Изҳороти ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар робита ба боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов

Изҳороти ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар робита ба боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов

Ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои адвокатӣ, ҳамчунин аъзои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон нигаронии амиқи худро дар робита ба афзоиши ҳолатҳои боздошти ҳимоятгароне изҳор медоранд, ки парвандаҳои ҷиноятии дорои аҳамияти ҷамъиятиро пеш мебаранд.

Тибқи иттилои расмии 23-юми июл интишоркардаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Шуҳрат Қудратов рӯзи 21-уми июл зимни гирифтани пора аз зерҳимояи худ Амиралӣ Суламаев, ки дар қаллобӣ айбдор карда мешавад, боздошт шудааст. Бино ба маълумоти Агентии мазкур, Ш. Қудратов ният доштааст, ки ин маблағро ба яке аз судяҳои суди ноҳияи И.Сомонӣ супорад, то «бар ивази пора ҳукми сафедкунанда нисбати зерҳимояаш» бароварда шавад.

Аз рӯйи ин далел рӯзи 21-уми июл нисбат ба Шуҳрат Қудратов мутобиқи моддаҳои 36 (Шарикони ҷиноят), 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суиқсади ҷиноят) ва 320 (Додани пора)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Шуҳрат Қудратов яке аз ҳимоятгарони соҳибкор Зайд Саидов мебошад, ки қаблан барои содир кардани як қатор ҷиноятҳо аз ҷониби Суди олии ҶТ ба муҳлати 26 сол маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардида буд. Қобили зикр аст, ки Шуҳрат Қудратов ба сифати адвокати афроди маъруф дар ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла, собиқ вазири корҳои дохилии ҶТ Ёқуб Салимов ва соҳибкор Маъруф Охунов низ фаъолият карда, дар додгоҳ Диловаршо Қосимовро ҳимоят кардааст, ки дар куштори язнаи президенти Тоҷикистон, раиси Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафаров айбдор шудааст, ҳамчунин аз манфиатҳои Хабаргузории «Азия-Плюс» зимни баррасии парвандаҳои пурсарусадои шаҳрвандӣ намояндагӣ кардааст.

15-уми июли соли 2014 Шуҳрат Қудратов бо нома “ба парлумону ҳукуматҳои кишварҳо, сафоратхонаҳои мамолики хориҷии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон” муроҷиат карда, дар он аз ҷумла мавриди таъқиб қарор гирифтани адвокатҳои Зайд Саидовро баён дошт. «Яке аз онҳо – Ф.Зокиров бо баҳонаи ба таъхир андохтани пардохти қарзи бонк аллакай муддати панҷ моҳ аст, ки дар ҳабс қарор дорад ва дигарӣ – муаллифи ин муроҷиатнома бидуни ҳеҷ як асоси қонунӣ, дар заминаи маълумоти аз ҷониби хадамоти махсус ғайриқонунӣ шунидани гуфтугӯҳои телефонӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, ки хароҷоти молиявии он дар таҷрибаи судӣ бесобиқа буда, аз лиҳози воқеяти иқтисодии ҷумҳурӣ ва бахусус, имконоти молии адвокат қиёснопазиранд», - таъкид сохта буд дар номааш Қудратов.

Ёдрас мекунем, ки 7-уми марти соли 2014 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба гумони даст доштан дар қаллобӣ адвокат Фахриддин Зокировро дастгир кард, ки ҳамроҳ бо адвокатҳо Шуҳрат Қудратов ва Исҳоқ Табаров ба ҳайси ҳимоятгар дар парвандаи Зайд Саидов иштирок дошт.

Адвокатҳои З. Саидов дар ҷараёни тафтишот, зимни мурофиаи судӣ ва баъд аз эълони ҳукм изҳор доштанд, ки аз ҷониби намояндагони мақомоти давлатӣ мавриди таъқибу фишор ва таҳдид қарор гирифтанд, дар ВАО чандин маротиба оид ба таҳдидҳо ба ин ҳимоятгарон ва аъзои оилаи онҳо баёнияҳо нашр гардида буд.

