Ифтитоҳи нахустин толори додгоҳии некхоҳона барои кӯдакон

Маросими ифтитоҳи толори мурофиаи судӣ ва утоқи пурсиши некхоҳона барои кӯдакон имрӯз дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе доир гардид.

Мавлуда Каландарова from AsiaPlus on Vimeo.

Муовини раиси Шӯрои адлияи ҶТ Мавлуда Қаландарова зимни суханрониаш иброз дошт, ки дар Кодекси ҷиноятии ҶТ боби махсус оид ба ҷиноятҳо ба муқобили оила ва ноболиғон бахшида шудааст. Дар меъёрҳои Кодекси мазкур барои иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ, ҷалби ноболиғон барои содир намудани ҷиноят, хариду фурӯши ноболиғон, ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида, бадқасдона саркашӣ кардани падару модар аз таъминоти фарзандон, кӯдаки навзоди худро куштани модар, инчунин монеъ шудан барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон дар Кодекси ҷиноятӣ як қатор муқаррароте ҳастанд, ки хусусиятҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазодиҳии ноболиғон, намудҳои ҷазое, ки ба ноболиғон таъин карда мешаванд, озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо истифодаи чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта, ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз намудани ҷазо ва дигарҳоро муайян кардаанд.

Масалан, мутобиқи қисми 6 моддаи 87 ҳамин Кодекс нисбат ба ноболиғе, ки бори аввал ҷиноятҳои начандон вазнин ё дараҷаи миёна содир намудааст, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин кардан мумкин нест.

Дар Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ тартиби пешбурди парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои ноболиғон дар боби алоҳида нишон дода шуда, дар он хусусияти гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, тибқи талаботи Кодекси мазкур зимни тафтиш ва баррасии парвандаҳо нисбат ба ноболиғон иштироки ҳимоячӣ ҳатмӣ мебошад ва риоя нашудани ин муқаррарот боиси бекор кардани қарорҳои судӣ мегардад.

«Мутаассифона, новобаста ба тадбирҳои андешида бобати пешгирии содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон, тибқи маълумоти оморӣ дар судҳои ҷумҳурӣ ҳолатҳои баррасии парвандаҳо нисбати ноблиғоне, ки ҷиноятҳои категорияҳои гуногунро содир кардаанд, ҷой дорад. Агар дар соли 2012 судҳои ҷумҳурӣ 504 парванда нисбат ба ноболиғонро баррасӣ карда бошанд, ин нишондиҳанда дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 259 ададро ташкил додааст. Ин омилҳо тақвият бахшидани тадбирҳои пешгирикунандаи содиршавии ҷиноятро аз ҷониби ноболиғон тақозо менамоянд», - изҳор дошт муовини раиси Шӯрои адлияи ҶТ.

Дар идомаи суханрониаш Мавлуда Қаландарова гуфт, ки бо мақсади мувофиқ гардонидани тарзу усули баррасии парвандаҳо нисбат ба ноболиғон бо меъёрҳои байнулмилалӣ, ҳаматарафа таъмин кардани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, пеш аз ҳама фароҳам овардани муҳити солим дар рафти баррасии чунин парвандаҳо ва ҳимоя аз омилҳои ба рӯҳияи кӯдак таъсиркунанда, бо дастгириву кӯмаки бевоситаи намояндагии ЮНИСЕФ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ утоқ ва толори алоҳида таъмиру ҷиҳозонида шудааст, ки имрӯз мавриди истифода қарор мегирад.

«Акнун ноболиғон метавонанд, то саршавии мурофиаҳои судӣ дар ин утоқ ҳузур дошта, аз таъқибу эҳсосоти ногувор ҳифз карда шаванд ва худро озод ҳис кунанд, - таъкид дошт Қаландарова. - Дар ин толорҳо мумкин аст парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғон, инчунин парвандаҳое, ки дар онҳо ҷабрдидагон ва шоҳидони ноболиғ ҷалб шудаанд, ё ин ки баҳсҳои оилавӣ, аз ҷумла, фарзандхонӣ, муайян кардани ҷойи зисти кӯдакон ва ғайра баррасӣ гарданд. Боварӣ дорем, ки амалӣ кардани ин нақшаҳо ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои қонунии ноболиғон, пешгирӣ кардани содиршавии қонунвайронкуниҳо ва тарбияи онҳо саҳми босазое хоҳад гузошт».

