Таваҷҷуҳи бештар ба шиканҷа ва қадрдонии адвокатҳо

Дар моҳи декабри соли 2017 таваҷҷуҳ ба масоили марбути шиканҷа бештар буд ва ҳамзамон расонаҳо аз қадрдонӣ шудани адвокатҳо барои хизматрасониҳояшон ба ҷабрдидагон иттилоъ доданд.

Торнамои NoTorture.Tj санаи 2-юми декабр матлабе бо номи «Нахустин бор дар Тоҷикистон даъво барои тафтиши ғайри самараноки парвандаи қурбонии шиканҷа баррасӣ мегардад»  пахш карда, хабар дод, ки «рӯзи сешанбе, 5-уми декабри соли 2017, соати 10:00 дар Суди ноҳияи Сино аз рӯи даъво оид ба ҷуброни зарари маънавӣ барои тафтиши ғайри самараноки парвандаи ҷиноятии марбут ба марги Умар Бобоҷонови 23-сола мурофиаи судӣ баргузор мегардад. Ин аризаи даъвогӣ оид ба ҷуброни зарари маънавӣ барои тафтиши ғайри самаранок дар таҷрибаи судии ҷумҳурӣ аввалин аст».

Торнамои мазкур рӯзи 5-уми декабр хабари дигаре таҳти унвони «Парвандаи Умар Бобоҷонов бозбинӣ мешавад»  пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Дар Суди ноҳияи Сино аз рӯи даъво оид ба ҷуброни зарари маънавӣ барои тафтиши ғайри самараноки парвандаи ҷиноятии марбут ба марги Умар Бобоҷонови 23-сола мурофиаи судӣ баргузор гардид. Дар ин мурофиа адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Гулчеҳра Холматова ваколатномаи намояндаи Прокуратураи генералиро дархост намуд. Тавре адвокат Гулчеҳра Холматова зикр кард: “Мо аз суд дархост кардем, ки бо ваколатномаи намояндаи Прокуратураи генералӣ шинос шавем. Суд тасмим гирифт, ки баъди пешниҳоди ваколатнома аз ҷониби намояндаи мақомоти прокуратура бозбинии парванда сурат мегирад”. Гулчеҳра Холматова зикр намуд, ки бозбинии парванда имрӯз соати 15:00 дар Суди ноҳияи Сино доир хоҳад гардид».

Расо як рӯз баъд, 6-уми декабр, худи ҳамин торнамо, яъне NoTorture.Tj хабар дод, ки «Мурофиаи навбатии марбут ба марги Бобоҷонов 8-уми декабр баргузор мегардад» .

- Имрӯз дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз рӯи даъво оид ба ҷуброни зарари маънавӣ барои тафтиши ғайри самараноки парвандаи ҷиноятии марбут ба марги Умар Бобоҷонови 23-сола мурофиаи судӣ баргузор гардид. Дар ин мурофиа адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Гулчеҳра Холматова иштирок кард ва ба мо гуфт: “Дар мурофиа намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, ки маводҳои парвандаи ҷиноятӣ аз Прокуратураи шаҳри Ваҳдат барои омӯзиш аз ҷониби Прокуратураи генералӣ талаб карда гирифта шуд. Аз нишондоди намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки қарор дар бораи боз доштани пешбурди тафтиши парвандаи ҷиноятӣ, ки санаи 30-юми декабри соли 2016 аз тарафи Прокуратураи шаҳри Ваҳдат қабул гардида буд, бекор шуда, парванда ба тафтиши иловагӣ бармегардад”. Гулчеҳра Холматова зикр намуд, ки дар мурофиаи навбатӣ дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе санаи 8-уми декабри соли 2017 нусхаи ин қарор пешниҳод мешавад ва ба пурсиши ҷониби ҷабрдида - наздикони Умар Бобоҷонов мегузаранд. “Дар ҳоли бекор кардани ин қарор тафтиш оид ба марги Умар Бобоҷонов бори сеюм оғоз мегардад”,- изҳор дошт Холматова,- омадааст дар ин матлаб.

