Изҳороти Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон оид ба фавти Ҳамзаалӣ Икромов

Изҳороти Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон оид ба фавти Ҳамзаалӣ Икромов

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон вобаста ба фавти Ҳамзаалӣ Икромови 27-сола дар таърихи 20-уми сентябри соли 2012 дар муассисаи ислоҳии ЯС №3/1, ки номбурда дар он барои ҷинояти қаблиаш адои ҷазо мекард, нигаронии худро изҳор медорад.

Тибқи маълумоти хешовандони марҳум, дар бадани Ҳамзаалӣ Икромов изҳои гуногуни осеби ҷисмонӣ, аз ҷумла, доғҳои сӯхта дар қисмати қабурғаҳо, пушт, гардан, доғҳои кабуд дар шонаю пойҳо ва осебҳои сар баръало намудор будааст.

Модари марҳум ва дигар пайвандони ӯ аз деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор бар ин боваранд, ки ҷинояти мазкур аз ҷониби шахсони масъули муассисаи ислоҳӣ содир шудааст. Чӣ тавре ки хешовандони Икромов маълумот медиҳанд, сабаби чунин муносибати бераҳмона дар он аст, ки кормандони муассисаи ислоҳӣ бо тамаъҷӯйӣ аз маҳкумшуда ва пайвандони ӯ маблағ талаб карданд, вале онҳо аз сабаби надоштани шароит маблағи дархостшударо пардохта натавонистанд.

25-уми сентябри соли 2012 муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Баҳром Абдулҳақов дар сӯҳбат бо Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» қазияи фавти Икромовро чунин шарҳ дод: «Бегоҳирӯзи 20-уми сентябр корманди муассиса, ки пайваста биноро назорат мекард, Икромовро ба куртаи худ овехта дар панҷараҳои болои дар меёбад. Корманди муассиса дарҳол бонги хатар мезанад ва дар ҷойи ҳодиса кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, табибон, маъмурияти муассиса ва кормандони прокуратура ҳозир шуда, саъй меварзанд, ки аз тамоми имконот барои наҷоти ӯ истифода кунанд. Ба қавли Абдулҳақов, бо тавсияи табибон ба ҳама қисматҳои бадани маҳкумшуда, аз ҷумла, ба зери бағал, пойҳо ва сари ӯ зарфҳои оби гарм гузошта мешавад. Муддати ним соат табибон баҳри наҷоти ӯ кӯшиш ба харҷ дода, се маротиба тавассути зарбафкани барқӣ дили ӯро ба кор дароварданӣ мешаванд. Абдулҳақов мегӯяд, ки доғҳои қафаси синаи ӯ аз истифодаи зарбафкани барқӣ пайдо шудааст.

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ба он таваҷҷӯҳ мекунад, ки ин ҳодисаи нахустини марг дар натиҷаи истифодаи шиканҷа дар боздоштгоҳҳои пешакӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ нест. Аз ҷумла, мо ба ҳодисаҳои зерин мутаваҷҷеҳ мешавем:

Сафаралӣ Сангов рӯзи 5-уми марти соли 2011 ба ҳалокат расид. Аз рӯйи ин далел 10-уми марти соли 2011 нисбат ба се корманди фаврии Шӯъбаи ВКД-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мутобиқи моддаи 322, қ. 2-и КҶ ҶТ (Хунукназарӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. 14-уми сентябри соли 2011 суд дар бораи ба Прокуратураи шаҳри Душанбе барои тафтишоти иловагӣ баргардонидани парвандаи ҷиноятӣ таъинот баровард, ки аз рӯйи он тафтишот то ҳанӯз ба итмом нарасидааст.

Баҳромиддин Шодиев рӯзи 30-юми сентябри соли 2011 дар шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ пас аз интиқол аз Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки дар он ҷой мавриди шиканҷа қарор гирифтааст, аз олам даргузашт. Аз рӯйи ин далел 4-уми ноябри соли 2011 нисбат ба муфаттиши Шӯъбаи ВКД-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мутобиқи моддаи 322, қ. 2-и КҶ ҶТ (Хунукназарӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. 28-уми феврали соли 2012 суд дар бораи ирсоли парванда ба тафтишоти иловагӣ таъинот баровард, ки аз рӯйи он тафтишот то ҳол ба анҷом нарасидааст.

Муродов Д. моҳи августи соли 2009 дар муассисаи ислоҳии №3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ дар натиҷаи мавриди шиканҷа қарор гирифтан ба ҳалокат расид. Ҳимоятгарон ва модари ӯ ба оғози парвандаи ҷиноятӣ ва баргузории як қатор амалиёти тафтишотӣ ноил гардиданд. Вале дар моҳи феврали соли 2012 Прокуратураи генералии ҶТ чунин иттилоъ дод: тафтишоти парванда аз сабаби муайян нагардидани шахсе, ки бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад, мутаваққиф карда шуд.