Гузоришгари махсуси СММ оид ба масоили мустақилии судяҳо ва адвокатҳо дар маърӯзаи худ дар бораи нақши ҳимоятгарон дар таъмини адолати додгоҳӣ зикр карда буд, ки адвокатҳо набояд бо мизоҷонашон ё парвандаҳои онҳо тавъам дониста шаванд; адвокатҳо набояд барои ҳама гуна амалҳои қонунии содиркардаашон дар робита ба иҷрои ухдадориҳои касбӣ таъқиб карда шаванд.

Асли 16-и Принсипҳои асосии нақши ҳуқуқшиносон чунин муқаррар кардааст: «Ҳукуматҳо таъмин месозанд, ки ҳуқуқшиносон: а) ҳамаи уҳдадориҳои касбиашонро дар фазои озод аз таҳдиду монеаҳо, тарсу ҳарос ва дахолати беасос иҷро карда тавонанд; b) сафарҳо анҷом дода, бидуни монеа дар дохил ва хориҷи кишвар бо мизоҷони худ машварат кунанд; ва с) мавриди таъқиби судӣ ва муҷозоти додгоҳӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ё дигар намуди ҷазо барои ҳама гуна амали дар доираи уҳдадориҳои эътирофшудаи касбӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ анҷомдодаашон, ҳамчунин мавриди таҳдиди чунин таъқибот ва муҷозот қарор нагиранд».

Беҷазоӣ барои чунин таъқибот дар кишвар ба адвокатҳои дигар таъсири манфӣ расонида, сифати кори онҳоро коҳиш медиҳад ва маҷбур месозад, ки онҳо аз пеш бурдани парвандаҳои муайян даст кашида, дар фазои тарсу ҳарос аз ҳаёти худ ва аъзои оилаашон, ки ба онҳо низ хатар таҳдид мекунад, фаъолият баранд. 

Ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои адвокатӣ, ҳамчунин аъзои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон аз мақомоти давлатии Тоҷикистон даъват ба амал меоранд:

- Тафтиши воқеъбинона ва беғаразонаи парвандаҳои Шуҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров таъмин карда шавад ва баррасии ин парвандаҳо ба фаъолияти касбии онҳо, аз ҷумла, иштирокашон ба ҳайси ҳимоятгар дар парвандаҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ тавъам дониста нашавад;

- меъёрҳои миллӣ ва байнулмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон риоя шуда, таҷрибаи таъқибу фишори адвокатҳо барои фаъолияти касбии онҳо хотима ёбад;

- мақомоти давлатӣ аз дахолати мустақим ва ё бавосита ба фаъолияти адвокатҳо худдорӣ варзанд, аз ҳама гуна саркӯбсозии онҳо даст кашанд;

- вақте адвокат дастгир ё ҳабс мешавад, иттилоотонии фаврии иттиҳодияи дахлдори ҳуқуқшиносон ва ҷомеа оид ба сабабҳои чунин амал зарур аст, ҳамчунин дастрасии бидуни таъхир ба ҳимоятгар бояд таъмин карда шавад ва уҳдадориҳои дигари давлат, ки дар қонун пешбинӣ шудаанд, бояд татбиқ гарданд.

 

Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир

Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи инсон «Ампаро»

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ

Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният

Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд

Коллегияи адвокатҳои шаҳри Кӯлоб

Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI»

Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон

Маркази ҳуқуқи инсон

Фонди ҷамъиятии «Нотабене»

Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ»

Ҳуқуқ ва беҳбудӣ

Аҳмадов Р.М., адвокат

Бобоназарова Ойниҳол, сарвари ТҶ «Перспектива+»

Каримова М.С., узви Коллегияи ҷумҳуриявии адвокатҳо

Сабуров Ҷ.Л., адвокат

Самадова Дилафрӯз, адвокат

Ҷӯраев Дилшод, адвокат

24-уми июли соли 2014