Ёдовар мешавем, ки 29-уми августи соли 2015 сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат, донишҷӯи донишгоҳи Санкт-Петербург Умар Бобоҷонов аз ҷониби кормандони милитсияи Ваҳдат латукӯб шуда, ҳанӯз ба ҳуш наомада, 4-уми сентябр дар беморхона вафот кард. Аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Ваҳдат 1-уми сентябри соли 2015 тибқи моддаи 110, қисми 1 (Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз беэҳтиётӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишоти пешакӣ оғоз карда шуд. Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, сабаби марги Умар Бобоҷонов ҷароҳати пӯшидаи мағзи сар бо хунрезиҳо дар қисмати бофтаҳои нарм ва қисми болоии мағзи сар гуфта шуд. Баъдтар, санаи 5-уми сентябри соли 2015, парванда ба қисми 3-и моддаи 110 (Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст)-и КҶ ҶТ гузаронида шуд. Аз он замон Прокуратураи шаҳри Ваҳдат ду маротиба бо сабаби маълум нашудани шахсоне, ки бояд ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд, парвандаро боздошт.

Яке аз дигар қазияҳои идомадор, ки дар моҳи декабр низ инъикос ёфт, қазияи сарбози маъюб Шаҳбол Мирзоев аст. Санаи 18-уми декабр торнамои NoTorture.Tj матлабе бо номи «Ба Шаҳбол Мирзоев 36 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ ва 4 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохта мешавад»  пахш карда, аз ҷумла навишт: «Бояд гуфт, ки 22-юми ноябри соли 2016 ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар бораи ҷуброни зарари моддӣ дар ҳаҷми 36 ҳазор сомонӣ ва зарари маънавӣ дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ содир шуда буд. Тавре ба мо адвокати сарбози маъюб Шаҳбол Мирзоев - Гулчеҳра Холматова иттилоъ дод, «баъди муроҷиатҳои чандинкарата, имрӯз, 18-уми декабри соли 2017 аз раёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд, то мо суратҳисоби Шаҳбол Мирзоевро барои гузаронидани маблағи ишорашуда тибқи Варақаи иҷрои ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, ки Раёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро барои пардохти пурраи маблағи муйяншудаи ҷуброни зарари моддиву маънавӣ уҳдадор карда буд, пешниҳод намоем».

Худи ҳамин рӯз, 18-уми декабр, торнамои Радиои Озодӣ таҳти унвони «Марзбонӣ розӣ шуд ба Шаҳбол ҷуброн пардохт кунад»  матлаб пахш намуд.

- Сарраёсати неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон розӣ шудааст, ки ба Шаҳбол Мирзоев, сарбози неруҳои марзбонӣ, ки соли 2014 дар артиш маъюб шуда буд, дар ҳаҷми 36 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ ва 4 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ пардохт намояд. Ин дар ҳолест, ки Сарраёсати марзбонии КДАМ қаблан розӣ набуд ин маблағро, ки Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе муқаррар карда буд, ба ин сарбози маъюб пардохт намояд. Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе 22-юми ноябри соли гузашта Сарраёсати неруҳои марзбонии Тоҷикистонро муваззаф карда буд, ки ин миқдор маблағро ба Шаҳбол Мирзоев пардохт кунад,- омадааст дар ин матлаб.

Бояд ёдовар шуд, ки Шаҳбол Мирзоев моҳи марти соли 2014 бар асари латукӯби шадиди як ҳамхидматаш маъюб шуд. Табибон гуфтанд, устухони миён ва гардани сарбоз маҷруҳ шуда, барои барқарории саломатии ӯ муддати тӯлонӣ лозим мешавад. Барои латукӯби Шаҳбол Мирзоев додгоҳ моҳи ноябри соли 2014 Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери воҳиди низомии неруҳои марзбониро ба 9 соли зиндон ва Гулрафтор Ширинова, сардори дорухонаи ҳамин қисми низомиро барои иҷрои номатлуби вазифаҳои хидматӣ ва риоят накардани оинномаи хидматӣ ба 1,5 соли корҳои иҷборӣ маҳкум кард. Вале баъди содир шудани қонуни афв, ҳукми Ғайратов то 7 сол коҳиш дода шуд.

Қазияи дигари пурсарусадо, ки дар моҳи декабр инъикос ёфт, қазияи марги сокини ноҳияи Шаҳритуз Толибҷон Дӯстов буд. Торнамои NoTorture.Tj рӯзи 29-уми декабр мақолае бо номи «Сабаби марги Толибҷон Дӯстов: сактаи дил ё шиканҷа?»  пахш кард.

