Артиши Тоҷикистон: Хусусиятҳои даъват

Артиши Тоҷикистон: Хусусиятҳои даъват

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 71% иҷро шуд. Дар ҳамин ҳол, тибқи изҳороти созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ, маъракаи даъват аз рӯзҳои аввал бо ҳуқуқвайронкуниҳои муттасил мегузашт.

Ба гуфтаи роҳбари Ассосиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» Дилрабо Самадова, ҳангоми ҷустуҷӯи даъватшавандаи эҳтимолӣ намояндагони комиссариатҳои ҳарбӣ бе такаллуф муносибат карда, одатан баҳри иҷрои «облава»-и ҳаррӯза мешитобанд. Зери мафҳуми «облава» боздошти шаҳрванде фаҳмида мешавад, ки бе гирифтани даъватномаи пешакӣ аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбӣ, намояндагони ҷамоатҳо ва кормандони милитсия дар кӯчаву бозорҳо, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо мақсади бурдан ба комиссариат баҳри гузаштани маъракаи даъват ва фиристодан ба макони адои хизмати ҳарбӣ дастгир мегардад. Инчунин ҳангоми рейд намояндагони мақомоти масъули мавсими даъватӣ ба хонаҳои даъватшавандагон саҳари барвақт ва ё нисфи шаб ворид мегарданд.

Тибқи мониторинги гузаронидаи «Ампаро», пурсидашудагон нишон додаанд, ки мунтазам гирифтори «облава» гардида, ба комиссариатҳо бурда шудаанд:

- 49,2% пурсидашудагони синни даъватӣ ҷавоб додаанд, ки боздошти ғайриқонунӣ аз ҷониби намояндагони комиссариатҳои ҳарбӣ сурат гирифтааст;

- 44,2% - намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ;

- 2,8% - намояндагони мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия;

- 3,8% - мушаххас карда натавонистаанд, ки дар боздошти онҳо кӣ даст доштааст.

Ба гуфтаи Дилрабо Самадова, маъракаи даъват бе ҳодисаҳои мураккаб анҷом намеёбад. Масалан, нафари ҷавоне, ки душаҳрвандӣ ва қайди русиягӣ дошту барои аёдати хешовандони худ ба Конибодом омада буд, дар ҷараёни ба қавле «облава» дастгир гардида, баҳри адои хизмат ба қисми низомии воқеъ дар наздикии Шаҳритус фиристода шуд. Бино ба гуфтаи роҳбари «Ампаро», дар ин ҳолат саҳлангории комиссариати ҳарбӣ он аст, ки сарфи назар аз қайди Русия доштани ин ҷавон, ӯро боздошт кардаанд. «Мувофиқи қонун дар бораи душаҳрвандӣ байни Русия ва Тоҷикистон, шаҳрванд бояд аз рӯйи қайди ҷойи зисташ ба хизмат ҷалб карда шавад», - мегӯяд Самадова. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, ин нафар дафтарчаи ҳарбӣ оид ба беморӣ дошт ва дар ҳуҷҷат зикр гардида буд, ки зарурати ташхиси такрории тиббӣ вуҷуд надорад.

Ҳангоми гузаронидани мониторинг кормандони «Ампаро» 546 сарбозро пурсидаанд. Аз ин миён 46,8% изҳор доштаанд, ки ба хизмати ҳарбӣ баъди ба чанги «облава» афтодан  омадаанд. Мувофиқи натиҷаи тадқиқот, 95%-и даъватшавандагон муоинаи тиббии пеш аз даъватро дар хизмати ҳарбӣ гузаштаанд. 30%-и онҳо тасдиқ мекунанд, ки сарфи назар аз доштани бемориҳои мамнӯъ барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда шудаанд. 25%-и пурсидашудагон аз шумори аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ низ мавҷудияти касалмандиҳои даъватшавандагон ба хизмати ҳарбиро тасдиқ кардаанд. Ҳамагӣ ҳудуди 300 нафар аъзои оилаи сарбозон пурсида шудаанд.

Ҳамчунин маълум гардид, ки 37%-и пурсидашудагон асосан бо ишора ба ҳолатҳои муносибати ғайриоинномавӣ ва шароити бади хизмат дар артиши Тоҷикистон, намехоҳанд писаронашон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат кунанд. Сарбозони қисмҳои низомӣ низ ҳолатҳои муносибати ғайриоинномавиро тасдиқ мекунанд.

Сарбозон ба суоли «Дар қисми ҳарбӣ зӯроварӣ дар кадом шакл аст?» (миёни сарбозон) ба таври зайл посух додаанд:

- таҳқир мекунанд - 33%;

- латукӯб мекунанд - 25%;

- барои иҷрои кори ифлос маҷбур мекунанд - 24%;

- ғизову савғоро мегиранд - 9%;

- либосҳоро мегиранд - 5%;

- ба кор ҷалб мекунанд - 4%.

Ҳамчунин, 12%-и пурсидашудагон посух додаанд, ки аз ҳолатҳои зӯроварӣ аз ҷониби афсарон ҳангоми муносибат бо сарбозон огоҳӣ доранд.