Исмоил Бачаҷонов моҳи январи соли 2011 дар тавқифгоҳи тафтишотии №1-и шаҳри Душанбе бар асари истифодаи шиканҷа ба ҳалокат расид. Аз ҷониби Прокуратураи генералӣ нисбат ба 3 корманди тавқифгоҳи тафтишотӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд. Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 16-уми сентябри соли 2011 ду корманди тавқифгоҳи тафтишотии Вазорати адлияи ҶТ, ки ба марг оварда расонидани маҳкумшуда Исмоил Бачаҷонов айбдор карда мешуданд, дар содир кардани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 110, қ. 3 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардида бошанд), 316, қ. 3 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ)-и КҶ ҶТ ва як корманди дигари тавқифгоҳ мутобиқи моддаи 322-и КҶ ҶТ (Хунукназарӣ) гунаҳкор дониста шуда, ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон гардиданд. Айни замон дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баррасии даъвои ҳамсари Исмоил Бачаҷонов нисбат ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ дар бораи ҷуброни зарари моддиву маънавӣ дар робита ба фавти иҷбории ягона саробони оила идома дорад.

Исмонбой Бобоев моҳи феврали соли 2011 бар асари шиканҷа зимни бозпурсӣ дар шӯъбаи милисаи вилояти Суғд ба ҳалокат расид. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, минбаъд он ба муддати зиёда аз ду сол мутаваққиф гардид. Танҳо пас аз он, ки дар моҳи августи соли 2012 парвандаи мазкур дар Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ ба қайд гирифта шуд, Прокуратураи генералӣ тафтишоти ин парвандаро дубора оғоз кард.

Хуршед Бобокалонов моҳи июни соли 2009 пас аз боздошти кормандони ШКД-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар роҳ ба сӯйи шӯъба фавтид. Парвандаи ҷиноятӣ оид ба ин ҳодиса 6-уми июли соли 2009 оғоз шуда, то ҳанӯз ба итмом нарасидааст.

Тоҷикистон узви Паймони байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандию сиёсӣ ва Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф мебошад. Моддаи 6 (Ҳуқуқ ба ҳаёт) ва моддаи 7 (Ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар шаклҳои муносибатҳои манъшуда)-и ПБҲШС ӯҳдадориҳои мусбати давлатро дар мавриди гузаронидани тафтишоти муассири ҳар як даъво оид ба истифодаи шиканҷа (моддаи 7) ва ё маҳрум кардан аз ҳаёт «дар ҳолатҳои шубҳаангез» (моддаи 6), аз ҷумла, тавассути кафолатҳои моддаи 2 (3), меъёрҳои зеринро муқаррар кардааст: «Ҳар як давлати ширкаткунандаи ҳамин Паймон ўҳдадор аст: a) ба ҳар шахсе, ки ҳуқуқ ва озодии дар ҳамин Паймон эътирофшавандаи ў вайрон карда шудааст, ҳатто дар сурате ҳам, ки ин вайронкунӣ аз тарафи ашхоси ба тариқи расмӣ амалкарда содир шудааст, воситаи пурсамари ҳифзи ҳуқуқро таъмин кунад».

Моддаҳои 12 ва 13-и Конвенсияи зидди шиканҷа чунин муқаррар кардааст: «Ҳар як давлати узв таъмин мекунад, ки мақомоти салоҳиятдори он дар сурати мавҷуд будани далели кофӣ дар мавриди он, ки шиканҷа дар ҳама гуна қаламрави дар доираи ҳуқуқии он қарордошта истифода гардидааст, тафтиши фаврӣ ва беғаразона гузаронанд» (м. 12). «Ҳар як давлати узв ба ҳар шахсе, ки дар ҳама гуна қаламрави дар доираи ҳуқуқии ин давлат қарордошта шиканҷа шудани худро даъво мекунад, ҳуқуқи ба мақомоти салоҳиятдори ин давлат пешниҳод кардани шикоят ва аз ҷониби онҳо зуд ва беғаразона баррасӣ гардидани чунин шикоятро таъмин месозад. Барои таъмини ҳимояи даъвогар ва шоҳидон аз ҳама шаклҳои муомилаи бад ё таҳдид бинобар шикояти ў ё ҳама гуна гувоҳии шоҳидон тадбирҳо андешида мешаванд».

Кумитаи ҳуқуқи инсон дар Мулоҳизаҳои тартиби умумии худ №6 (1982) муқаррар кардааст, ки ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи асосӣ мебошад... Кумита чунин мешуморад, ки «марг зимни ҳар гуна нигаҳдорӣ дар ҳабс бояд prima facie ҳамчун қатли умумӣ ё худсарона баррасӣ шавад, ки тафтиши ҷиддӣ, фаврӣ ва холисонаро бо мақсади тасдиқ ва ё инкори чунин эҳтимолият тақозо мекунад, хусусан, вақте ки дар шикоятҳои хешовандон ё иттилооти дигари дақиқ оид ба фавти ғайритабиӣ гуфта мешавад».

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунад:

  • - тафтиши фаврӣ, дақиқ, холисона ва мустақили фавти Ҳамзаалӣ Икромовро гузаронад;
  • - кафолат диҳад, ки гунаҳкорони эҳтимолӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд;
  • - хешовандони шахси фавтида ва аҳли ҷомеаро аз ҷараён ва натиҷаи тафтишот бохабар созад.

Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бояд тафтишоти муассири тамоми далелҳои марг дар боздоштгоҳҳои пешакӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятиро гузаронанд, махсусан, аз рӯйи далелҳои фавти Сангов С., Шодиев Б., Бачаҷонов И., Бобоев И., Муродов Д., Бобокалонов Х.

 

Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро»

Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон

Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI»

Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният»

Ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон»

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон»

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак»

Фонди ҷамъиятии «Нотабене»

26-уми сентябри соли 2012