Баҳси коршиносон оид ба масъалаи шиканҷа дар Тоҷикистон

Баҳси коршиносон оид ба масъалаи шиканҷа дар Тоҷикистон

Меъёрҳои Протоколи Истанбул - дастури самараноки тафтиш кардану санадсозии далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву муҷозот ҳоло пурра ба қонунгузории Тоҷикистон ворид нагардида, вале аллакай қисман аз ҷониби ҳомиёни ҳуқуқ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар амал ҷорӣ намудани ин меъёрҳо вақту кӯшишоти зиёдеро тақозо менамояд. Дар ин бора иштирокчиёни мизи гирд оид ба амалисозии меъёрҳои Протоколи Истанбул дар Душанбе изҳори назар карданд.

Намояндаи дафтари Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар Душанбе Диловар Мунавваров изҳор кард, ки Пртоколи Истанбул яке аз воситаҳои асосии муайян кардани аломатҳои истифодаи шиканҷа буда, имкон медиҳад, ки осори шиканҷа ҳатто пас аз гузашти муддати тӯлонӣ низ мушаххас карда шавад ва дар ин маврид таҷрибаи тахассусии табибон зимни санадсозии ин гуна ҳодисаҳо ва барррасии минбаъдаи онҳо дар мурофиаи судӣ нақши муҳим дорад.

Иштирокчиёни мизи гирд зикр карданд, ки ташхиси судиву тиббӣ омили муҳими санадсозии далелҳои шиканҷа ва тақвияти заминаи исбот буда, дар ин самт мушкилот ҷой дорад, зеро дар ин самт қонунгузорӣ номукаммал ва сатҳи тахассусии коршиносон нокофӣ буда, онҳо бештар ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастаанд.

Сармушовири тиббии созмони «Табибон ҷонибдори риояи ҳуқуқи инсон» Винсент Иакопино изҳор кард, ки дар Тоҷикистон намояндагони хадамоти амният аксаран ҳангоми баргузории ташхиси судиву тиббӣ бевосита иштирок мекунанд, ки дар ин маврид табиб ба ҳарос афтода, ба талаботи онҳо итоат мекунад.

Муовини сардори Раёсати тафтишоти парвандаҳои ҷиноии махсусан муҳими Прокуратураи генералии ҶТ Фаррух Раҳимов қайд кард, ки дар КМҶ иштироки муфаттиш зимни ташхис пешбинӣ нашудааст ва ӯ танҳо ба ташхис ҳозир шудани гумонбаршударо таъмин намуда, танҳо дар мавриди таҳқиқи ҷасад иштирок карда метавонад.

Муовини мудири Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судиву тиббӣ Фурқат Ғаниев бар ин назар аст, ки дар баъзе ҳолатҳои новобаста ба ҳодисаҳои истифодаи шиканҷаву рафтори бераҳмона ва ташхиси афроди гумонбар ба содир намудани ҷиноёти махсусан вазнин ҳузур доштани муфаттиш мувофиқи мақсад мебошад.

Намояндаи Маркази ҳуқуқи инсон, ҳамоҳангсози лоиҳаи «Мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон» Парвина Наврӯзова изҳор кард, ки зимни мониторинги доиргардида ошкор гардид, ки табибонро барои додани гувоҳномаи тиббӣ маҷбур месозанд то ки минбаъд онро ба парвандаи ҷиноӣ ҳамроҳ намуда, гумонбаршударо дар тавқифгоҳ нигоҳ доранд.

Ҳомии ҳуқуқ ва ҳимоятгар Сергей Романов ба мушкилоти дастрасии шахсони ҷабрдида ба хулосаи ташхиси судиву тиббӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз саривақт ба ҳимоятгару афроди ҷабрдида дастрас нагардидани он изҳори нигаронӣ намуд.

Табиби равоншинос, ҳамоҳангсози лоиҳаи «Мо зидди шиканҷа» дар яке аз ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ният дорад, ки пас аз омӯзиш дар Қирғизистон коршиноси мустақил гардад. «Коршиноси мустақил дар Тоҷикистон як навгониест. Чунин мутахассисон барои дастгирии ҷабрдидагон аз шиканҷа ва пешгирии чунин ҳодисаҳо заруранд», - мегӯяд ӯ.

Наргис Ҳамробоева, Азия-Плюс
Наргис Хамрабаева, Азия-Плюс