӣ дар масоили татбиқи Протоколи Истамбулӣ Парвина Наврӯзова оид ба фарқияти нуқтаҳои ин Протокол аз дигар қонунгузориҳо маълумот дода, бо иштирокдорони семинар мубодилаи афкор намуд. Муҳимтарин нукта дар ин бахш ин буд, ки иҷрои талаботи Протоколи Истамбулӣ маҷбурӣ нест, аммо дар бисёр маврид ба манфиати кор аст. Дар рӯзи охир, 27-уми май, коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи равоншиносӣ Лилит Геворкян аз Арманистон низ бо ишора ба Протоколи Истамбулӣ суҳбату баҳси фарогире ташкил намуд. Ба қавли ӯ, пешгириву офиятбахшии зарарҳои равоние, ки ҷабрдидаҳо мегиранд, аз зарарҳои ҷисмонӣ ҷиддитар аст. Парвина Наврӯзова низ дар рӯзи қаблӣ ҳамин масъаларо гӯшрас карда, гуфта буд, нозукии зарарҳои равонӣ ин аст, ки муддати тӯлонӣ азият медиҳанд,- аз ҷумла навишт торнамо.

NoTorture.Tj