- Сокини 50-солаи ноҳияи Шаҳритуз Толибҷон Дӯстов баъди боздошташ аз тарафи кормандони ШКВД-и ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон фавтид. Наздикон марҳум даъво доранд, ки Толибҷон бар асари латукӯби кормандони милитсия ҷонашро аз даст додааст. Модари марҳум бар он бовар аст, ки писараш бар асари зӯроварӣ ва латукӯб аз тарафи кормандони милитсия ҷони худро аз даст додааст. Он замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаби марги Толибҷонро эҳтимолан сактаи дил мегуфтанд. Дар Прокуратураи ноҳияи Қубодиён баъди ду рӯзи марги Толибҷон ба мо гуфтанд, ки таҳқиқи ҳолати марги шаҳрванд Дӯстов нав оғоз шудаю эҳтимолан сабаби маргаш сактаи дил бошад. «Таҳқиқу тафтиши ин ҳолатро Прокуратураи вилояти Хатлон талаб карда истодааст. Айни замон натиҷаи хулосаи коршиносони тиббии судиро интизорем. Танҳо баъди хулосаи дақиқи коршиносони тиббии судӣ мо метавонем мушаххас чизе бигӯем,- гуфт манбаи мо дар Прокуратураи ноҳияи Қубодиён. Ин манбаъ илова кард, ки се корманди шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Дӯстӣ вобаста ба ҳолати марги Толибҷон Дӯстов мавриди пурсиши муфаттишони прокуратура қарор доранд,- аз ҷумла омадааст дар мақолаи мазкур.

Тавре қаблан ишора гардид, моҳи декабр давраи қадрдонӣ шудани адвокатҳо барои фаъолиятҳояшон буд. Санаи 4-уми декабр торнамои NoTorture.Tj хабар дод, ки «Адвокатҳо ва дигар фаъолон барои саҳмгузорӣ дар рушди ҳуқуқи инсон қадрдонӣ карда мешаванд» .

- Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 8-уми декабр аз соати 15:00 то 17:00 дар бинои маркази тиҷоратии «Вефа» (даромад аз қисмати паҳлуӣ, рӯ ба рӯи маркази таэквондо) маросими супоридани дипломҳо ба адвокатҳо ва дигар фаъолон барои саҳмгузорӣ дар рушди ҳуқуқи инсон дар самти озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон баргузор мегардад,- хабар дод торнамо.

Баъдан, рӯзи 9-уми декабр торнамои мазкур матлабе таҳти унвони «Қадрдонии ҳимоятгарони ҳуқуқ дар арафаи Рӯзи ҳуқуқи инсон»  пахш карда, хабар дод, ки «рӯзи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар як чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон - 10-уми декабр, ҳимоятгарони ҳуқуқи инсон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ қадрдонӣ карда шуданд».

Ба иттилои торнамо, «дар номинатсияи асосӣ - «Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқи сол» роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «ИРОДА» Лола Насриддинова ғолиб дониста шуд».

- Сипас, намояндагони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ барои супурдани диплому мукофотҳо аз ҷониби Эътилоф ба ҳимоятгарони ҳуқуқ ба саҳна даъват карда шуданд. Роҳбари Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Нурмаҳмад Халилов пас аз муборакбодӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон аз ҷумла зикр намуд, ки «мавзуи шиканҷа дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва актуалӣ аст. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз соли 2011 инҷониб ҳама корҳои имконпазирро амалӣ менамояд, то шиканҷа кам шавад. Ин кор хеле душвор аст. Дар Эътилоф ташкилотҳои ҷамъиятии ҳимоятгари ҳуқуқ, адвокатҳо, равоншиносон, коршиносони судӣ-тиббӣ ва дигар мутахассисоне шомил ҳастанд, ки барои аз байн бурдани шиканҷа дар Тоҷикистон саҳм мегузоранд»,- меафзояд торнамо.

Баъан, торнамои мазкур, яъне NoTorture.Tj санаи 18-уми декабр бо номи «Беҳрӯз Юсупов: Ҳар як нафар ҳуқуқ ба ҳимоя дорад» , 19-уми декабр таҳти унвони «Далер Қурбонов: Касби адвокатиро дӯст доштам» , 20-уми декабр бо номи «Файзулло Насруллоев: Набояд аз ҳимояи қурбониёни шиканҷа даст кашем» , 25-уми декабр таҳти унвони «Гулнора Аминова: Муносибат бо қурбониёни шиканҷа манфӣ аст» , 28-уми декабр бо номи «Саймумин Кабиров: Вақте шиканҷа ҳаст, адолати судӣ халалдор мегардад»  назари чанд нафар аз шумори адвокатҳоеро, ки қадрдонӣ шуда буданд, манзури хонандагон намуд.

NoTorture.Tj