Дар навбати худ Мари Пйер Пуарйе, сарвари бахши минтақавии ЮНИСЕФ барои кишварҳои Аврупои Марказию Шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зимни суханронӣ чунин изҳор дошт:

- Мавҷудияти толорҳои мурофиаи додгоҳӣ ва утоқҳои пурсиши некхоҳона барои кӯдакон ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ пойбанд будани Тоҷикистонро дар мавриди риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак тасдиқ мекунад.

Хонум Пуарйе афзуд, ки Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати татбиқи Нақшаи амали миллӣ оид ба ислоҳот дар самти адолат нисбат ба ноболиғон барои солҳои 2010-2015 дастгирӣ мекунад.

Бо ин мақсад ЮНИСЕФ бо мусоидати молиявии Оҷонсии Швейтсарӣ оид ба рушд ва ҳамкорӣ фаъолияти муштаракро бо Шӯрои адлияи ҶТ дар масоили зерин анҷом медиҳад: фиристодани судяҳои тахассусӣ ба давраи омӯзишӣ барои судяҳо оид ба масоили адолат нисбат ба ноболиғон; таҳияи барномаи омӯзишие, ки ба барномаи ҷории омӯзишии Маркази таълимии судяҳо ворид карда мешавад; мавҷудияти толорҳои махсуси мурофиаи судӣ ва утоқҳои пурсиши некхоҳона барои кӯдакон, ки бо системаи назорати видеоӣ таҷҳизонида шуда, аз ҷониби муфаттишон ва айбдоркунандагон барои пешгирии осебрасонии дубора ба кӯдак истифода мешавад.

Дар доираи ин лоиҳа 7 толори мурофиаи судӣ ва 4 утоқи пурсиши некхоҳона барои кӯдакон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа кушода мешаванд.

Дар ҷамъбасти маросими ифтитоҳи толори мурофиаи судӣ ва утоқи пурсиши некхоҳона барои кӯдакон роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лайлӣ Моширӣ ба рӯзноманигорон дар бораи зарурати ин иқдом ва маболиғи масрафшудаи лоиҳаи мазкур чунин маълумот дод:

Лайли Мошири from AsiaPlus on Vimeo.

- Мо бист сол аст, ки дар Тоҷикистон кор кардем ва бахши адолат барои кӯдакону навҷавонон яке аз самтҳои фаъолиятамон аст. Мо ташхис додем, ки ин маҷмӯаҳо лузуман як муҳити муносибест, ки эҳтиром бигзорад ба кӯдак ва ниёзҳои ӯ, то битавонад дар шароити муносиб мавриди бозҷӯйӣ ва тафтиш қарор бигирад.

Ҳадаф ин аст, ки дар ҳар маконе, ки бо кӯдак сарукор дорем, нисбат ба ҳурмати ӯ бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем. Дар гузашта кӯдакон дар даруни қафас гузошта мешуданд. Мо фикр намекунем, ки ба ҳеҷ ваҷҳ муносибаш аст. Вале алъон бо ин утоқҳо ва таҷҳизоте, ки ҳаст, кӯдаконро эҳтиром мегузоранд. Онҳо ҳам инсон ҳастанд ва ҳақ доранд, парвандаашон мисли ҳар каси дигар ва дар шароити муносибтаре мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Барои дурбину телевизиони мадорбаста ва мизу сандаливу таъмироти утоқҳо ҳудудан муодили 14 ҳазор доллар барои ҳар утоқ масраф шуд.  Мо дар 4 толори суд кулли таҷҳизотро гузоштем. Вале дар маҷмӯъ аз 7 толори суд сетояш бидуни телевизиони мадорбаста ҳаст, биноан, маблағашон як миқдор камтар аз 14 ҳазор доллар мебошад.

Аҳлиддин Салимов, "Азия-Плюс"