Қисман афсарон:

- 46% - барои иҷрои кори ифлос маҷбур мекунанд;

- 20,8% - таҳқир мекунанд;

- 12,5% - латукӯб мекунанд;

- 12,5% - ғизову савғоро мегиранд;

- 8,2% - барои иҷрои кор дар хонаи онҳо маҷбур месозанд ва дар ҳолати рад шудани амрашон, латукӯб мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, 50%-и пурсидашудагон посух додаанд, ки ҳайати фармондеҳӣ дар мавриди зӯроварии афсарон чорае намеандешанд. 17% посух додаанд, ки ҳайати фармондеҳӣ дар асл содир шудани зӯроварӣ аз ҷониби ҳайати афсаронро дастгирӣ мекунанд. Ба андешаи 17%-и дигар, ҳайати фармондеҳӣ чунин вонамуд мекунанд, ки мубориза бурда истодаанд. 11%-и пурсидашудагон посух додаанд, ки ҳайати фармондеҳӣ мехоҳанд мубориза баранд, аммо муваффақ нашуда истодаанд. 5%-и пурсидашудагон чунин меҳисобанд, ки ҳайати фармондеҳӣ муборизаи муассир мебаранд.

Ба иттилои Д.Самадова, ҳисоботи дақиқтар аз натиҷаҳои ин мониторинг дар моҳи декабри соли ҷорӣ муаррифӣ хоҳад шуд. Айни замон дар идораи «Ампаро» қабулгоҳи ҷамъиятӣ барои маслиҳат додан ба ҷавонони синни даъватӣ ба артиш амал мекунад. Инчунин телефонҳои боварӣ фаъол карда шудаанд.

Ба «Ампаро» фишор меоранд

Дар тӯли фаъолияти ҳуқуқҳимоякунии худ «Ампаро» ба фишорҳо аз ҷониби сохторҳои ҳукуматӣ дучор гардид. Соли 2010 созмони мазкур тариқи воситаҳои ахбори омма ба президенти кишвар муроҷиат кард, то ин ки ба ҷараёни даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ таваҷҷӯҳ зоҳир шавад. Дар ҳамон изҳороти «Ампаро» зикр гардида буд, ки 40%-и шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ ҷалбшуда иҷборан ба комиссариатҳои ҳарбӣ оварда шудаанд. Баъд аз нашри ин изҳорот дар чанд расонаи чопӣ кормандони комиссариати ҳарбӣ аз болои фаъолияти кормандони «Ампаро» шикоят навиштанд.

Ба гуфтаи Д.Самадова, ин ҳолат таваҷҷӯҳи Прокуратураи ҳарбиро ҷалб сохт ва суроғаву дигар ахбори шахсии ҳамаи он нафаронеро дархост карданд, ки «Ампаро» миёни онҳо пурсиш гузаронида буд.

- Бо мақсади ҳимояи нафароне, ки ба мо барои гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ муроҷиат карда буданд, пешниҳод кардани чунин маълумотро рад кардем, - изҳор дошт Самадова. - Мо изҳор доштем, ки омодаем номҳоро танҳо дар суд ошкор кунем. Баъдан чанд корманди созмони ҳомии ҳуқуқ барои сӯҳбат ва додани баёнот ба Прокуратураи ҳарбӣ даъват шуданд, вале ин кор дер давом накард.

Мухолифати дигари «Ампаро» ва мақомот тобистони соли ҷорӣ оғоз шуд. Созмони ҳомии ҳуқуқ тасмим гирифт, барои ҷавонон ба хотири боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, тайёрӣ ба хизмати ҳарбӣ лагер ташкил карда, ҳамзамон барои онҳо дар бораи ҳуқуқҳо ва душвориҳо ҳангоми адои хизмат омӯзиш гузаронад. Лагери дуюми тобистона барои бачаҳои хона-интернатҳо буд, ки дар ҷомеа бештар ба мушкилоти иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мегарданд.

- Мо ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ мактуб фиристодем ва шартнома бастанро бо лагерҳо оғоз кардем. Роҳбарияти лагерҳо аз ҳамкорӣ хурсанд буданд, вале баъд аз чанд муддат гуфтанд, ки наметавонанд ҳудуди лагерро ба ихтиёри мо гузоранд, чун худ бояд барои ин иҷозат бигиранд, - мегӯяд Д.Самадова.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз чанд муддат онҳо аз ҳокимиятҳои маҳаллӣ мактуб гирифтанд. Дар нома навишта шудааст, ки онҳо ин тасмим, яъне ташкили чунин лагерҳои тобистонаро қобили қабул намешуморанд.

- Дар асоси ин мактуб тамоми сохторҳои тиҷоратӣ низ аз ҳамкорӣ бо мо даст кашиданд, - иброз дошт ҳомии ҳуқуқ.

Баъд аз ин қазия ба идораи «Ампаро» ғайриинтизор намояндагони Вазорати адлия барои тафтиш омаданд, ки дар натиҷа ба хотири қатъ кардани фаъолияти ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон ба додгоҳ муроҷиат карда шуд. Суд муроҷиати Вазорати адлияро дастгирӣ кард ва дар бораи барҳам додани «Ампаро» қарор баровард.

Тавре ба «АП» роҳбари созмони мазкур Дилрабо Самадова изҳор дошт, онҳо ният доранд аз болои қарори додгоҳ ба суди болоӣ шикоят баранд ва ҳимояи ҳуқуқи сарбозонро идома диҳанд.

Шероз ШАРИПОВ, Азия-Плюс